logo

иқтисод

ЯК МИЛЛИОН ТОННА ПАХТА. БАРОИ РАСИДАН БА ИН НИШОНДОД ЧӢ БОЯД КАРД?

Имсол дар  ҷумҳурӣ наздики 425 ҳазор  тонна пахта истеҳсол шуд, ки дар муқоиса ба соли рафта қариб 20 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ин афзоиш нишондоди кам нест ва аз рушди соҳа дар кишвар дарак медиҳад. Аммо ба арзёбии мутахассисон, тавлиди  пахта дар муқоиса ба имкониятҳои табиии кишвар ҳанӯз қонеъкунанда нест. Мо метавонем мисли соли 1980 ҳосили пахтаро ба як миллион тонна расонем. Пас, чӣ масъалаҳои ҳалталабе дар ин соҳаи ҷумҳурӣ вуҷуд доранд, ки айни замон садди  ба як миллион тонна баробар шудани  истеҳсоли  пахта гардидаанд?

 
ҲОСИЛНОКӢ КАМ,  ПАХТАКОРОНИ НОУҲДАБАРО ЗИЁДАНД
Ба гуфтаи Тураҷон Яҳёев, мудири шуъбаи селексияи пахтаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 80-уми асри гузашта  дар Тоҷикистон 290 - 310 ҳазор гектар пунбадона кишт мешуд. Ба ҳисоби миёна,  аз ҳар гектар 30  - сентнерӣ ва дар маҷмуъ, як миллион тонна пахта ба даст меомад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 181 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ҳар гектар ба ҳисоби 23-сентнерӣ пахта гирифта мешавад.  
–  Яъне, дар муқоиса ба замоне, ки дар кишвар як миллион тонна пахта истеҳсол мешуд, ҳоло масоҳати кишт ва ҳам дараҷаи ҳосилнокии он ба таври назаррас (60 дарсад) коҳиш ёфтааст. Аз байн рафтани хоҷагиҳои калони пахтакор ва аз назорат дар канор мондани кори пахтакорон сабаби кам шудани истеҳсоли он мебошад. Имрӯзҳо қариб 60 дарсади хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат (зиёда аз 100 ҳазор хоҷагӣ) ба пахтакорӣ машғул аст. Аммо аксари  онҳо ҳамагӣ 1 гектар ё каме зиёдтар пахта кишт мекунанду халос. Самараи  пахтакориашон  хеле паст – 16-20 сентнерро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳое низ ҳастанд, ки то 40 сентнер пахта ба даст меоранд, аммо теъдоди онҳо ангуштуморанд. Зеро бисёри хоҷагиҳои пахтакор имрӯзҳо агротехникаи парвариши пахтаро хуб намедонанд ва аз ин сабаб онро дуруст риоя намекунанд, ки боиси  камҳосилӣ мегарданд”, - изҳор медорад номбурда.  
Пахтакорони собиқадор ҳам омили 60 дарсад коҳиш ёфтани истеҳсоли пахтаро бештар ба ноуҳдабароии пахтакороне, ки аз агротехникаи он огаҳӣ надоранд, рабт медиҳанд.      
Ба гуфтаи Файзалӣ Шамсуллоев, пахтакор аз ноҳияи Панҷ, низ қоидаю нозукиҳои пахтакориро надонистани кишоварзон  яке аз иллатҳои асосии ақибмондагии соҳа мебошад. Ӯ афзуд: 
– Аксари пахтакорони навбаромад мутахассис нестанд. Ҳатто тухмиро хуб намешиносанд ва аксаран ба таври тавакал онро мехаранд. Ҳангоме ниҳоли пахта аз замин мебарояд, муайян карда намешавад, ки ин  чи навъ асту ба он чи тарз  об мемонанд. Зироати пахта обталаб шудааст ё не, дар бисёр маврид инро  пахтакорони ҳавасакӣ сарфаҳм намераванд. Ҳамчунин, пахтазорро баъзан бевақт, ҳангоми шоназанӣ ва рӯзона обёрӣ мекунанд, ки дар ин ҳолат ба он осеби ҷиддӣ мерасонанд. Бо чунин муносибати нодуруст нисбат ба пахта аз он ҳосили дилхоҳ гирифтан ғайриимкон аст.  
Тӯраҷон Яҳёев, ҳам бар ин аст, ки пахтакорон бештар аз интихоби нодурусти тухмӣ  зарар мебинанд: 
  “Надонистани навъи мутобиқ ба иқлими минтақа ё замини кишт  заҳмати деҳқонро барбод медиҳад. Навъи пахтаро бояд донист ва мувофиқ ба хосияти он об мондаву ғизо додан зарур аст. Тасаввур кунед, ки дар як замин чанд навъи тухмӣ кишт шудааст, вале талаботи онҳо ба обу ғизо ва корҳои агротехникӣ гуногун аст. Дар ин ҳолат яқин аст, ки ҳеҷ кори агротехникӣ мувофиқи талаботи зироати киштшуда сурат намегирад ва  боиси дуруст нашъунамо наёфтану комҳосилии он мегардад. Яъне, дар самти интихоби тухмӣ ва нигоҳубини он беназоратии ҷиддист. Бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои пахтакор, пеш аз ҳама, бояд навъҳои минтақабоб ва серҳосили минтақаи худро муайян кунанд, то кишоварзони он ҷо ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Олимону мутахассисони Институти зироаткорӣ  бо заҳмати зиёд навъҳои серҳосили мутобиқ ба иқлими минтақаҳоро меофаранд. Аммо ҳамин ки тухмӣ аз дасти мо ба дасти деҳқон мегузарад, тақдири он номаълум боқӣ мемонад. Навъҳои хубу самаровар дар як муддати кӯтоҳ бо навъҳои дигар омехта шуда, аз байн мераванд. Масалан, навъҳои беҳтарини маҳаллии “Ориёӣ”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Зироаткор – 34” ва ғайра, ки хеле серҳосилу зудрас буданд, имрӯзҳо дар киштзори деҳқонон қариб ба назар намерасанд”, – афзуд Тӯраҷон Яҳёев.
 
НАРХИ ПАХТА ХАРОҶОТИ ОНРО НАМЕПӮШОНАД
Аммо ба андешаи бархе пахтакорон, зиёд будани хароҷот ва камии даромад боиси аз байн рафтани ҳавасмандии эшон ба ин кор гардидааст.  Нархи нуриҳои минералие, ки  барои парвариши пахта заруранд, дарёфти  гарон аст. Яъне, ғизои минералие, ки пахта  мехоҳад, кишоварз имкони хариди онро надорад.  Агар барои ҳосили хуб гирифтан ҳамаи нуриҳои минералӣ  ва қоидаҳои агротехникӣ дуруст истифода шаванд, хароҷоти он зиёд мегардад. Дар ин маврид, пахта ба он нархе, ки хароҷотро пӯшонад ва ҳам даромад орад,  фурӯхта намешавад. 
Инъом Қобилҷонов, яке аз муҳаққиқон ва собиқадорони соҳаи пахтакорӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ,  солҳои охир   хеле  кам шудани майдони пахтазор  ва ҳосилнокии онро, асосан ба танқисии нуриҳои минералӣ  рабт медиҳад: Ӯ мегӯяд:
“Воқеан, омили асосие, ки ба рушди истеҳсоли пахта монеаи ҷиддӣ эҷод намудааст, набудани истеҳсоли дохилии  нуриҳои минералӣ, хусусан танқисии нуриҳои калигӣ ва фосфорӣ, ба шумор меравад.  Вақте нуриҳои минералии мазкур ба таври кофӣ ва сари вақт дар парвариши пахта истифода намешаванд, зироат хуб нашъунамо намекунад ва самари дилхоҳ намедиҳад. Аз сабаби гаронии онҳо  бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ аз  нуриҳои азотӣ истифода мебаранд, ки боиси осеб дидани зироат ва афзудани ҳашароти зараррасон, ба монанди муфтхӯрҳои  шираю  тортанаккана, мегардад”. 
 
Аз рӯи таҳлили Тураҷон  Яҳиёев, имсол бо сабаби боло рафтани нархи нуриҳои минералӣ арзиши аслии як кило пахта дар сари замини деҳқон аллакай ба 10-12 сомонӣ баробар гаридааст. Ҳол он ки ба иллати гаронии нуриҳои минералӣ, бисёри пахтакорон ба ҷойи дар як гектат 550-600 килограмм ҳамагӣ 250 – 300 килограмм нурӣ мепошанд.   
 
ОБ ХУНИ ПАХТА АСТ 
НОРАСОИИ ОН КАЙ БАРТАРАФ МЕШАВАД?
Дар баробари мушкилоти тухмии пахта ва  набудани нуриҳои ватанӣ, Инъом Қобилҷонов камчинии обро ҳам омили таъсиргузор барои пахтакорӣ медонад. Номбурда ба ин назар аст, ки дар ҳолати фарсудагии пойгоҳу каналҳои обёрӣ ва норасоии об талоши зиёд кардан барои рушди соҳа кори беҳуда аст. 
- Солҳои 1980, аз ҷумла дар ноҳияи Зафаробод, 18 ҳазор гектар ва аз ин ҳам зиёд пунбадона кишт мешуд, ки аз он 40 – 43 ҳазор тонна пахта мерӯёнданд.  Он вақт, ки давраи рушди пахтакорӣ ном бурда мешавад, таъмини оби полези сари вақт  ва бе навбат буд. Аз ҷумла,  моҳҳои июлу  август,  пурра  8-10 хоҷагии бузурги давлатӣ ба об дастрасӣ доштанд. Имсол дар ноҳия наздики 14 ҳазор гектар пахта кишт гардида, ҳосили он беш аз 30 ҳазор тонна (101,1 дарсади нақша)- ро ташкил намуд. Агарчӣ ин нишондиҳанда назар ба дигар минтақаҳои пахтакорӣ беҳтар аст, дар муқоиса ба даврони пеш 10 ҳазор тонна кам мебошад. Чунки ҳоло кишоварзони ноҳия аз ду  канали асосии ноҳия -  ТМ-1 ва ТМ-2 бо  навбат  об мегиранд, ки албатта ба нашъунамои ниҳоли пахта бетаъсир нест.  
Тураҷон Яҳиёев гуфт, ки барои парвариши пахта дар заминҳои сангдор 8-10 маротиба ва хокӣ 5-6 маротиба обмонӣ зарур аст. Дар вилояти Хатлон - калонтарин минтақаи пахтапарвари кишвар аксаран 8-10 маротиба обмонӣ лозим меояд, ки дар ин ҳолат омода будани каналҳои обёрӣ нақши муҳим мебозад. Бо вуҷуди анҷом додани корҳои дигар, камчинии об ҳатман ба ҳосили дилхоҳ зироат зарба мезанад.
Ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дар ҷумҳурӣ, барои таъмири шабакаҳои обрасонӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва пардохти музди меҳнати кормандони ин бахш ба ҳисоби миёна ҳамасола 446 миллион сомонӣ зарур аст. Аммо солона ҳамагӣ 60 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки барои иҷрои корҳо дар самти обёрӣ ночиз аст. Ин сабаби бетаъмиру фарсуда мондани иншооти обёрӣ ва аз кор рафтани кормандони он гардидааст. Хоҷагиҳо бошанд ҳаққи хизмати обрасониро намепардозанд.
 
ИМӮЗҲО ЯК МИЛЛИОН  ТОННА ПАХТА ГИРИФТАН ИМКОН ДОРАД?
Бо вуҷуди он ки  имрӯзҳо бештари хоҷагиҳо ҳосили ками пахта (20 сентнер аз як гектар) мерӯёнанд, дар кишвар баъзе хоҷагиҳои пешқадам аз ҳар гектар 35 - 40 сентнер пахта ба даст меоранд.  Яъне, таҷрибаи онҳо исбот мекунад, ки дар ҳолати интихоби дурусти тухмии пахта, нигоҳубини хуб ва сари вақт пошидани нуриҳои минералӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳатто бештар аз пештар пахта истеҳсол намудан имкон дорад. Пас, масъалаи ҳосилнокӣ на фақат ба обу нурӣ марбут аст. Ин барои ноуҳдабароии худро пӯшондани пахтакороне, ки заминҳои зиёдро дар ихтиёри худ банд кардаанд, набояд баҳона шавад. Пахтакорӣ дар ҳама давру замон  соҳаи сердаромад буду мемонад. Барои ҳамин пахтаро ба истилоҳ “тиллои сафед” мегӯянд. Барои кишоварзи соҳибтаҷрибаю меҳнатқарин дар воқеъ пахта ба мисоли тилло фоидаовар аст. Аммо аз дасти нотавон пахта он тараф истад, тиллои воқеӣ ҳам беқадру бефоида мегардад. Дар кишварҳои мисли мо пахтакор аз коркарди пахта  то 20 номгӯи маҳсулот, ба мисли либосвориҳо, хӯроки чорво, собун ва ғайра истеҳсол мекунанд. Зеро он ҷо бештар роҳи ҳал меҷӯянд, на баҳона. 
Дар ҳамин ҳол пахтакор Файзалӣ Шамсулоев мегӯяд, айни замон бо вуҷуди танқисӣ дар нурию тухмӣ кишоварзоне, ки пахтаро дуруст парвариш карда метавонанд, аз ҳисоби он   назар ба зироатҳои дигар   ба маротиб бештар фоида мебинанд. Аз ин рӯ, магар вақти заминҳои пахтаро  аз хоҷагиҳои ба ном пахтакор гирифтану  ба ихтиёри пахтакорони асил додан нарасидааст? Агар ба ҷойи 100 ҳазор хоҷагии хурди ноуҳдабаро, ки аз як гектар ҳамагӣ 15 - 20 ё зиёд  23 сентнер ҳосили пахта  мегиранд, 10 ҳазор  хоҷагии калони замонавӣ ташкил ёбаду ҳосилнокӣ аз як гектар ба 40-45-сентнерӣ расад,  дар кишвар беш аз як миллион тонна пахта рӯёндан ҳам имкон дорад. Ҳамчунин, дар ин ҳолат истифодаи заминҳои пахтакорӣ, танзими обрасонӣ, кори механизаторон, дорупошӣ, киштгардон ва корҳои дигари агротехникӣ дучанд  осону самаровар мегардад, ки ба манфиати давлат ва ҳам шаҳрвандон хоҳад буд. Ҳамзамон, раванди ҷамъоварию коркади пахта вусъат меёбад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2022    №: 246    Мутолиа карданд: 2021
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед