иқтисод
САНОАТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ЗИНДАГИСОЗ АСТ!
Саноат яке аз соҳахои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ба шумор рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои гуногуни иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Пайомадҳои воқеаҳои ахири ҷаҳон ба монанди буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва осебпазир гардидани амнияти озуқаворӣ боис гаштанд, ки ҳарчи бештар ба масъалаи пешрафти иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда шавад.
Мусаллам аст, ки иқтисоди миллӣ бо рушди саноати ватанӣ рақобатпазир мегардад. Бинобар ин, саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва бахши пуриқтидори тараққиёти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 саноатикунонии босуръати кишваррро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд. Сипас, дар Паёми баъдии худ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд.
Алҳол барои саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин самт Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022 ва дигар барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатноки саноати ватанӣ, таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад. Аз ҳама муҳим, амалишавии Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025-ро бояд ёдрас шуд, ки ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, рақобатпазир гардидани он, сатҳи беҳзистӣ ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт равона гаштааст.
Имрӯзҳо ҳалли бисёри мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ бе рушди устувори саноат ғайриимкон буда, дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чунончи, дар натиҷаи мусоидати ҳамаҷиҳатаи пешрафти саноат дар мамлакат ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 2 594 корхона ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 234 корхона зиёд мебошад. Аз ин шумораи корхонаҳо дар ҳамин давра 2 090 корхона пурра фаъолият намуда, боқимонда мавсимӣ мебошанд ё фаъолият накардаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,0 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ва сарватҳои нодир ба шумор меравад. Мувофиқи маълумотҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 400 кони тилло, нуқра, симоб, мис, сангҳои қимматбаҳо ва дигар канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Бо назардошти ин, металлургияи ранга яке аз соҳаҳои фоидаовари иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Вале бояд зикр кард, ки гарчанд имрӯз дар ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои саноатии соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия фаъолият намуда, соҳа рӯ ба инкишоф оварда бошад ҳам, бино ба андешаи коршиносон, барои рушди босуръат ва воқеии ин бахши фоидаовари иқтисодиёти кишвар, ҳаллу фасли баъзе муаммоҳои мавҷуда зарур дониста мешавад. Дар ин робита, метавон тайёр намудани мутахассисони баландпояи ватанӣ, ҷорисозии техникаву технологияҳои навтарин, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дигар омилҳои мусоидаткунандаи рушдро номбар кард.
Саноати ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз маҳдудиятҳои замони шуравӣ раҳо ёфта, имрӯзҳо батадриҷ пеш меравад. Ба шарофати ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори воқеии саноати ватанӣ ба ҷаҳониён рӯнамо шуд. Феълан бо тавсеа ёфтани алоқаву муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик, афзоиши ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, манбаъҳои ғании сарватҳои зеризаминӣ ва иқтидору имкониятҳои мусоиди инсониву табиӣ саноати ватанӣ марҳалаи рушди воқеии худро оғоз намуд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2022 №: 243 Мутолиа карданд: 869