Хабарҳо
«КИТОБИ СОЛ – 2022». ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Маросими ҷамъбасти озмунро Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро боло бурдани мақому мартабаи китоб, бозёфт ва муаррифии китобҳои беҳтарини хонданбоб арзёбӣ кард.
– Озмуни мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар дар 6 бахш – назм, наср, асарҳои публитсистӣ, тарҷумаи бадеӣ ва назму насри бачагона доир мешавад, сол аз сол рушд меёбад. Мо кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ он ҷиҳати муаррифӣ ва дастгирии молиявии китоб чораҳои зарурӣ биандешему роҳандозӣ намоем, – гуфт Д. Сафар.
Зикр гардид, ки имсол ба Озмун 45 асар пешниҳод шуд. Ҳайати ҳакамони Озмун баъди омӯзиш ва баррасии асарҳо дар номинатсияи назм ҷойи аввалро ба Давлати Раҳмониён барои китоби «Ҳаҷми нигоҳ», ҷойи дуюмро ба асари «Боғ дар оғӯши борон»-и Сафар Амирхон ва ҷой сеюмро ба китоби «Орзуи сабз»-и Абдулқаҳҳори Мусо сазовор донистанд.
«Зинаҳои дузах»-и Ато Ҳамдам дар бахши наср ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҳайати ҳакамон дар бахши мазкур ҷойи дуюмро ба асари “Чароғи нигоҳ”-и Сайидаҳмади Зардон ва ҷойи сеюмро ба китоби “Ҳар давру ҳар мард»-и Тоҳири Маҳмадризо са¬зовор донистанд.
Дар номинатсияи публитсистка «Дастовез»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самадро ҷойи аввал насиб гашт. Ҷойи дуюм ба адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон ба¬рои асари “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик” дода шуд. “Офтобе дар миёни сояе”-и шоир ва муҳаққик Беҳрузи Забеҳулло сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.
Дар номинатсия назми бачагона шоирон Ҷӯра Ҳошим, Раҳмат Назрӣ ва Нурулоҳи Ориф барои асарҳои “Машқи ҳисоб”, “Ширангубин”, “Қанди додо» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.
Асари “Саги кӯр”, ки муаллифи он Маҷид Салим мебошад, дар номинатсияи нас¬ри бачагона сазовори ҷойи аввал гардид. Гулчеҳра Муҳамадизода барои асари “Тӯй дар беша”, Бежан Ризо барои китоби "4+4" ҷойҳои дуюм ва сеюмро сазовор шуданд.
Ҳакамони озмун дар номинатсияи асарҳои тарҷумаи бадеӣ асари шодравон Муъмин Қаноат - «Аз Ховар то Бохтар», ки баъд аз марги устод нашр гардидааст, ба ҷойи аввал сазовор донистанд, Амонбой Ҷумаев барои тарҷумаи асари Саттор Турсун «Бир кеча йӯлда» («Шабе дар роҳ») ҷойи дуюм ва Саломат Исобоева барои «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон» ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Бо пешниҳод ва салоҳдиди ҳайати ҳакамони озмун, ҳамчунин, 7 муаллифи дигар – Файзулло Эшҷонов бо китоби «Бардоштҳои зиндагӣ», Ҷафъари Ранҷбар бо китоби “Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ», Шариф Қозиён бо китоби “Истиқлолият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат”, Аскари Абдусамад бо ки¬тоби «Энсиклопедияи Фархор» (нашри 2), ТҶБ “Истиқбол” бо китоби Бузургмеҳри Баҳодур «Тӯмор», «Иҷлосияи тақдирсоз» барои иштирок дар Озмун бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
Ғолибони ҷойи аввал 1500, ҷойи дуюм 1000 ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 16939