logo

Хабарҳо

«ЧАШМИ КИЛК»

 
Нуруллоҳи Ориф дар миёни хонандагон ва овозхонону оҳангсозон чун нависандаи матни суруд шинохта шуда, аз маҳбубияти хос бархӯрдор мебошад. Аксар навиштаҳои назмии ӯро тараннум кардаанд ва ҳамзамон, ӯ бо дархости овозхонҳо сурудҳояшро эҷод намудааст. Бо равонӣ ва зарбҳои хосу оҳангҳои гуногун онҳо фарқкунандаанд. Маъноҳои бикр ва дархӯри замони онҳо таваҷҷуҳи хонандаву шунавандаро меафзоянд. Дар ин миён баъзе аз шеърҳо ё аслан матни сурудҳо ба мавзуъҳои Тоҷикистсон, шукргузорӣ аз сарзамини аҷдодӣ, миллат ва хидматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падару модар, омӯзгор, зебоиҳои сарзамини аҷдодӣ бахшида шудаанд. Ин ҳама, албатта, дар боло бурдани сатҳи маърифати мардум, ҳисси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд.
Нуруллоҳи Ориф наздики бист китоби худро ба табъ расонда, дастраси хонандагон гардондааст. Китоби нави ӯ чанде пеш бо номи «Чашми килк» аз тариқи нашриёти «Адиб» аз чоп баромад. Нахустин шеър ё худ матни суруди ин маҷмуа «Тоҷикистон» ном дошта, бо ин мисраъҳо ҷамъбаст мегардад:
Бо ту дорам фахр ман, эй сарнавишт,
Боғҳову роғҳоят чун биҳишт.
Он ки манро ҳаст кард аз мушти хок,
Тухми меҳратро ба бунёдам бикишт.
Дувумин матни суруди «Чашми килк» - ро бо шукргузорӣ аз ин миллату сарзамини аҷдодӣ, сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати мардуми он «Шукрона» ном гузоштааст, ки бозгӯи марому мақсади шоир мебошад. Он чунин оғоз меёбад:
Шукрона менамоям аз халқи тоҷдорам,
Шукрона менамоям аз миллати баорам.
Шукрона менамоям аз ҳарфи дар каломам,
Шукрона менамоям, шукронаи диёрам.
«Пешвои миллат» номи шеър ё матни суруди дигари «Чашми килк» мебошад. Шоир дар он хидматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллатро барои эъмори сохти навин, истиқрору пойдории сулҳу деринтизор васф мекунад. Зимни он меҳру муҳаббати худро изҳор месозад:
Пешвои миллати маҳбуби мо,
Миллати маҳбубу беҳад хуби мо.
Ҳиммати шоён ба ҳар як фард кард.
Қалби ҳар як фард пок аз дард кард.
Умед аст, ки китоби нави Нуруллоҳи Ориф чун дигар китобҳои ӯ писанди ҳаводоронаш мегардад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19483
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед