иқтисод
ВОСЕЪ. ҚАРЗДОРИИ НОҲИЯ АЗ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД!
Ҷовидон Нуров, сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ, зимни суҳбат аз сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз тарафи мизоҷон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ тазаккур дод, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ қарзи истифодаи ҳаққи неруи барқ 77 миллиону 871 ҳазору 93 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Оид ба суоли хабарнигори рӯзнома дар бораи афзудани қарзи истифодаи неруи барқ масъулон як посух доранд, гӯё қарз аз солҳои қаблӣ боқӣ мондааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 11 моҳи соли равон қарз 8 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ба гуфтаи масъулон, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ дар ёздаҳ моҳи соли равон 76 дарсад иҷро гардида, талафоти неруи барқ дар ноҳия 34 дарсадро ташкил медиҳад.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар тавозуни муассисаи мазкур беш аз 18 ҳазор пояҳои чӯбину бетонӣ қарор дорад, ки наздик ба 5 ҳазортои он фарсудааст. Ба гуфтаи Ҷ. Нуров, дар соли ҷорӣ бо қувваи худӣ 180 пояи фарсударо иваз карданд, ки 70-тои он пояи хати баландшиддат мебошад. Ӯ аз ҳоли табоҳи беш аз 500 пояи хати баланшиддат изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки онҳо ба иваз кардан зарурат доранд. Айни замон, дар ноҳия 39 деҳа аз барқ маҳрум аст. Ӯ афзуд, ки аз равғани трансформатор танқисӣ доранд ва касе ба дардашон намехӯрад.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро қарзи истифодаи неруи барқ коҳиш намеёбад? Масъулони шабакаҳои барқи ноҳия кай масъулиятшинос мешаванд, то аз афзоиши қарзи неруи барқ ҷилавгирӣ намоянд.
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2022 №: 243 Мутолиа карданд: 972