туризм
РАДАБАНДӢ. ШОҲРОҲИ ПОМИР ДАР ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН РОҲҲОИ ҶАҲОН
Шоҳроҳи Помир соли 2022 тибқи радабандии аз ҳама роҳҳои зебои сайёра ба даҳгонаи беҳтарин роҳҳои ҷаҳон ворид шуда, пас аз роҳҳои зеботарини Фаронса ва ИМА ҷойи сеюмро ишғол намуд. Мувофиқи баҳогузорӣ шоҳроҳи Помир танҳо ба шоҳроҳи дараи Вердон дар ҷанубу шарқии Фаронса ва шоҳроҳи Далтон дар Аляска гузашт кардааст.
Сайёҳро ҳамеша ҷойҳое, ки бо унвони "беҳтарин" қайд шудаанд, ҷалб мекунад. Шоҳроҳи Помир маҳз аз чунин ҷойҳост. Маротибаи аввал нест, ки шоҳроҳи Помир дар сархати радабандиҳои байналмилалӣ қарор мегирад, ки далели беҳтарин роҳи таасссуротбахш ва ҷолиби диққат будани роҳро исбот месозад.
Шоҳроҳи маъруфи Помир - роҳи баландкӯҳи асфалтпӯш бо дарозии беш аз 700 км буда, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ мепайвандад. Ин қисмати роҳ номи шоҳроҳи Помири ғарбиро гирифта, ҳамзамон, яке аз роҳҳои қадимаи корвонӣ буда, ба Шоҳроҳи бузурги Абрешим дохил мешуд. Қисмати дигари роҳ, ки Хоруғро бо Оши Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон мепайвандад, қисмати шарқии шоҳроҳи Помир ном гирифтааст. Қисмати бештари шоҳроҳ дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дошта, қад-қади сарҳади Афғонистон ва Чин гузашта, ба шоҳроҳи М41 (дар харита чунин ишора шудааст) шомил мебошад. Айни ҳол, ин роҳи кӯҳӣ - яке аз роҳҳои баландтарини асфалтпӯш дар ҷаҳон мебошад, ки ба чунин дарозӣ тул кашидааст. Ин дар ҳолест, ки шоҳроҳи Помир ягона роҳи ҳаётан муҳим барои Бадахшони кӯҳӣ ба ҳисоб меравад.
Шоҳроҳи Помир пешгӯинашаванда ва хилват аст: дар ин ҷо якчанд ағба бо баланди 4000 метр ва қариб, ки ҷойҳои хизматгузории автомобилӣ мавҷуд нест, бинобар ин ҷо хубтар аст, ки мошин аз кор намонад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва шохаҳои байниноҳиявӣ роҳи хокӣ аст ва дар фасли зимистон бинобар хавфи фаромадани тарма истифода намешавад. Шоҳроҳи Помир аз ҳудуди яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи Осиё Марказӣ - ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, мегузарад.
Ташрифоварандагони асосии Помири кӯҳӣ, асосан сайёҳони кӯҳӣ ва кӯҳнавардон мебошанд, ки мақсади онҳо баромадан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ аст. Дар ин шоҳроҳ, ҳамчунин, метавон сайёҳони ҷипсавор, мототсиклсаворон ва дучархаронҳоро вохӯрд, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупо ба хотири тамошо дар шоҳроҳи М41 ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни ғайриоддии дар ин минтақаи Тоҷикистон ҳифзшуда, ба сафар меоянд. Ҷаҳонгардон дар шоҳроҳи Помир, одатан барои гузарондани шаб дар деҳот, дар хонаҳои махсус омоданамудаи сокинони маҳаллӣ таваққуф мекунанд, ки сафари онҳоро боз ҳам аҷиб мегар¬донад, зеро онҳо бо фарҳангу анъанаҳои зисти сокинони маҳаллӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
ДАР ПОМИР ЧИРО МЕТАВОН ДИД?
Бадахшони кӯҳӣ, ки онро дар хориҷи кишвар бештар чун Помир мешиносанд, маҳали қаҳратун, камодам ва хеле зебоманзар мебошад. Ҳангоми сафар дар ин роҳ сайёҳону меҳмонон як қатор кӯлҳои зеботарин, чашмаҳои гарми маъданӣ, қалъаҳои таърихӣ, галаи қутосҳо, хонаҳои анъанавии сокинони маҳаллиро вомехӯранд. Дар дараи Вахон, ки дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ҷамоати баландкӯҳи Лангар воқеъ аст, ки бо навиштаҷот ва нақшҳои рӯисангии аз давраҳои қадим боқимонда машҳур гаштааст. Яке аз кӯлҳои зеботарини ин минтақа Яшилкӯл дар баландии 3734 метр ҷойгир буда, дили сайёҳони бешуморро тасхир намудааст. Ҳамзамон, дар ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат кӯли Қаракӯл мавҷуд аст, ки дар баландии 3914 метр ҷой гирифта, аз ҳама ҷойи камодам дар Помир маҳсуб меёбад.
Воқеан, шоҳроҳи Помир яке аз роҳҳои баландтарин, зеботарин ва қадимтарин дар ҷаҳон буда, ҳамасола аз ин минтақаи зебову дидании кишвар ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан менамоянд. Ин шоҳроҳ дар баробари ҷалби сайёҳон ба минтақа, ҳамзамон, ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалиро таъмин намуда, ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2022 №: 242 Мутолиа карданд: 967