порлумон
ҶАЛАСАИ ЯКҶОЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ДОИР ШУД
23 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ оғоз намуд.
Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар дод, дар кори ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.», «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.», «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.», «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.» ва «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.» баррасӣ ва қабул намуданд.
Сипас, кори ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар «Кохи Сомон»-и «Маҷмуи меҳмонхонаҳо»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд.
Зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди босуръати саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои мубрами таъмини амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин, пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар идомаи кори ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати шашум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вазифаҳои навбатии мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро бобати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушду тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, баён карданд.
Зикр гардид, ки ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Паёми Сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондодҳои дар он зикргардида саҳмгузор бошанд.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2022 №: 247 Мутолиа карданд: 917