иқтисод
ИНТЕРНЕТ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОД
Суръати кору фаъолияти инсоният дар ҳаёти имрӯза хеле афзудааст. Пайдоиши технологияҳои нав, бахусус интернет, онро якбора тағйир дод. Аз ин рӯ, вобастагӣ ба интернет бо назардошти тавассути он анҷом додани ҳама гуна хизматрасониҳо сол ба сол зиёд мегардад. Дастрасӣ ба суръати интернети 5G дар кишвар низ бозгӯи вусъати ин навъи технологияи муосир мебошад. Аммо барои истифода аз он ва дигар хизматрасониҳо аҳолӣ ба таъмини интернети баландсуръат ва навтарин таҷҳизоти интиқолдиҳандаи мавҷ ниёз дорад. Мутаассифона, вақтҳои охир сокинони кишварамон на аз суръати интернети 5G, балки аз паст будани суръати одитарин интернет, ҳамчунин, гаронии нархи он мушкилӣ мекашанд.
Барои мисол, хариди моҳонаи 15 ҳазор мегабайт ва 1000 дақиқаи гуфтугӯ 250 сомонӣ арзиш дорад. Ҳол он ки дар дигар кишварҳо мизоҷон бо ин нарх моҳҳо бемонеа аз интернет ва дигар хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ истифода мебаранд. Дар Россия ҳангоми интихоб кардани тарофаи 500 рубл, яъне 80 сомонӣ мизоҷон бо интернети бемаҳдуд ва баландсуръат пайваст мешаванд. Дар Ӯзбекистон бошад, дар баробари дастрасии хуб ба интернети арзон ва босифати алоқаи мобилӣ, инчунин, аксари нуқтаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, бо алоқаи бемаҳдуди WIFI таъминанд. Пас, сабаби баланд будани нарх ва суст кор кардани ин падидаи муосир дар кишвари мо чист? Модоме ки масъулони соҳа пайваста аз бемаҳдуд таъмин будани он мегӯянд!
АЗ БУНЁДИ МАРКАЗИ ЯГОНА ТО ТАЪМИНИ КИБЕРАМНИЯТ
Ба андешаи коршиносон, дар соҳаи алоқаи кишвар бунёди Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ тағйироти ҷиддӣ ба миён овард. Маркази ягонаи коммуникатсионӣ дар заминаи провайдери миллии интернетии “Тоҷиктелеком” таъсис ёфта, дигар провайдерҳо, аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ, трафики интернетро аз он мехаранд ва баъдан ба мизоҷон пешниҳод месозанд. “Тоҷиктелеком”, албатта, худ интернет истеҳсол намекунад, балки онро танҳо аз хориҷи кишвар таъмин менамояд, аниқтараш мефурӯшад. Вобаста ба ин, дар шабакаҳои хабарӣ маълумоте интишор ёфтааст, ки 1 гигабит трафики тавассути Маркази ягонаи коммуникатсионӣ интиқолгардида беш аз 50 ҳазор доллар арзиш дорад. Дар ҳоле ки ширкатҳои мобилӣ трафики интернет-ро худашон, масалан, аз Чин бо нархи арзон мехариданд. Акнун ширкатҳо барои бароварда сохтани хароҷот аз хариди интернет роҳу усулҳои гуногуни хизматрасониро истифода менамоянд, ки ба манфиати онҳост. Далел фиреби чандбораи ширкатҳо, аз ҷумла “Мегафон”, ки аз суратҳисоби муштариён бо ҳар баҳона маблағ меситонад. Ба маблағи пардохтшуда ҷавобгӯ набудани ҳаҷми интернети додаи ширкатҳо низ бозгӯи он аст.
Аз ҷониби дигар, пардохти андозҳои гуногун барои ширкатҳои мобилӣ, ки чун қоида дар машрубот, бензин ва сигор ҷорӣ карда мешавад, таъсири калон мерасонад. Операторон ҳамаи ин пардохтҳои иловагиро бар дӯши муштариён мегузоранд, нархҳо низ аз ин сабаб боло мераванд.
Коршиносон ба амал омадани чунин ҳолатҳоро ҳанӯз дар марҳилаи санҷиши Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ҳушдор дода буданд, ки ҷорӣ кардани як пайванди иловагӣ дар занҷири дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет таҳдиди нобуд сохтани рақобатпазирии провайдерҳоро тадриҷан ба миён меоварад.
Илҳомҷон Атоев, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар робита ба ин масъала, изҳор дошт, ки фаъолияти Маркази мазкур ба суръати интернет дар кишвар таъсиргузор нест. Он танҳо ба танзими воридот ва содироти интернет машғул буда, аз ин ҳисоб соли 2022 миқдори суръати воридшавии интернет ба ҷумҳурӣ ба 100 Гбит/сония расонда шуд, ки ин нишондод дар соли 2021 суръати 70 Гбит/сонияро ташкил менамуд.
– Паст будани суръати интернет дар кишвар бо сабаби ба таври зарурӣ фаъол набудани таҷҳизоти интиқолдиҳандаи мавҷ, аз ҷумла истгоҳҳои базавӣ, рабт доранд, ки бештар дар маркази ҷумҳурӣ мушкилӣ эҷод менамоянд. Раванди босуръати бунёди иншооти баландошёнаи истиқоматӣ, хамчунин, пайваста такмили системаи хизматрасонӣ аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ низ, ба суръати интернет бетаъсир нест. Баъзан маҳдуд сохтани интернет дар ҳолатҳои истисноӣ ба хотири таъмини амнияти (киберамнияти) иттилоотии шаҳрвандон ва ҷомеа мебошад. Хеле муҳим аст, ки дар замони мавқеи геополитикӣ пайдо кардани иттилоот масъалаи ҳифзи амнияти иттилоотӣ аз ҷониби аҳолӣ дуруст дарк карда шавад, – таъкид намуд Илҳомҷон Атоев.
СОҲАҲОИ НАВ МАНФИАТОВАРАНД
Мувофиқи маълумоти Академияи менеҷменти Эстония, кишвари мо аз лиҳози таъмини киберамният дар қатори кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи 143-юм қарор дорад. Дар муқоиса бо мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ, ҷумҳурии мо пас аз Афғонистон дар ҷойи панҷум буда, танҳо аз Туркманистон пештар аст.
Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, коршиноси минтақавӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва киберамният, азбаски фаъ-олияти ҷамъиятиро дар ҷаҳони муосир бе алоқаи онлайн ва дастгоҳҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, ҳар як амал дар он бо осебпазирӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин лиҳоз, онро тавассути эҷоди фарҳанги амнияти рақамӣ ҳал кардан мумкин аст.
– Таҳдиди эҳтимолияти дучор шудан бо хатарест, ки метавонад осебпазирии мавҷударо истифода барад. Аммо осебпазирӣ ин заъфҳои система ё набудани таҷрибаи идоракунии хавфҳо аст, ки дар навбати худ, барои шикастани дастгоҳ ё ҳисобҳо истифода мешаванд. Барои ин, албатта, дастрасӣ ба интернети баландсифат ва таъмини соҳа, хусусан соҳаи IT-технология бо мутахассисони касбӣ, зарур мебошад, – гуфт Асомиддин Атоев.
Ҳамин тариқ, таъминот бо интернети баландсуръат ва арзон ба пешрафти бисёр соҳаҳои муосир роҳ мекушояд. Аз ҷумла, рушди соҳаи технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, махсусан аутсорсинги IT, аз хизматрасонии босифати алоқа вобастагии калон дорад. Бо беҳбуд бахшидан ба кори аутсорсинг тариқи ба сатҳи зарурӣ расондани системаи маориф дар соҳаи IT-технология метавон ба натиҷаҳои хуб ноил гашт. Маҳз аз ин ҳисоб ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар бамаротиб зиёд мегардад. Дар соҳаи алоқа баъзе сабукиҳои андозӣ рӯи кор омада, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд. Ташаккул ёфтани чунин заминаи технологӣ ба рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Масъалаи мазкур дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардида, барои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо, ки тақвият бахшидани ислоҳоти соҳаи алоқаро тақозо менамояд, дастуру супоришҳо дода шуданд. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷиҳати ислоҳоти соҳа, хусусан, беҳтар кардани хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет тадбирҳои зарурӣ андешад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2022 №: 244 Мутолиа карданд: 826