logo

сиёсат

СИЁСАТИ ЭКОЛОГӢ. ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ

Яке аз қисмҳои муҳими ҳаёти инсониятро дар кураи Замин ва мамлакатҳои алоҳида ин таъмин кардани шароити мусоиди экологӣ барои зисти одамон ташкил менамояд. Сабаб дар он аст, ки имрӯз таҷрибаи чандинасраи ҷаҳони сиёсат ва идоракунӣ собит  мекунад, ки танҳо давлат ва ташкилоти байналмилалӣ тавони таъмини шароити мусоиди зисти инсонҳоро аз лиҳози экологӣ доранд.
 
Бо назардошти ин, аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакатамон нисбат ба беҳсозии вазъи экологӣ ва ҷилавгирӣ аз оқибатҳои номусоиди таъсири инсоният ба табиат тадбирҳои муайян амалӣ  мегарданд. Яке аз чунин ҳолатро мо аз муайяншавии масъалагузориҳои соҳаи экологӣ дар стратегияи асосии муайянкунандаи самтҳои дохиливу хориҷии кишвар баръало мушоҳида карда метавонем.
Ҳанӯз  соли 2002 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардида буд: «Пешгирии хатарҳои экологӣ, сарфаҷӯии  захираҳои оби нӯшокӣ, рафъи гуруснагӣ ва дигар проблемаҳои дорои хусусиятҳои умумибашарӣ мавҷуданд, ки танҳо дар сурати пешбурди оқилонаи сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди бедордили сайёра ҳал шуда метавонанд».
Дар ҳақиқат, яке аз муаммоҳои экологии мавҷуда дар минтақаҳои олам ин аз меъёр зиёд гармшавии ҳарорати ҳаво мебошад. Сабаб ва омилҳои гармшавии ҳарорати ҳаво ба он вобаста аст, ки заводу фабрикаҳои калонҳаҷм, корхонаҳои истеҳсолоти рангадошта, маводҳои сӯзишворӣ дар воситаҳои нақлиёт ва ғайраҳо ба ҳаво партовҳои газӣ ва чандириро ихроҷ менамоянд. Ҳолати ишорагардида боис ба он мегардад, ки пиряхҳои мавҷуда ва барфҳои захирагардидаи баландкӯҳҳо бо суръати баланд об ва сабаби омадани селу обхезиҳо мешаванд. 
Барои ҷилавгирӣ аз ҳолати мазкур зарур аст, ки бо қадри имкон ҳарчи бештар роҳҳои алтернативӣ ва безарари сарчашмаҳои бакорандозии истеҳсолоти саноатӣ роҳандозӣ гарданд. Дар баробари ин, ба ҷойи нақлиётҳои бо сӯзишвориҳои гуногун ҳаракаткунанда, воситаҳои нақлиёти бо муҳаррики энергетикӣ ҳаракаткунанда истеҳсол ва роҳандозӣ карда шаванд.
Ҳамчунин, яке аз василаҳои истеҳсоли қувваи барқ ин неругоҳҳое  мебошанд, ки бо ангишт, газ, об, шамол ва атом барқро тавлид менамоянд. Мутаассифона, имрӯзҳо дар баъзе кишварҳо то ба ҳол шаклҳои барои табиат хатарзои неругоҳҳои барқи газӣ, ангиштӣ ва атомӣ арзи вуҷуд доранд. 
Хушбахтона, дар Тоҷикистон неруи барқ бо истифода аз захираҳои обӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи баҳодиҳии таъсирнокӣ ба табиат бехавфтарин эътироф гардидааст. Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, истеҳсоли ин намуди энергия дар кишварамон 98 дарсадро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
 Албатта, имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон масоили норасоии оби ошомиданӣ одамони зиёдро азият медиҳад. Ҳолати ишорагардида тамоми сохторҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалиро водор месозад, ки вазифаҳои функсионалии худро роҷеъ ба беҳсозии вазъи мазкур боз ҳам ҷоннок намоянд. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки  23 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин таъкид намуданд:
«Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад. Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд. Дар доираи ин раванд, аз ҷумла мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд».
Ҳамин тариқ, аз таҳлилҳои болозикр маълум мегардад, ки тадбирҳои стратегии давлат дар ҷодаи амалигардии функсияи экологии давлат ва, дар маҷмуъ, мавқеи он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии экологӣ, нақши ҳалкунандаро мебозад. Аз ин хотир, тамоми механизмҳои ишорагардидаро вобаста ба беҳсозии вазъи экологии кунунӣ бояд ба таври самаранок ва ҳадафмандона дар амал татбиқ намуд.
 Дар таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии ҳадафҳои функсионалии давлат, вобаста ба натиҷанокии воқеии он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нақши чунин воситаҳои расмӣ-ҳуқуқӣ ва амалӣ, бениҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад:
- татбиқи дақиқ, босамар ва ҳадафноки қонунгузории амалкунанда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- механизмҳои самараноки амалинамоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- амалинамоии саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи экологӣ (дар мисоли консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ);
- ба роҳбарӣ гирифтани ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар самти ҳифзи муҳити зист, дар доираи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Василаҳои ишорагардида, метавонанд, дар умум, дар амалигардонии функсияи экологии давлат дар заминаи сиёсати экологии давлат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нақши калидии худро гузошта бошад. 
 
Мирзоқодир ҚОДИРЗОДА, 
унвонҷӯ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мирзоалӣ БОБОЕВ, 
мутахассиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2022    №: 244    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед