туризм
ИНТЕРНЕТ. НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Имрӯз аксари соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро бе интернет тасаввур наметавон кард. Яке аз чунин соҳаҳо сайёҳӣ мебошад. Гарчанд солҳои қаблӣ ҳам интернет дар соҳаи сайёҳӣ арзи ҳастӣ дошт, феълан нақши он дар рушду тараққиёти соҳа бештар эҳсос шуда, ҷойгоҳаш мустаҳкам гардид.
Дар ҷаҳони зудтағйирёбанда ва рушдёбанда интернет ҳарчи бештар барои фаъолнокии иқтисодӣ, азхудкунии бозор ва аудиторияи нав, чи барои тиҷорат ва чи барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ фазои беҳудудро фароҳам оварда, ҳарчи бештар ба маҳаки рушди иқтисодӣ табдил ёфта истодааст. Соҳаи сайёҳӣ дар ин ҷо истисно шуда натавонист.
Шумораи захираҳои табиӣ маҳдуданд, вале барои инкишофи бозори хизматрасониҳои иттилоотӣ - иртиботӣ сарҳад вуҷуд надорад. Ба ибораи дигар интернет - ин иттиҳоди садҳо ҳазор шабакаҳои маҳдуди дар тамоми ҷаҳон паҳншуда мебошад. Он шабакаи ягонае мебошад, ки қодир аст, иттилоотро аз як нуқтаи Замин ба нуқтаи дигар дар як лаҳза интиқол диҳад. Шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет сол то сол афзуда, соли ҷорӣ ин нишондиҳанда дар ҷаҳон қариб 60 дарсад яъне, 5,3 миллиард нафарро ташил медиҳад.
Шуруъ аз соли 1995 бозори истифодабарандагони интернет рушди пурталотумро аз сар мегузаронад. Ин дар ҳолест, ки хариди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути интернет аз рӯи ҳаҷм дар ҷаҳон ба ҷойи аввал мебарояд. Ин тамоюл бинобар аз ҷониби саёҳаткунандагон бевосита ба нақша гирифтани сафари худ ва мутаносибан рад кардани хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии сафар пайдо шудааст. Имрӯзҳо шумораи ҳарчи бештари сайёҳон аз кишварҳои Аврупо парвоз дар тайёра ва таваққуф дар меҳмонхонаро тавассути интернет аз ҷойи зисташон муайян ва банд кардан, боқимондаи хизматрасониро ҳангоми расидан дар ҷойи даркорӣ бевосита ва дар асоси хоҳишҳои худ инфиродӣ интихоб мекунанд. Дигар омили мусоидаткунанда дар соҳаи сайёҳӣ ин афзоиши талаботи сайёҳон ба сафарҳои нисбатан кӯтоҳтар аз ҷиҳати давомнокӣ мебошад. Ин ҷиҳатҳо аз пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои сайёҳӣ тақозо мекунад, ки дар фаъолияти худ стратегияи нисбатан фавриро дар хабардорсозии мизоҷон ва кам намудани вақти тавсеаи фармоиш ҷорӣ созанд.
Мувофиқи арзёбиҳои коршиносон, истифодабарандагони бозори сайёҳӣ ба маълумоте (тасвири ба тафсил, аксҳо, баҳодиҳӣ) ниёз доранд, ки на маводи чопӣ ва на радиову телевизион онро пешниҳод карда наметавонанд. Аксари сайёҳон вақти худро қиммат медонанд ва саёҳатро асосан аз интернет-порталу системаҳои ҷустуҷӯӣ интихоб мекунанд, ки воситаи нисбатан қулай ва сарфакорона мебошад.
Истифодаи васеи технологияи интернетӣ яке аз масъалаҳои умдаи саноати сайёҳӣ гардидааст. Таъсиси системаҳои азими компютерӣ вобаста ба банд кардани воситаҳои ҷобаҷокунӣ ва нақлиёт, хизматрасониҳои экскурсионӣ ва солимгардонӣ, маълумот дар бораи мавҷудияти ин ё он сафар, хатсайр, иқтидори сайёҳии кишвар ва минтақа маҷмуи масъалаҳои ташкили фаъолияти феълӣ ва минбаъдаи ширкатҳои сайёҳӣ маҳсуб меёбанд.
Бисёре аз ширкатҳои сайёҳӣ паҳншавии зиёди интернетро хавфи фаъолияти худ медонанд. Зеро, кушодашавии хизматрасониҳои онлайнии хариди чиптаҳо ва ғайра имкон медиҳанд, ки мизоҷон мустақилона бе истифодаи хизматрасониҳои ширкатҳо истироҳати худро ташкил намоянд ва ин тамоюл рӯ ба афзоиш дорад.
Бо мақсади қонеъгардонии талаботи сайёҳӣ имрӯзҳо дар кишвари мо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар кишвар беш аз 200 ширкати сайёҳӣ дар минтақаҳои гуногун фаъолият дошта, сомонаҳои интернетии худро доранд. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ www.ctd.tj ва портали миллии сайёҳӣ www.traveltajikistan.tj фаъол буда, пайваста маълумотҳои заруриро ҷой медиҳад. Ҳамзамон, дар сомонаҳои иҷтимоӣ низ маълумотҳо оид ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон барои иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд. Вале, дар сомонаҳои ширкатҳои сайёҳӣ на ҳамаи маълумоти зарурӣ барои ҷаҳонгадон манзур шуда ва на ҳамеша маълумотҳо нав мешаванд.
Тағйиротҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ба он оварда расондаанд, ки талабот ба иттилооти фарохтар ва пурратар дар бораи сафару истироҳат дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон афзун гашт. Ва ин талаботро метавон ба воситаи ҷойгиронии маълумотҳо дар шабакаву сомонаҳои интернетӣ қонеъ гардонд. Дар ин самт ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ то ҷое муваффақ шудаанд, зеро аз сомонаҳои онҳо дар як моҳ то як миллион нафар дидан мекунанд.
Ташаккули роҳҳои истифодаи интернет - технологияҳо на танҳо барои ширкатҳои сайёҳӣ дар алоҳидагӣ муҳим аст, балки, дар умум ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон заминагузор мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.2022 №: 245 Мутолиа карданд: 1538