Хабарҳо
ГӮШТӢ
Ҷоми Президенти Тоҷикистон паҳлавонони 11 кишварро
ба ҳам овард
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон (Хуҷанд) 100 варзишгар аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Россия, Туркия, Туркманистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат намуданд.
Дар натиҷа, паҳлавонони тоҷик Орифҷон Додов (65 кг) ва Мирзоҷамил Рамазонов (71 кг) ба гирифтани мақоми аввал мушарраф шуданд.
Дар зӯрозмоиҳои то 95 кг ва беш аз 95 кг мутаносибан гӯштигирон Масъуд Қавибозу (Эрон) ва Муҳсин Ҳисомиддинов (Ӯзбекистон) ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза – автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд.
Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум мутаносибан 10 000, 20 000 ва 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим шуд.
ВАРЗИШИ САБУК
Нишони биринҷии Илдар
дар Қазоқистон
Дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков (Остона, Қазоқистон) давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев медали биринҷӣ гирифт.
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Илдар дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6.89 сония сеюм расид.
Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҳонг Конг, Тоҷикистон, Қирғизистон, Украина ва Қазоқистон ширкат карданд.
Ғолибону ҷоизадорон дар ҳаҷми 100 000, 50 000 ва 30 000 танга ҷоизапулӣ гирифтанд.
ҶИУ - ҶИТСУ
Дурахши паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу - ҷитсу (13 – 18 декабр, Россия) соҳиби 9 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) шуданд.
Тибқи иттилои Раҷабалӣ Турсунзода, раиси Федератсияи ҷиу - ҷитсуи Тоҷикистон, медалҳои тиллоро Шаҳром Маҳмуродов (55 кг), Шаҳбоз Мирзоев (60 кг, 2 адад) ва Абдураҳмони Баҳромҷон (75 кг, 2 адад) ба даст оварданд.
Сомон Турсунзода (25 кг), Қосимҷон Сефиев (70 кг) нишони нуқра ва Муҳаммад Шерализода (30 кг), Шаҳром Маҳмуродов (55 кг) зинаҳои сеюмро гирифтанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 22620