logo

фарҳанг

ШАРОРАИ ХОТИРАҲО. ЁДЕ АЗ АХТАРИ ПУРҶИЛОИ ҲУНАР НИГИНА РАУФОВА

Ӯ дар самои ҳунар яккаву ягона нест, монанди ӯ ситораҳо хеле зиёд, вале, бешубҳа, ӯ ахтарест дорои ҷилои ба худ хос. Ин аст, ки дили ҳазорон дӯстдори санъатро ба даст овардаву мардум то ҳол сурудҳои ӯро гӯш мекунанду муштоқанд. Санъатро маънии ҳаёти худ медонисту ба пешаи хеш муҳаббати беандоза дошт. Ҳангоме суруд мехонд, дил ба қуллаи эҳсос мерасид, сурудаш суруди ҷонҳо буд. 

Нигина Рауфова яке аз пешоҳангони эстрадаи тоҷик ба шумор мерафт ва дар равнақу ривоҷи жанри мазкур саҳми шоиставу босазои худро гузошт.
Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод чашм ба олами ҳастӣ во намуда, хурсандии аҳли хонаводаро дучанд гардонд. Аз наврасӣ дар қалби худ орзуҳои зиёде мепарварид ва барои амалӣ гардондани онҳо ҳамеша талош мекард. Дар иҳотаи манзараҳои зебои Файзобод месуруд, бо боду боронҳо ҳамовоз буд, шамоли Файзобод садояшро аз ин деҳа ба деҳаи дигар мерасонд. Шояд худаш низ гумон надошт, ки рӯзе ин садо саҳнаҳои бузургро фатҳ мекунад. Овози нотакрораш билохира дарвозаҳои қалбҳоро бо оҳангу таронаҳои ҷаззоб боз кард. Ӯ аз ниҳонхонаи дили мардум маънӣ мебардошт ва барои мардум месуруд, хеле садои ширин дошт. Ба саҳнаи ҳунар бо симои тоҷиконаву либосҳои миллӣ ворид гардида, то охири умр ҳамин гуна монд. 
Садои пурмеҳраш, ки барои сароиш офарида шуда буд, бо думбра ҷӯр мегашт ва озмунҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бидуни овозхонии ин бонуи ҳунар намегузаштанд. Нигина Рауфова то охири умр дар сайқал додани овоз ва эҷоди сурудҳои тоза пешдаст буд.
Фаъолияти худро дар маҳфили ҳаваскорони Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагии шаҳри Душанбе оғоз кард. Баъд аз ғолибият дар азназаргузаронии ҳаваскорони санъати шаҳри Душанбе (соли 1970) барои кор ба яке аз клубҳои шаҳрӣ даъват гардид. Солҳо сарояндаи Ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» буд. Аз соли 1976 сарояндаи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ва баъд, ансамбли «Дарё» - и Кумитаи телевизион ва радио гардид. 
Сарояндаи нотакрорро мухлисону ҳаводорон ва муҳаққиқони санъат ҳамчун ситораи дурахшони ҳунари овозхонии тоҷик мешиносанду гиромӣ медоранд. Хоксорӣ, чеҳрахандонӣ, ва ҷаҳоннигарии фарох ӯро маҳбуби халқ карда буд. Сурудҳои “Ёрат манам”, “Қадат баланд аст ёр”, “Ман садқаи ту”, “Намепурсӣ номи ман”, “Нозам ба чашмонате” (суруди халқӣ), “Ошиқам” (оҳанги Ф. Одинаев, шеъри Лоиқ Шералӣ), “Аскарбачам” (оҳанги Х. Абдуллоев, шеъри А. Қодирӣ), “Бӯйи гул” (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Турсунзода), “Ишқи хубон” (оҳанги М.Сафармамадов, шеъри халқ), “Кош медидам туро” (оҳанги Ҷ. Обидов, шеъри халқ), инчунин, сурудҳои “Наргиси шаҳло”, “Файзобод” ва “Рубоиёт” номи неки ӯро дар ҷаридаи ишқ барои ҳамеша сабт кард.
Шодравон дар баробари, сурудхонӣ, ки маънии ҳастияш буд ҳунарҳои мардумиро низ дӯст медошт ва ресандагию бофандагӣ мекард. Сайр дар оғӯши табиати биҳиштосои диёраш тавони тозаву илҳомаш мебахшиду оҳангҳои дилнишин эҷод мекард.
- Нигина Рауфова бо сурудҳои халқӣ ва симои тоҷиконааш ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта буд. Бисёр хислатҳои хуби инсонӣ дошт, ҳамеша кӯшиш мекард, ки бо хурду калон яксон бошад. Ҳамеша бо пирони рӯзгордида нишастану суҳбат оростанро дӯст медошт. Ҳарчанд ҷисман бо мо нест, аммо сурудҳои нотакрор ва ёди гиромиаш ҳамеша бо мост, - мегӯяд Муҳаррама Шарифзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 
Ба қавли Назроддин Неъматов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, аз марги ӯ солҳо гузашт, аммо мардум овози ҷаззобу санъати нотакрорашро фаромӯш накарданд. 
Дар ноҳияи Файзобод филармонияи халқии ноҳия номи поки ӯро дорад. Дар зодгоҳаш хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба номи ӯст. Ҳамчунин, осорхонаи ноҳия як гӯшаи алоҳида дорад, ки дар он ҷо асбоби мусиқӣ, сарулибоси шодравон, аксҳои хотиравӣ, диплому ифтихорномаҳояш нигоҳ дошта мешаванд. Ин сарояндаи хушсадо 22 декабри соли 2010 бо ҳаёт падруд гуфт ва дили ҳазорон мухлисонашро аз ин фироқ реш кард. Ёдаш гиромӣ бод!
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед