иҷтимоиёт
ЯЛДО – ШАБИ ТАВАЛЛУДИ ОФТОБ
Пеш аз баёни асли матлаб бояд ба ин нукта ишора кард, ки бисёре аз сухангӯён дар гуфтору навишторҳои худ ба ҳангоми бозгӯӣ аз ҷашнҳои бостонии мо паҳлуҳои фаротаърихии онҳоро, ки реша дар сарчашмаҳои илмиву таърихӣ доранд, ночиз шуморида, бештар дар мавриди ҷанбаҳои фолклории онҳо хома меронанд ва ё аз минбари радиову телевизион сухан меоваранд. Чунин биниши оммиёна гарчи фарҳангӣ будани гузаштагонамонро далел ҳам бошад, паҳлуҳои илмии ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва оинҳои дар миёни ин чор ҷашн ҷойдоштаро аз дида дур дошта, пайвастагиашонро бо гоҳшумории (календари) ориёитаборон дар чашми ховаршиносони кишварҳои пешрафта гусаста менамоёнанд.
Бояд гуфт, надонистани замони меҳрпарастӣ касро ба он андеша вомедорад, ки иддае аз оинҳои мардумии дар боварҳои меҳрпарастӣ сарчашма доштаро бо боварҳои зардуштӣ, мусалмонӣ, ё ба истилоҳ «халқӣ» омехта месозанд. Мо донишмандони доное дорем дар симои академик Юсуфшоҳ Яъқуб, Бобоназари Бобохон ва чанде дигарон, ки ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ «Бари боғи донишро ҳаме рӯфтаанд» ва дарёфтаҳои ин бинишварони пуркорро боястӣ дуруст ба кор бурд. Онҳо бо такя ба пажӯҳишҳои ховаршиносони номии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Александр Беленитский (1904 -1993), Иля Гершевич (1914 - 2001), Павел Рапопорт (1913 - 1988) барои бо далелҳои мантиқӣ таъйид намудани ҳақиқати таърихӣ дар пиромуни ҷойгоҳи оини Меҳрпарастӣ (Митроизм) будани зистгоҳи тоҷикон - Хуросону Варорӯд, корҳои чашмгир ба анҷом расондаанд. Онҳо натиҷагирӣ кардаанд, ки Меҳр, ё Митро яке аз мавзуъҳои муҳими парастиши эронитаборон буда, расму ойинҳои бостонии мо ба он боварҳои дур пайвастаанд.
Нукта дар он аст, ки чун рӯзгори бунёди зиндагонии мардумони ориёӣ, аз ҷумла ниёкони тоҷиконро деҳқониву кишоварзӣ фарогир буд, онҳо гузашти солро бо сипарӣ гаштани фаслҳо ва дигаргуниҳои дар муҳит ва фазову обҳо рӯйдода меомӯхтанд ва дар натиҷаи таҷрибаандӯзӣ аз гардиши Офтоб, дарозию кӯтоҳии рӯзу шаб, ҳаракати ситорагон, рӯзгори худро ба тартиб меоварданд. Гузаштагони мо аз мушоҳидаҳои худ дарёфтанд, ки рӯшноиву тобиши Хуршед дар ҳар фасли сол ҳар гуна аст ва пиндоштанд, ки рӯшноиву гармии Хуршед бо торикию зулмот ҳамеша дар набард мебошанд. Ориёиҳо дар оғози боварҳои худ Хуршед - Меҳр (Офтоб) - ро худо мепиндоштанд ва онро ниёиш мекарданд. (Дар гӯиши аврупоӣ Меҳрро Митро ва боварии Меҳрпарастиро Митроизм меноманд.)
Ба номи Митро дар сангнабиштаҳои ориёӣ метавон дучор омад. Чуноне ховаршиноси барҷаста Артур Кристенсен (1875 -1945) дарёфтааст; «Дар осор ва сангнабиштаҳои аввалияи Ҳахоманишӣ (Дориюш ва Хишоёршо) ёдкарде аз Меҳр нест, вале дар катибаҳои ба садаи чаҳоруми пеш аз мелод вобаста ба Ардашери дувуми Ҳахоманишӣ (354 - 404 пеш аз мелод), дар Ҳамадон, Шуш ва Тахти Рустам (Персеполис) панҷ бор номи Меҳр омадааст ва ҳамагӣ номҳои Меҳр ва Ноҳид дар ин катибаҳо аз номи Аҳурамаздо бештар аст.
Аз замонаҳои фаротаърихии боварӣ ба оини Меҳр беш аз 8000 сол гузаштааст. (Дар гоҳшумории меҳрпарастӣ соли 2023 ба соли 8767 рост меояд.)
Бад - ин тартиб мебояд таъкид кард, ки гузаштагонамон ду ҷашни бузург доштанд; яке Наврӯз, дигаре Меҳргон, ки чуноне ҳама медонем, далел ба расидани фаслҳои баҳор ва тирамоҳ (пойиз) мебошанд.
Акнун бояд донист, ки ин ҷашну оинҳо ба Хуршед (Офтоб) ва пешаи кишоварзӣ чӣ пайвастагиҳое доранд ва Ялдоро ҳамчун шаби дарозтарину ториктарини сол чаро гиромӣ медоштанд? Дар Ригведо - китоби Ҳинди бостон Митро ҳамчун Парвардигори рӯшноӣ ва фурӯғ ситоиш шудааст. Дар он китоб Митро аз кайҳон сарварӣ мекардааст ва ҳамчунон рисолати он миёни қавмҳо паймон бастан ба шумор меравад.
Донандагони таърихи забонҳо ва ҳамчунон баъзе ситорашиносон бар онанд, ки «ялдо» вожаи форсӣ (форсии ашконӣ) буда, аз бахшҳои «ял» ва «до» ташкил шудааст; ял – ба маънои паҳлавон, далер, ҷанговар, ки дар боварҳои фарозардуштӣ эзади Меҳр худои ҷанг хонда шудааст ва «до» кӯтоҳгаштаи «дод» мебошад, ба маънои замон, даврон ва умр. Арзандаи гуфтан аст, ки дар забони англисӣ, (яке аз забонҳои хешованди форсӣ – тоҷикӣ) низ Year ба маънои рӯз аст ва «до» ҳамон Day - date мебошад.
Шаби Ялдо ба вақти офтобнишини рӯз, дар 30 - юми моҳи озар (21 - 25 декабри гоҳшумории григорианӣ), охирин рӯзи тирамоҳ (пойиз) оғоз ёфта, то замони офтоббаромади рӯзи нахустини фасли зимистон пайваста мебошад.
Дар миёни мардумони тоҷик, умуман ориёитаборон, рақами «чил», ҳамчун шумораи беҳин (нек) дониста шудааст. Аз ҷумла, чиллаи кӯдаки навзод, чиллаи зани обистан, чиллаи таваллуди дигар, яъне марг. (Марг таваллуди дигар аст; тарки ин дунё ва рафтани руҳ ба назди падари инсон – хуршед.) Дар марсияи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба вафоти дӯсташ Абулҳасани Муродӣ байте мавҷуд аст, ки ишора ба он боварии бостон дорад:
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбуди тира ба модар супурд.
(Яъне, ҷони худ, (руҳаш) ро ба падар – Ҷамшед баргардонд ва колбуд – ҷисмашро ба модараш, яъне Замин, супурд.)
Набояд ногуфта гузошт, ки «Чилланишинӣ» - и суфиёни мусалмон низ баргирифта аз оини меҳрпарастӣ аст. Суфӣ чил рӯз дар торикӣ гуруснанишинӣ карда, ба таваллуди дигар мерасад. Яъне, ба Худо мепайвандад. Бад – ин тартиб чиллаи зимистон замонест, ки ба гумони гузаштагони дурамон, хуршед зода мешавад ва фолеро мепиндоштанд, ки хуршеди навзодро чил рӯз боястӣ бо эҳтиёт нигаҳ дошт ва барои нарасидани газанде бар ӯ, мебояд аз Худованд шикасти Аҳриманро хостгор шуд.
Ниёкони мо чун дарёфта буданд, ки зиндагӣ ба ҳаракати Офтоб ва тобиши рӯшноиву гармии он вобаста аст, барои гирифтани пеши роҳи шарру ошӯб, нигаҳ доштани неруи зиндагӣ, оинҳои вижаеро иҷро мекарданд. Ба пиндори онҳо Хуршеде, ки дар зимистон навзод аст, дар баҳор навҷавон ва дар миёнаи тобистон ба авҷи камол мерасад. Хуршед дар тирамоҳ пир мешавад ва дар поёни ин фасл мемирад ва чуноне гуфта шуд, дар ҳамон шаби тору дароз аз нав зода мешавад.
Шаби Ялдо дарозтарин шаби сол аст ва пас аз он ба тадриҷ шабҳо рӯ ба кӯтоҳиву костӣ ва рӯзҳо рӯ ба дарозӣ меоваранд.
Дар чиҳилрӯзагии зиндагии Офтоб, ҷашни Сада баргузор мегардид, ки чун гарму тавоно шудааст, дигар Аҳриман ба ӯ газанд расонда наметавонад.
Падару модарони мо дар гузашта Шаби Ялдоро ҷашн мегирифтанд ва мо, ки хурдсол будем, якҷоя бо онҳо фарорасии нисфи шабро бо чароғсӯзӣ интизор мешудем. Дар ин шаб рӯйи сандалӣ дастархон густурда, дар миёни меваҳои хушку тар, тарбузеро рӯи лаган мегузоштанд ва пас аз хӯрдани хӯрок, тарбузро дупора мекарданд, ки рамзи офтобро дорад; сурху доирашакл. Ногуфта намонад, ки чун барои вайрон нашудани тарбуз онро мебоист дар ҳарорати муътадил нигаҳ дошт, маъмулан дар коҳдон ҷояш мекарданд. Гарчи дар шаби сарди зимистон хӯрдани тарбуз он қадар дилчасп нест, вале тарбузи гирду сурхро ҳамчун намоди Хуршед, то шаби Ялдо нигоҳ карда, дар соати 12, онро рӯи дастархон мениҳоданд.
Боварии меҳрпарастӣ дар миёни насрониҳо ривоҷи густурда дорад ва чуноне огоҳем, рӯзи 25 декабр зодрӯзи (мелоди) Исои Масеҳ аст, ки масеҳиён онро ба унвони «Крисмос», аз ҷумла русҳои православӣ ба унвони «Рождество» (Рождество Христово) ҷашн мегиранд. Ин оин дар асл ҷашни зуҳури Меҳр (Митро) мебошад, ки масеҳиён ин рӯзро ҳамчун рӯзи мелоди Исо, қарор додаанд.
Маросими таваллуди Исои Масеҳ ва умуман боварии насронӣ, ба меҳрпарастӣ (митроизм) пайвастагии равшане дорад, зеро онҳо низ дар сарзамини Ориёнои бузург зиндагӣ дошта, бо забони ориёӣ сухан мегуфтанд. Исои Масеҳ, пас аз ба дори чалипо кашиданаш, дар осмони чаҳорум ҷой мегирад, ки дар донишҳои ситорашиносӣ, он қабати осмон «хонаи Офтоб», (хонаи Меҳр) дониста шудааст. Ин нуктаро низ мебояд донист, ки дар фарҳанги Авастоӣ сол аз рӯзҳои сард оғоз меёфтааст. Дар «Авасто» вожаи Sareda, Saredha - сард ба маънии сол омадааст.
Ва оғози соли нави масеҳиён соати 12 – и шаб аст, ки ба замони таваллуди Исои Масеҳ нисбат дода шудааст. Аз ин, ки оғози диндории мардумони славянитабор низ ба Меҳрпарастӣ - митроизм робита дорад, кашиши бузурги масеҳӣ «митрополит» унвон дошта, қабои динии он «митро» номида шудааст. Дар гузаштаҳои дур тоҷикону ориёитаборони меҳрпараст, дар Шаби Ялдо болои дарвозаҳояшонро бо шохаи дарахти арча - намоди сарсабзиву боззоӣ, зинат медодаанд. Ба дарахти сарв ҳамчун нишонгари қудрат дар баробари торикиву сармо нигоҳ карда, дар паҳлуяш рост меистоданд ва аҳд мекарданд, ки то соли дигар як дарахти сарвро месабзонанд.
Дар «Осор - ул боқия» - и Абурайҳони Берунӣ ин ҷашн бо унвони «Мелоди Акбар» ёд шудааст ва он ишора ба Мелоди Хуршед, инқилоби зимистонӣ аст.
Ба гуфтан меарзад, ки аз замонаҳои фаротаърихии боварӣ ба оини Меҳр, яъне беш аз 8000 сол пеш то ҳанӯз, баъзе нишонаҳои гоҳшумории он замони дур дар миёни мардумони кӯҳнишини Тоҷикистон, ривоҷ доранд. Чунончи 21 - 25 март - Наврӯзро «Офтобдархона», 21 - 25 октябр - Меҳргонро «Офтобдартарозу», 21 - 25 декабр - Шаби Ялдо” - ро «Шаби чиллаи калон», 21 - 25 феврал - Садаро «Чилаи хурдак» ном мебаранд. Ҳамсонии парастиши ин шабу оини он дар миёни тоҷикон ва дарёфтҳои пажӯҳандагон вобаста ба боварҳои митроизм гувоҳи гӯёест аз ягонагии гоҳшумории ориёиҳо. Парастиши Офтоб ва аз Худо хостани (пойдории ҳамешагии Офтоб), рӯшноӣ ва гармии басанда барои киштукор ва зиндагии шоиста, деҳқоннажод (ориёӣ) будани тоҷиконро гувоҳи бебаргашт аст.
Ҳакими бузург Абулқосим Фир-давсӣ дар «Шоҳнома» шаби Ялдоро шаби Урмузд, яъне шаби Худо, хондааст, ки ба бузургии Офтоб ишора дорад:
Шаби Урмузд омад аз моҳи дай,
Зи гуфтан биёсою бардор май.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2022 №: 244 Мутолиа карданд: 888