порлумон
МАҶЛИСИ МИЛЛӢ. БАРРАСИИ 40 МАСЪАЛА ДАР ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ даъвати шашум баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот, тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 40 масъала қабул ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии онҳо шуруъ намуданд.
Дар ин бора Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки 26 августи соли 2022 ҷаласаҳои якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда доир гардид.
Дар натиҷаи интихоботи баргузоршуда номзадҳо Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Азизулло Исматзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022 ваколатҳои онҳо тасдиқ карда шуд.
Тибқи муқаррарот аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва Азизулло Исматзода дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Дар робита ба тағйироти дар ҳайати Маҷлиси миллӣ баамаломада, нахуст аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзонабот А. Х.» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Исматзода А. У.» қабул карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда», ки дар шакли мукаммал қабул ва пешниҳод гардидаанд, баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ нисбат ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, гумрук, фазои ҳавоӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва дигар қонунҳое, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузорӣ пешбинӣ менамоянд, ҷонибдории худро изҳор карданд.
Бо пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Балаҷон Алиҷон судяи Суди конститутсионӣ интихоб, Азизӣ Шамс Одина ва Қодирзода Тоҳир Қамар аз вазифаи судяи Суди Олӣ ва Мирзозода Парвиз Таваккал аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Инчунин, дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи Лахш номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз иваз шуданд.
Ҳамчунин, сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардиданд.
Зикр бояд кард, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушхабарро дар хусуси қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хушнудӣ қабул карданд.
Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои марбут ба ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, инчунин, соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ вазифагузорӣ намуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз кори иҷлосия ва ҷамъбасти соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат, таъмини волоияти қонун, инчунин, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлол ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар намудани саъю талоши худ, дастуру супоришҳо дод.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2022 №: 243 Мутолиа карданд: 811