Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ. ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК
Як гурӯҳ намояндагони ширкатҳои коркарди меваи хушки Тоҷикистон ҷиҳати такмили дониш ва таҷриба дар самти саноати коркарди мева ба Корея сафари омӯзишӣ анҷом доданд. Ин сафар дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди фарогири деҳот (TRIGGER) дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистон зимни сафар ба Ҷумҳурии Корея бо ҷараёни коркарди меваи хушк, аз ҷумла усули хушкнамоии ибтидоии хурмо ва бандубасти он дар Сачхон шинос шуданд. Намояндагони ширкатҳои коркарди меваи кишвари мо, инчунин, аз Институти тадқиқотии кишоварзӣ ва бозори фурӯши яклухти меваи тару тозаи Карак дар Сеул боздид ба амал оварданд.
Ин сафар имкон дод, ки мутахассисони тоҷик вобаста ба таҷрибаи Корея дар самти коркарди меваи хушк, бахусус истеҳсол ва саноати коркарди хурмои ширин таҷрибаи зарурӣ ҳосил намоянд. Ин дар ҳам дар ҳолест, ки хурмои ширин яке аз маъмултарин мева дар Тоҷикистон буда, онро дар боғ ё ҳавлии аксари сокинон дидан мумкин аст. Масоҳати умумии он дар Тоҷикистон беш аз 3000 гектарро ташкил медиҳад, тибқи мушоҳидаи кишоварзон, замину иқлими Тоҷикистон барои парвариши ин навъи мева мусоид буда, аз ҳар гектар то 30-35 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.
Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот (TRIGGER), лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.
Шарофат АШУРОВА,
мутахассиси Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 20773