порлумон
СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР. САНҶИШҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ АЗ БАЙН БУРДА МЕШАВАНД
Бо мақсади танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон, инчунин, маҳдуд кардани ваколатҳои санҷишии мақомоти давлатӣ дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, назорати техникаи кишоварзӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар Маҷлиси намояндагон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, чунин зикр кард: “Лоиҳа бо мақсади амалӣ намудани дарстуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, инчунин, идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо назардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод шудааст”.
Тибқи лоиҳа, шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 23 расонда мешавад. Ин тағйирот ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.12.2022 №: 246 Мутолиа карданд: 668