иқтисод
КӮЛОБ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ БУНЁДКОРИҲО
Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои бунёдкорӣ густариш меёбанд. Дар асоси дастур ва супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо роҳбарию дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ба ободонии роҳҳои дохилӣ ва берунӣ диққати махсус дода мешавад.
Бо мақсади амалӣ намудани чунин нақшаҳои созанда давоми соли равон роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгари поён ва роҳҳои маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино асфалтпӯш карда шуд. Дар деҳоти Зиракӣ низ миқдори муайяни роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва қариб ду километр роҳи оромгоҳи деҳаи Сангпар асфалтпӯш шу¬данд. Инчунин, беш аз даҳ километр пиёдароҳҳо бунёд, таъмир ва навсозӣ гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб масъалаи сохтмон ва ободонии маҳаллаҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, бо ҷалби сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ, ба бунёди иншооти зарурии иҷтимоиву маишӣ ва хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир саъю талош меварзад. Дар ин муддат муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, беморхона ва марказҳои саломатӣ қомат афрохта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Алҳол толибилмон дар муассисаҳои таълимии дорои шароити хуб таълим гирифта, беморон дар муассисаҳои табобатии ноҳия ташхису табобат мешаванд.
Мардуми сарбаланди шаҳр ва деҳоти Кӯлоб барои ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии маҳаллаву кӯчаҳо ва роҳҳо дастҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ камари ҳиммат бастаанд. Хушбахтона, имрӯз роҳ мумфарш асту хурсандии шаҳрвандон, ронандагон беҳудуд. Дар ҳақиқат, ронандагони нақлиёти мусофиркашони роҳҳои маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино ва ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ аз он шод ҳастанд, ки минбаъд дар роҳҳои байни деҳаю шаҳр бе мамониат равуо хоҳанд кард. Сокинон иброз медоранд, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ як қатор табдирҳои судманд андешида шудаанд, ки мумфаршкунии роҳ хӯшае аз хирман аст. Шодию хурсандии аксари сокинони шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ имрӯз тасаввурнопазир аст.
Албатта, дар ободии роҳ саҳми аҳолии маҳаллаҳо ва деҳот хеле калон мебошад. Мардум барои истиқболи сазовори ҷашнҳои миллии дарпешистода, ҷиҳати тоза нигоҳ доштани гирду атрофи маҳал, шинондани ниҳолҳои ороишиву сояафкан корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2022 №: 242 Мутолиа карданд: 831