Хабарҳо
КИНО. БАРНОМАИ РУШД ҚАБУЛ ГАРДИД
Чанде пеш бо дастгирӣ ва ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027” қабул гардид. Ҳадафи асосии он рушди синамои миллӣ ва ба ин васила тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллӣ дар замони ҷоҳонишавӣ мебошад. Барнома дар ду марҳила (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027) татбиқ мегардад.
Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, зимни суҳбат иброз намуд, ки лоиҳаи Барнома бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино”, мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, протоколи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ ва ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия шудааст. Маблағгузории он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, маблағҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, инчунин, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамзамон, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мешавад.
- Ҳадаф ва вазифаҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, пеш аз ҳама, истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши оммавии кино, таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкили назорати фаъолияти кинотолорҳо ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, ба низом даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ мебошад, ки бе заминаи устувори моддию техникӣ ва дастгирии давлатӣ амалӣ шуданашон ғайриимкон аст, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Барномаи мазкур масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар, таъмини соҳаи синамо ба техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи муосир, таҳкими заминаи моддӣ ва ҷалби тамошобинонро фарогир мебошад. Инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи синамои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва муаррифии кинои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дар назар аст.
Дар Барнома таваҷҷуҳи бештар ба истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллии инъикоскунандаи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, филмҳои дорои моҳияти ватандӯстию меҳанпарастидошта, таҷдид ва бунёди инфрасохтори соҳа дар ҳудуди кишвар, баргузории синамоҷашнвораҳо, рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва рӯзҳои кинои тоҷик берун аз мамлакат, нашр ва тарғиби маҷаллаи “Кино”, барқарорсозии майдонҳои наворбардорӣ равона мегардад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 21196