Хабарҳо
БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ. НАТИҶАҲОИ НИҲОӢ ДАР 10 ҶИЛД ҶАМЪБАСТ ВА ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД
Аз рӯи маълумот оид ба натиҷаи ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020-ум, 9657,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2092,5 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз зиёд шудааст. Тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, дар соли 2020 аҳолии шаҳр 2536,5 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз, аҳолии деҳот 7120,5 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии мардҳо 4897,9 ҳазор нафар ва занҳо 4759,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ин матлаб дар суҳбати мизи гирди раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 декабр баргузор гашт, зикр гардид. Барӯйхатгирии аҳолӣ барои гирифтани маълумоти оморӣ дар бораи шахсоне, ки дар мамлакати мо зиндагӣ мекунанд гузаронда мешавад. Маълумоти бақайдгирии аҳолӣ – омӯзиши на танҳо тағйироти хусусиятҳои миқдорӣ, инчунин, тағйироти сохтори аҳолӣ мебошад, ки барои таҳияи сиёсати давлат, барномаҳои банақшагирӣ ва идоракунии маъмурӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар нигаронда шудаанд, заруранд.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, аз 30 сентябри соли 2019, № 1356”, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 1 то 15 октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳуриро гузаронданд.
Ба тағйирёбии шумора ва сохтори аҳолӣ омилҳои таваллуд, фавт, муҳоҷират ва дигаргуниҳои маъмурию ҳудудӣ таъсир мерасонанд. Дигаргуниҳои маъмурию ҳудудӣ бошад, дар зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муҳити зист ба амал меоянд.
Дар мизи мудаввар иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ниҳоии “Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” дар давоми солҳои 2022-2024 дар 10 ҷилд ҷамъбаст ва дастраси истифодабарандагон мешаванд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат солҳои 2000, 2010 ва 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ сурат гирифт.
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 20318