сиёсат
ТОҶИКИСТОН ВА ШВЕЙТСАРИЯ. СӢ СОЛИ ҲАМКОРИҲОИ ПУРСАМАР
Чанде пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 30- юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатӣ миёни ду кишварро ҳамчун як марҳилаи асосии ҳамкориҳои дуҷониба ҷашн гирифтанд.
Ба ин муносибат, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Остана) Дэвид Грихтинг вохӯрӣ намуд. Зимни дидор ҳар ду ҷониб нусхаи аслии номаҳои табрикии Президенти Швейтсария ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубодила карданд.
Президенти Швейтсария Игнасио Кассис дар номаи шодбошии худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тааҳҳуди идомаи Швейтсария ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ки дар Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 зикр шудааст, таъкид кард. Тавассути ин барнома Швейтсария фаъолиятҳои худро дар соҳаҳои об, инфрасохтор ва тағйирёбии иқлим, инчунин, бахшҳои идоракунӣ ва рушди устувори иқтисодӣ амалӣ менамояд.
Ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон давоми сол як силсила чорабиниҳо, аз қабили рӯзи ниҳолшинонӣ бахшида ба масъалаи глобалии тағйирёбии иқлим ва мусобиқаи тенниси рӯи миз барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкил намуд. Гузашта аз ин, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи пиряхҳои Швейтсария ва Тоҷикистонро барои ҳамагон ташкил намуд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария соли 1992 барқарор гардида, соли 1998 Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард.
Рамзия МАМАДНАЗАРОВА,
мутахасс оид ба ВАО ва робита бо ҷомеаи
Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2022 №: 242 Мутолиа карданд: 688