logo

Хабарҳо

Муборизаи муштарак алайҳи коррупсия

Муборизаи муштарак алайҳи коррупсия
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи иштирок дар “Якумин вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия” бо раиси Хадамоти назорат ва мубориза бо коррупсияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Мазин ибни Иброҳим Ал-Каҳмус вохӯрд.
Ба иттилои Агентӣ, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байниидоравӣ дар доираи санади ҳамкории муштарак ба танзим дароварда шавад.
Зикр гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоид фароҳам меоварад.
 
 
Роҳпаймоии оммавӣ дар Хатлон
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар вобаста ба рӯйдоди муҳими таърихӣ, яъне пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳпаймоии оммавӣ доир гардид. 
Шуъбаи иттилоотӣ–таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар дод, ки дар  роҳпаймоӣ  аъзои  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан”, сокинони фаъоли шаҳр кормандони корхонаву идораҳо, омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд. 
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки об яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, барои ҳифзи он бояд пиряхҳо ба хубӣ нигоҳ дошта шаванд. 
 
 
Табодули таҷриба оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ
Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавӣ дар мавзуи “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия дар асри 21” ифтитоҳ ёфт. 
Ба иттилои Агентӣ, дар семинари омӯзишии мазкур Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фариза Эргашева, намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ иштирок дошта, вобаста ба ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои рушди захираҳои инсонӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, татбиқи технологияи кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар рушди хизмати давлатӣ баромад менамоянд.
 
 
Миёни Тоҷикистон ва Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда мешавад
29 декабр ширкати ҳавопаймоии кувайтии «Jazeera Airways» нахустин парвози худро аз рӯи хатсайри Кувайт – Душанбе – Кувайт анҷом медиҳад, ки иқдоми навбатӣ дар ҷодаи фатҳи самтҳои нави парвоз ва мусоидат ба иртибот миёни мардумон мебошад.
АМИТ «Ховар» бо такя ба Агентии авиатсияи гражданӣ хабар дод, ки ҳавопаймо бояд соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ фуруд омада, пас аз 1 соату 30 дақиқа боз ба самти Кувайт баргардад. Ифтитоҳи парвозҳои мустақим бо Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, барои ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.
 
 
Афзоиши содироти маҳсулот аз Суғд
Дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 2 миллиарду 840,7 миллион доллари ИМА расонда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140,5 дарсад таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 1 миллиарду 892,7 миллион доллар ва содироти маҳсулот аз вилоят 948 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод, ки содироти маъдан ва консентрат нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 340 миллион доллар афзоиш ёфта, ба 624,2 миллион доллар  баробар шудааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83 428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696 082 тонна ба маблағи 21,6 миллион доллар содирот гаштааст. Ба маблағи 36,7 миллион доллар 128 193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,5 миллион доллари амрикоӣ зиёд аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 19413
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед