Хабарҳо
«ДАСТОВЕЗ»
Устод Абдулҳамид Самад аз нависандагони забардасту маъруфу маҳбуби миллат маҳсуб меёбад. Солҳои зиёд бо амал, таълифи асарҳои хубу мондагор, суҳбату навиштаҳои ҷолиб дар рушду такомули адабиёти муосир саҳми бузург гузоштааст. Асарҳояш бо забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, адабиёти мо, расму оинҳои миллии моро дар хориҷи кишвар муаррифӣ мекунанд.
Ӯ, бешак, тараннумгари ахлоқи ҳамида, тасвиргари кӯҳистони кишвар ва тарзи зиндагии мардуми он маҳсуб мешавад. Ба адабиёти муосири миллӣ бо сабку услуб, диду фаҳмиши хос омад ва дар андак муддат ба қуллаҳои баланди эҷод расид.
Қаҳрамонону персонажҳои асарҳояш фарқкунанда буда, раҳнамои хонанда ба дунёи зебои одамият мебошанд.
Устод Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, аз нависандагони пурмаҳсул мебошад. Хонандагони асил ҳамасола интизори таълифу нашри асарҳои мондагори ӯ мебошанд. Инак, боз ин хостаи онҳоро бо нашри китоби наваш аз тариқи нашриёти «Адиб» бо номи «Дастовез» бароварда кард.
Дар китоб қиссаҳои хурди ин эҷодкор ҷой дода шудаанд. «Шаҳдрези садо», «Рӯдапо», «Ҳавои тирамоҳ», «Соати ҳисоб», «Майдони савдо», «Мистер» аз ин қабиланд. Яке аз ин қиссаҳо номи китоб, яъне «Дастовез» - ро дорад. Китоб бо қиссаи «Шаҳдрези садо» оғоз шуда, бо «Аспи бобом» ҷамъбаст мегардад. Мавзуи онҳо рафтору кирдор, талош, дард, шодиву нишот, ҳолатҳои равонӣ мебошанд.
Ин қиссаҳои хурд чун дигар навиштаҳои адиб хонандаро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳи маърифат ва ахлоқи ҳамида ҳидоят мекунанд.
Ҳамин тавр, «Дастовез» дастовези арзанда барои хонандаи асил, муҳаққиқон, ҳаводорони каломи бадеъ мебошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 17334