фарҳанг
МАЪРИФАТ. ЧАРО ҚАСАМХӮРИИ НОҶО БА АНЪАНА ТАБДИЛ ЁФТ?!
«Қасам ба номи Аллоҳ» як сухани муқаррарӣ шудааст. Ин дар суратест, ки гӯяндаро нафаре водор насохта, то қасам бихӯрад. Мавқеъ ва ҷойи ин қасамро намедонанд. Ба ҷуз ин, шунаванда ба суханони одии ӯ ҳеҷ шубҳае надорад, то савганд бихӯрад.
Бешак, он ки қасам мехӯрад, метавон хулоса баровард, ки ба ин амал одат кардааст. Мепиндорад, ки ба суханаш, то қасам нахӯрад, бовар намекунанд. Ба ҷуз ин, як гурӯҳ ба хотири фиреби нафари дигаре чунин савгандҳо мехӯрад. Яъне, ӯ ду кори бади нобахшиданӣ мекунад: нахуст дурӯғ мегӯяд, мефиребад ва баъд дар ин амали бадаш номи Худоро зикр мекунад, ба забон меорад, ки мумкин нест.
Ҳар нафари калонсол, ки аз ин гуна савгандҳоро дар роҳҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто масҷидҳо мешунавад, ба тарсу тааҷҷуб даст ба гиребон мебарад ва беихтиёр ба ҷойи ӯ тавба мекунад.
Маконҳои дигаре, ки бисёриҳо қасам мехӯранд, бозорҳо мебошад. Ба хотири ба савдо, ба фурӯш рафтани молашон Худоро шоҳид мегиранд. Бо номи Худо колоҳояшонро тавсиф мекунанд, дар баробари пӯшонидани айбҳои онҳо бо ин васила ва ҳам нархҳоро боло мебаранд.
Баъзан дар ин маконҳо чунин савганд ба гӯш мерасад: «Имонам аз кофир бошад», агар...».
Натиҷаву зарарҳои зиёдро фурӯшандагон аз фиреби мардуму қасамхӯриҳоро борҳо дидаанд, аммо онҳоро ба ин гуна аъмолашон марбут намедонанд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳам, ки ҳанӯз хурдсоланд, навъҳои гуногуни қасамро медонанду бар забон меоранд.
Кӣ бояд садди ин роҳҳо бишавад? Дар баробари гуфтани посух бояд тадбирҳои дурустро низ биандешем.
Ф. МИРЗОЕВА,
омӯзгор, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2022 №: 244 Мутолиа карданд: 781