номаҳо
ДУШАНБЕ, КИ МАН ДИДАМ
Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз сарварии Рустами Эмомалӣ зеботару ободтар гардид. Кас бунёди биноҳои бошукӯҳу замонавӣ, растаҳову гӯшаҳои пургулро дида, ифтихор мекунад. Махсусан, дар мавсими гули лола, яъне айёми баҳор, он бамаротиб ҳусн бар ҳусн зам мекунад. Шунидам ва ҳам дидам, ки мардум аз гӯшаву канори кишвар махсус ба тамошои он меоянд. Дар ин маврид бо худ фарзандони хурдсолашонро ҳам меоранд, то завқи зебоишиносияшонро баланд бардоранд. Инчунин, муҳаббаташонро ба пойтахт, сарзамини аҷдодӣ биафзоянд.
Албатта, фикр мекунам ва хато ҳам намекунам, ки сайёҳон ин шаҳри ҷавону зебову сарсабзу афсонавиро тавсиф кардаанд ва овозаашро бар дигар диёрҳо бурдаанд. Душанбе аз Душанбеи чанд сол пештар тафовути зиёд дорад. Мо - насли замони истиқлол вазифадорем, ки дар ободии пойтахтамон, то имкон дорем, саҳм бигирем ва дар тавсифу тарғибаш истеъдоду неруи худро сарф бикунем.
Албатта, ман шаҳри Душанбе ва зебоиҳои рӯзонаи онро пештар аз ин дида ва мафтун шуда будам. Чанде пеш онро шабона ҳам дидам. Як шаҳри воқеан афсонавӣ будааст, Душанбе.
Ороишу фурӯзонии чароғҳои рангаи он беихтиёр дил аз кас мебарад. Роҳҳо, пулҳо, биноҳои бошукӯҳ дар ин вақт ҳусни дигар мебахшанд. Тарабхонаҳо фаъоланд. Амнияти шаҳрвандон таъмин аст. Нақлиёт дар хидмати мардум мебошанд. Яъне, ба ҳар куҷое, дар ҳар вақти шаб рафтанӣ бошӣ, онҳо хидмат мерасонанд.
Дар ҳақиқат, он ҳиссиёте, ки маро аз дидани пойтахт ба ҳангоми шаб фаро гирифтааст, наметавон рӯи коғаз овард ва ё баён кард. Ҳаминро метавонам бигӯям, ки ба дидани он биёянд ва бо чашми худ ин дастовардҳоро бубинанд. Аз дидаҳои хеш шукргузориву сипосгузорӣ мекунанд ва ҳам ифтихори беандоза, ки дар кишвари зебову обод, амну осоиш ҳаёт ба сар мебаранд. Пас аз он, ба яқин, гӯш ба ҳар бадғаразу бадгӯ, ки аз дур истода, туҳмат мебофанд, надиҳанд.
Зебунисо ҲАМИДЗОДА,
магистранти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2022 №: 245 Мутолиа карданд: 2894