иҷтимоиёт
ШАҲРИНАВ. ЧАРО МУШКИЛИ КАДРӢ ДАР РАЁСАТИ МОЛИЯ БАРТАРАФ НАМЕШАВАД?
Тахминан, моҳи июни соли 2019 комиссияи босалоҳияти аттестатсионии давлатӣ ҳайати роҳбарӣ ва мутахассисони раёсати молияи ноҳияи Шаҳринавро аз санҷиши тахассусӣ гузаронда будааст. Дар пайи хулосаи комиссия, сардор ва тақрибан ҳафт нафар мутахассисону мудирони шуъбаи раёсати фавқуззикр аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Мушкили норасоии кадрӣ дар ин раёсат аз ҳамон вақт шуруъ шудааст.
Ҳолдонҳо мегӯянд, соли 2019 мутобиқи фармони вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раёсат Зафарҷон Элиев минҳайси сардор таъин гардид. Азбаски мутахассисону мудирони шуъба дар раёсатҳои молияи ҷумҳурӣ ба мансабҳои категорияи хизмати давлатӣ шомиланд, 25 ноябри соли 2020 дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи дигар шаҳру навоҳии мамлакат, барои ишғоли вазифаҳои холии раёсати молияи ноҳияи Шаҳринав ҳам озмун эълон намуда будааст. Ҷустуҷӯ собит кард, ки Вазорат барои ишғоли ҳафт маснади хизмати давлатӣ дар раёсати мазкур, аз ҷумла муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи банақшагирии буҷети давлатӣ, сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, ду сармутахассиси шуъбаи хазинадорӣ, мутахассиси пешбари хазинадорӣ, мудири бахши даромадҳои давлатӣ ва сармутахассис барои ин шуъба, озмун эълом намудааст. Тааҷҷубовар ин аст, ки қариб баъди як сол, яъне 28-уми майи соли 2021 Вазорати молия дар сомонааш такроран, барои ишғоли вазоифи озоди дар боло зикргардида, довталабонро даъват кардааст.
– Раёсати молия бе назардошти кормандони хоҷагидорӣ, дувоздаҳ воҳиди корӣ дорад. Нарасидани мутахассисони соҳавӣ дар раёсат яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб мешавад. Алҳол ҳудуди ҳафт воҳиди кории холӣ дорем. Ҳайати мутахассисони раёсат бо фармоиши вазири молия ба кор пазируфта мешаванд. Бинобар ин, аз Вазорати молия хоҳиш кардем, ки барои бартараф намудани ин камбудӣ ёрӣ расонанд. Дар озмуни соли гузашта, ки Вазорати молия баргузор намуда буд, ягон нафар хоҳишманд барои кор дар ин раёсат ҳуҷҷат пешниҳод накардааст, – гуфт зимни суҳбат Баҳриддин Султонов, сардори раёсати молия.
Масъулони раёсати молия сабаби асосии довталаб надоштани мансабҳои холии ин муассисаи давлатиро кам будани музди меҳнат медонанд. Вақте кадрҳои ҷавон барои кор муроҷиат менамоянд, нахуст аз андозаи маош пурсон мекунанд. Барои мутахассисоне, ки таҷрибаи кор дар мансаби хизмати давлатиро надоранд, дар ин раёсат бо назардошти андозҳо 745 сомонӣ ва барои мудирони шуъба бошад, 830 сомонӣ музди меҳнат муқаррар шудааст. Корманд бояд бо ин миқдор маблағ 22 рӯз роҳкиро кунад, хӯроки нисфирӯзӣ бихӯрад ва рӯзгорро пеш барад. Биноан, Б. Султонов низ гуфта наметавонад, ки буҳрони кадрӣ дар раёсат кай бартараф мешавад. Пас, то ба кай ин проблема муаллақ мемонад, суоли беҷавоб аст…
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2022 №: 242 Мутолиа карданд: 1208