logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАШАККУЛИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ

 
Қабл аз он, ки дар бораи истифодаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мафкураи (идеологияи) миллӣ сухан равад, ҳамчун муқаддима мафҳумҳои мафкура ё идеология ва мафкураи миллӣ ё идеологияи миллиро бояд шарҳ диҳем. Чунонки аз фаҳмиши назариявию методологии моҳияти мафкураи миллӣ ва нақши он дар ташаккул ва рушди халқияту давлатҳо бармеояд, мафкура ё идеология, дар умум, дар асоси шуури ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Шуури ҷамъиятӣ маҷмуи ақида, ғоя, назария, эҳсосот, руҳия, образҳои бадеию динӣ ва амсоли он буда, моҳият ва муҳтавои ҳам ҷанбаҳои дохилӣ ва ҳам берунии ҳаёти ҷомеаро инъикос месозад. 
 
Мафкура ҳамчун зинаи олии шуури ҷамъиятӣ ба унсурҳои муайяни психологияи ҷамъиятӣ такя мекунад, вале он ҳеҷ гоҳ инъикоси ғайрифаъоли ин психология намебошад. Аз ҷониби дигар, табиист, ки на ҳамаи ҷузъу унсурҳои психологияи ҷамъиятӣ метавонанд мусбат бошанд. Аз ин рӯ, мафкураро шахсони босалоҳияту ваколатдори ҷомеа – сиёсатмадорон, олимону зиёиён, аҳли адабу фарҳанг, яъне элитаи зеҳнии ҳар як халқу миллат ба вуҷуд оварда, дар ин раванд ҳатман баъзе унсурҳои зарурии психологияи ҷамъиятиро пурзӯр мекунанд, ё худ, баръакс, баъзе унсурҳои нолозими онро то ҳадди ақал заиф ё умуман маҳв месозанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки имрӯз дар кишвари мо сатҳи психологияи ҷамъиятӣ аз идеология ҷамъиятӣ хеле қафо мондааст, аз ин рӯ вазифаи асосии ҷомеаи мо бояд маҳз тағйири психологияи ҷамъиятӣ бошад.
Худи мафҳуми мафкура ё идеологияи миллӣ бошад, ин ҳамон мафкура (идеология) дар шакли умумӣ, яъне низоми ақидаҳои назариявии ҷомеа, ғояҳо, ҷаҳонбинӣ, таълимот ва тарзи тафаккур оид ба маърифати олам ва ҷанбаҳои алоҳидаи он мебошад, ки ба маҷмуи ғоя ва арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқии ин ё он халқу миллати муайяну мушаххас такя мекунад.
Мафкура (идеология)-и миллӣ аз ғоя (идея)-ҳои миллӣ иборат аст. Ғояи  миллӣ ин натиҷаи худшиносии миллии шаклгирифта буда, маънои ҳастию мавҷудияти ин ё он халқ, этнос ё миллатро муайян менамояд. Ғояи миллӣ, дар маҷмуъ, аз унсурҳои умдае иборат мебошад, ки дар муддати тулонӣ дар ҳастии миллати муайян бартарӣ дошта, барои нигаҳдошти ҳувияти бардавоми ҷисмонию мафкуравӣ (идеологӣ)-и ин миллат хизмат кардаанд. 
Бо моҳияти мафкураи миллӣ ошноӣ пайдо карда бояд таъкид намуд, ки ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишварҳои дигар дар асоси низоми муайяни ғояву арзишҳо мегузарад, ки ҳамаи он аз Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории  дигари  ҷумҳурӣ  реша мегирад. Вале,  дар  кишвари  мо  тибқи  моддаи  8  Конститутсия, ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Аз ин рӯ, мафкураи миллӣ бояд, қабл аз ҳама, дар асоси худи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари  меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ таҳияву амалӣ карда шавад. Зеро мафкураи миллӣ бояд манфиатҳои давлат ва халқро ифода намояд. Инчунин, ба эътибор гирифта мешавад, ки мавҷуд набудани мафкураи миллӣ метавонад на танҳо сабабгори сар задани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардад, балки ҳатто ба аз даст додани соҳибистиқлолии сиёсию миллӣ сабаб шавад. 
Дар шароити муосир дар раванди ташкили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар кишвари мо барои ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ ҳамчун асос, махсусан он ғоя ва арзишҳое бояд хизмат кунанд, ки дар муқаддима ва бобҳои якуму дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 1 – 47) оид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дарҷ гардидаанд. Аз ҷумлаи чунин ғояву арзишҳо дар ин самт инҳо муҳим шумурда мешаванд: шинохти халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон; масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда; таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва рушду камоли он; муқаддас шумурдан ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахс, инсон ва шаҳрванд; эътироф кардани баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳо; бунёди ҷомеаи адолатпарвар; бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат; фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон; эҳтиром ба забони давлатии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ ва забонҳои  ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд; арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе; манъ будани ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он; ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон ва манъ будани тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад; манъи тарғиби нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ; риоя ва иҷро намудани Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ; татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, манъи ташвиқоти ҷанг; ҳамкорӣ бо ҳамватанони берунмарзӣ; фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ; иҷрои вазифаҳои асосии шахс ва шаҳрванд;  эътирофу эҳтироми мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд, прокуратура ва дигар ниҳодҳои давлатӣ.
Вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро ба эътибор гирифта, дар ташаккул ва рушди мафкураи миллӣ, инчунин, тамоми ғоя ва арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии дигар, ки аз Конститутсия сарчашма мегиранд, бояд истифода карда шаванд.
Дар раванди ташкили ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ барои мафкураи миллӣ ташаккули ягонагии иҷтимоӣ-сиёсии ҳокимият ва халқ муҳим буда, он барои тақвияти сохтори давлатдорӣ ва ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, инчунин, барои рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва ҳифзу такомули арзишҳои миллӣ нигаронда мешавад. 
Ҳамаи ғоя ва арзишҳо аз гузаштаи таърихӣ, ҳаёти имрӯза ва дар бораи ояндаи ҷомеа, ки дар раванди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои конститутсионӣ мухолифат надоранд ва дар якҷоягӣ бо ҳамдигар ҳамчун поя барои бунёд ва рушди давлатдории миллӣ хизмат мекунанд, метавонанд дар пояи мафкураи миллӣ қарор гиранд. Ба чунин арзишҳо ватандӯстӣ, миллатпарварӣ, арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, санъату адабиёт, илму техника, расму ойин, тамоми унсурҳои ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва амсоли он дохил мешаванд, ки ба шароити кунунии ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ва талаботи даврони муосир ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, раҳоӣ аз хурофоту таассуб бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд.
Дар мафкураи миллӣ он арзишҳои умуминсонӣ низ, ки аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандон дар раванди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои Конститутсия ва арзишҳои миллӣ мухолифат надоранд, ба эътибор гирифта мешаванд ва ба гуногунии инсоният, фарҳанги халқу миллатҳо, ҳамкорӣ бо онҳо ва таъмини сулҳу оромӣ, рафоқату дӯстӣ байни халқу давлатҳо эҳтиром гузошта мешавад.
Ба ҳамин тариқ, он арзишҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ёфтаанд, ғоя ва арзишҳо аз гузаштаи таърихӣ, ҳаёти имрӯзаи миллат, ки аз ҷониби аксарияти кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ пазируфта шуда, ба меъёрҳои конститутсионӣ мухолифат надоранд. Инчунин, арзишҳои умуминсонӣ низ, ки ба меъёрҳои Конститутсия ва арзишҳои миллӣ мутобиқанд, метавонанд ҳамчун асос барои ташаккул ва рушди  мафкураи миллӣ дар кишвари мо дар даврони муосир хизмат намоянд.
 
Хуршед ЗИЁӢ, доктори илми фалсафа, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2022    №: 244    Мутолиа карданд: 722
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед