иқтисод
СУҒД. МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни дастуру супоришҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар афзунбахшии ҳаҷми маҳсулоти содиротию воридотивазкунандаро махсус зикр намуданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, дар марҳилаи нави рушди мамлакат зарур аст, ки имконияту захираҳои мавҷудаи маъдану заминҳои ҳосилхезро босамар истифода намуда, маҳсулоти фаровони саноатӣ, зироату сабзавот, меваҳои шаҳдбори рангини маҳаллиро давра ба давра содирот намоем, ба кишвари тавлидкунандаю содиротӣ табдил ёбем.
Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ аз ниҳодҳои муҳимест, ки дар муаррифии маҳсулоту ширкатҳои тавлидотии ватанӣ, ташкилу таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷи дуру наздик саҳми назаррас дорад. Намояндагии Палата дар вилоят соли равон дар доираи дастурҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фаъолияти боз ҳам беҳтару муассир барои муаррифии молу маҳсулоти дохилӣ бо ширкатҳои машҳури хориҷӣ ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ карда, дар ҷалби истеҳсолкунандагону сармоягузорон иқдомҳои муҳим пеш гирифт.
– Соли 2022 дар амалишавии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба ривоҷу равнақи соҳибкорӣ, муҳайё кардани шароити ҷавобгӯй ба талабот бобарору умедбахш буд. Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ, бахши саноату кишоварзӣ ва судбахши молиявии онҳо, ҳамзамон, рақобатпазирии маҳсулоти тавлидшавандаи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ рисолату маҳаки фаъолияти ҳамарӯзаи мо мебошад, – иброз медорад Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд.
Намоишу конфронсҳо, мулоқотҳои судманди соҳибкорони вилоят бо соҳибкорони ширкатҳои машҳури хориҷӣ, воқеан ҳам, таконе гашт дар беҳтар муаррифӣ кардани молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи дуру наздик. Ҳамин фаъолияти самаровар буд, ки соли ҷорӣ боз 25 аъзои нав дар шаҳру навоҳии вилоят ба Палатаи савдо ва саноати вилоят пайваст. То имрӯз шумораи умумии аъзои Палата дар вилоят ба 296-то расид.
Соли равон Палатаи мазкур чанд ҳамоишу намоишгоҳҳо, аз ҷумла: “Технологияи истеҳсолот: коркарди чӯб, тавлиди мебелҳои гуногун таҳти унвони ”Mebel Expo Uzbekistan-2022” дар шаҳри Тошкент (13-15 апрел), намоиши сайёраи кӯдакӣ-2022 (Childyood Planet Expo-2022) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон (2-4 март), ҳамоиши сатҳи умумиҷаҳонии “Expo-2022” дар шаҳри Бангкоки Таиланд (12-14 сентябр) Намоишгоҳи байналмилалии “Expo-2022 Dubai” ва даҳҳои дигар соҳибкорони ватаниро ҷалб намуд, ки ҷиҳати муаррифии маҳсулоту ҷалби сармоягузории хориҷӣ самаровар буданд.
Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир чун макони меваҳои шаҳдбор машҳур аст. Дар шароити феълӣ зарур аст, ки коркарди ниҳоии саноатии меваҳоро тавсеа бахшида, содироти онро афзун намоем ва дар ин замина, садҳо ҷойҳои нави кор таъсис диҳем. Дар ин самт низ аз ҷониби кормандони Палатаи савдо ва саноати вилоят қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешаванд. Соли равон намояндагони Палата дар семинар-машварати Раёсати рушди савдо ва меъёрҳои Созмони ҷаҳонии савдо таҳти унвони “Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ барои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон”, ки дар шаҳри Гулистон, намоишгоҳи байналмилалии “Озуқаворӣ, ҷузъиётҳо ва технологияҳои истеҳсолот”- UzFood-2022 дар Тошкент, намоишгоҳи ҷаҳонии “Konya Agriculure lfh Nehrbz” доир шуданд, ширкат варзиданд. Ҳамчунин, соҳибкорони вилоят бо мусоидати Палата дар ҳайати 11 нафар бо намоядагӣ аз ҶСШК “Исфара Фуд”, “Экофрукт Исфара”, “Сомон Суғд” ва “Машруботи Суғд” дар Намоиши байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом “ПродЭкспо-2022” дар шаҳри Москва иштирок ва бо натиҷаи хуби манфиатовар – имзои шартномаҳои ҳамкорӣ бозгаштанд.
Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати вилоят роҳбарони ҶДММ “Холис-пласт”, “Пласт ТҶ”, “Асали -1” ва “Пласт мастер” 7-10 феврали соли 2022 дар Намоишгоҳи ҷаҳонии саноати пластикии “Iran Plast” дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсулоти аз лиҳози сифат рақобатпазиру бозоргир ба намоиш гузоштанд.
Дар маҷмуъ, соли 2022 аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилоят ҷиҳати ёрӣ ба соҳибкорони ватанию иштирок дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ 104 вохӯриву мулоқоти судманд ташкил шуда, барои ширкати 178 намояндаи корхонаву ташкилотҳо ва доираи соҳибкорони вилоят дар ҷамъомадҳо-ярмаркаҳо, чорабиниҳои тиҷоративу мулоқотҳо дар мамлакатҳои хориҷии дуру наздик иқдомҳои натиҷаовар пеш гирифта шуданд.
– Боз ҳам фаъолмандии соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва мусоидат намудан ба ривоҷу равнақи тиҷорат ҳамоно аз масъалаҳои имтиёздоштаи мо дар фаъолияти корӣ маҳсуб меёбад, ки аз мақсаду маромҳои Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бармеояд, – таъкид мекунад Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов, раиси Палатаи савдо ва саноати вилоят.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2022 №: 245 Мутолиа карданд: 1318