иқтисод
БАЛҶУВОН. БАРДОШТ АЗ РАФТИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР НОҲИЯ
Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо ва бехатарии рафтуомади мусофирону техникаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои автомобилгард, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Балҷувон то имрӯз корҳои зиёдеро ба сомон расондааст.
Тавре сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Изатулло Юсуфов дар суҳбат ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, маъмурияти корхона имрӯзҳо кӯшиш мекунад, ки ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиётро дар давраи сармои зимистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад.
– Дар тавозуни муассиса 9 техникаи гуногунтамға мавҷуд аст, ки ҳамааш дар ҳолати хубу омодабош қарор дорад. Дар муассиса 27 корманд фаъолияти хуб дошта, то имрӯз, аллакай, ду маротиба роҳҳои душворгузари Балҷувон – Ховалинг ва Темурмаликро аз барф тоза карданд, – афзуд Изатулло Юсуфов.
Маъмурияти корхона барои таъмини бехатарии ҳаракати мунтазами ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар давраи зимистон ҷадвали кориро дар асоси навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудааст. То имрӯз дар Муассиса ба миқдори 420 куб қум, 10 тонна намак, 1000 литр сӯзишворӣ ва 9 метри мукааб ҳезум захира шудааст. Бояд гуфт, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, мумфаршу сангфарш кардани роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия аз тарафи Вазорати нақлиёт маблағи 135 089 сомонӣ, Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 120 550 сомонӣ ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 200 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда, зиёда аз 20 километр роҳҳо мумфаршу сангфарш гардида, дар атрофи роҳҳо дарахтони арча шинонда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ дар 10 моҳи соли равон 7, 6 километр роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти Сайф Раҳимов ва Балҷувон ба маблағи умумии 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, пурра шағалпӯш гардиданд. Ҳамзамон, 6,3 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи Балҷувон – Дектур – Оличадара, 1,3 километр роҳҳои Балҷувон – Гурдара – Холдорчашма ва 1,2 километр роҳҳои маҳаллии Балҷувон – Тӯпхона аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард шағалпӯш карда шуд.
Дар маҷмуъ, имрӯзҳо раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2022 №: 243 Мутолиа карданд: 891