иқтисод
ТУХМ АРЗОН МЕШАВАД, АГАР...
Имрӯзҳо яке аз сербаҳстарин мавзуи шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, хусусан тухм, мебошад. Ҳоло дар бозору нуқтаҳои яклухтфурӯшии маҳсулот арзиши як бастаи 30-донаии тухм ба ҷойи 31-35 сомонӣ 45-50 сомонӣ буда, дар супермаркетҳои пойтахт тухми «Порсиён» 52-60 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳамин шабу рӯзи соли гузашта дар пойтахт нархи як дона тухм ба ҳисоби миёна 75 дирам ва дар минтақаҳо то як сомониро ташкил медод.
БА БОЛОРАВИИ АРЗИШИ ТУХМ ЧӢ БОИС ГАРДИД?
Воқеан ҳам, танзими нархи хӯрокворӣ масъалаи ҳалталаб аст. Баъзе аз фурӯшандаҳо сабаби болоравии арзиши тухмро ба болоравии нархи маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ рабт медиҳанд. Аммо гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки қиматшавии нарх хусусияти мавсимӣ дорад, яъне дар фаслҳои тирамоҳу зимистон тухмдиҳии мурғҳо кам мешавад, аз ин рӯ, соҳибкорони маҳаллӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита тухмро бо нархи баландтар фурӯхта, фоидаи бештар ба даст оранд. Ин гап то куҷо асос дорад?
Аксари роҳбарони корхонаҳои парандапарварӣ мегӯянд, ки имкони паст кардани арзиши тухм танҳо дар сурати бо ғизои истеҳсоли худӣ таъмин гаштани корхонаҳои парандапарварӣ пайдо мешавад. Ба гуфтаи масъулони корхонаҳо, 70-85 дарсади арзиши аслии тухмро нархи ғизо ташкил медиҳад.
Суман Мазориева, сокини шаҳри Душанбе, аз гаронии нархи тухм шикоят карда, гуфт, ки ягона маҳсулоти хӯрдании дар қиёс ба гӯшту шакару равған арзон ва дастрас тухм аст, вале ҳоло дар ҳамаи бозорҳо ва мағозаву дуконҳои тухмфурӯшӣ қиматшавии он авҷ дорад. Ӯ ба суханаш идома дод: – «Касе интизор набуд, ки як дона тухм ба 2 сомонӣ мерасад. Ҳоло бо нархи 1,60 сомонӣ танҳо тухмҳои ҳаҷман хурдро харидан мумкин асту халос».
Муҷиддини Сайфиддин, сокини ноҳияи Данғара, гуфт: – Агар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ сари вақт чора андешанд, шояд раванди болоравии нархи тухм пешгирӣ ва муътадил гардонда шавад».
Абдулло Мирзоализода даҳ сол боз ба тиҷорати тухми мурғ машғул аст.
– Вақте тухмро аз корхонаҳои парандапарварӣ бо нархи қимат мехарем, онро чӣ хел арзон ба савдо барорем?
Ҷумъахони Тағой, тоҷири КВД «Бозори деҳқон» қимат шудани нархи тухмро, асосан, ба истеҳсолот рабт медиҳад. Ӯ гуфт, ки савдои тухм рӯз ба рӯз кам мешавад. Пештар тухмро 85 дирам ва 1 сомонӣ дастрас карда, болои ҳар як донаи он 7-10 дирам гузошта, мефурӯхтем. Айни ҳол як қуттиро, ки 30 дона тухм дорад, 44-47 сомонӣ мехарем.
МАСЪУЛОН ЧӢ АНДЕША ДОРАНД?
Ба хотири муайян кардани нархи тухм ба Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Аз Хадамот иттилоъ доданд, ки аз нимаи дуюми моҳи октябри соли равон афзоиши нархи маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарур, аз ҷумла тухми мурғ, дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Дар маҷмуъ, тағйирёбии нархи маҳсулоти мазкур танҳо дар як моҳи охир – аз 10 октябр то 10 ноябри соли равон дар анборҳои яклухтфурӯшии бозори «Фаровон»-и шаҳри Душанбе 11,3-22,4 дарсад афзудааст, як дона тухм 1,16-1,42 сомонӣ ва дар мағозаю марказҳои савдо бештар аз 1,50 сомонӣ мебошад. Бо фармоиши дахлдори Хадамот гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, фаъолияти субъектҳои соҳаи парандапарварӣ дар самти дурустии ташаккулёбии нархи тухм ва гӯшти мурғ мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
– Воқеан, баробари рушди ҳар соҳа душвориҳо низ, ба миён меоянд. Мушкили рақами 1-и парандапарварон гарон будани арзиши хӯроки паранда аст. Коркарду таъмини хӯроки омехтаи мурғ барои парандапарварон дар дохили кишвар басанда нест. То ҳол қисми бештари (70-80 дарсад) хӯрока – кунҷораи офтобпарасту лӯбиё, консентрати серсафеда, орди устухон, аминокислотаҳои лезин, метионин, маводи маъдании фосфати калий, премикс, фермент, равғани рустанӣ ва ғайраро аз хориҷи кишвар меорем. Агар раванди интиқоли он барои корхонаҳои ҷумҳурӣ каме халал ёбад, ба кори парандапарварон таъсири манфӣ мерасад ва, ҳамчунин, боиси кам гаштани саршумори паранда мегардад, – гуфт Машокир Назаров, директори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон».
1,5 МИЛЛИОН МУРҒИ ТУХМДЕҲ ТАЛАФ ЁФТ
Номбурда, ҳамзамон, тавзеҳ дод, ки аз тухмдиҳӣ баромадани мурғ, боло рафтани нархи истифодаи қувваи барқ, сӯзишворӣ ва минералҳо, ки дар таркиби хӯроки паранда истифода мешаванд, сабабҳои дигари қиматшавии тухм мебошанд. Ҳамаи ин ба арзиши аслии хӯроки омехтаи паранда таъсир мерасонад. Илова бар ин, зимистони соли гузашта ва баҳору тобистони имсола бо пайдоиш ва таъсири бемориҳои сироятии гуногуни паранда қариб 1,5 миллион сар мурғи тухмдеҳ талаф ёфт. Бо сабаби мушкилиҳои зикргардида, баъзе корхонаҳои парандапарварии самти тухм як қисм мурғони аз тухмдиҳӣ бозмондаро ба аҳолӣ фурӯхта, қисми дигарро барои истеҳсоли гӯшт забҳ намуданд. Яъне, нигоҳубини паранда нозукиҳои зиёд дорад, ки ба ҷо наовардани онҳо боиси талафот мешавад.
– Ҳамчунин, барои парандапарварон низ, мисли дигар соҳаҳои истеҳсолӣ, дарёфти бозори фурӯш нақши калон мебозад. Агар мо маҳсулот истеҳсол намоему онро фурӯхта натавонем, хӯроки парандаро низ, харида наметавонем. Боз, агар мурғ як рӯз бе хӯрок монад, тахминан 20 рӯз тухм намедиҳад, – гуфт Машокир Назаров.
Коршиносони масоили кишоварзӣ иброз медоранд, ки мувофиқи маълумоти расонаҳо, имсол дар бисёр мамлакатҳо истеҳсоли ғалладона, аз ҷумла гандум, чанд маротиб кам гашта, нархаш гарон шуд. Барои таъмини пурраи корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ беш аз 800 ҳазор тонна хӯрокаи тайёр лозим.
– Соли 2020 қариб 255 ҳазор, соли гузашта 487 772 ва даҳмоҳаи соли равон 603062 тонна хӯроки паранда бо иловаҳо аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Аргентина, Чин, Олмон, Беларус, Латвия ва дигар давлатҳо ба кишвар ворид шуд.
Кумита ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ба беш аз 4,3 миллион сар паранда эм гузаронд, ки дар ин давра ягон ҳолати бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашуд, – гуфт Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АГАР 1,8 МИЛЛИАРД ДОНА ТУХМ ИСТЕҲСОЛ ШАВАД…
Мувофиқи маълумоти Машокир Назаров, корхонаҳои парандапарварӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд шуда, шумораашон ба 215 расид, ки 102-тои он ба истеҳсоли тухм машғул мебошад. Корхонаҳо соли гузашта беш аз 1 миллиарду 53 миллион дона тухм истеҳсол намуда, ба фурӯш бароварданд. Дар назар аст, ки то охири соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли тухм ба 1,2 миллиард дона мерасад. Бино ба гуфтаи ӯ, то якуми ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 11,7 миллион сар паранда (4 миллион тухмдеҳ) мавҷуд буда, аз онҳо ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 90-120 миллион дона тухм истеҳсол мешавад. Дар нуҳмоҳаи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тухм беш аз 157 ҳазор дона афзуда, он ба 902,7 миллион дона расид. Дар ин давра аз ҳар сар мурғ 198 дона тухм гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 дона бештар мебошад. Саршумори паранда низ зиёда аз 229 ҳазор сар афзуд.
Аммо таҳлили вазъи имрӯзаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тухм дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшуда эҳтиёҷоти аҳолии ҷумҳуриро пурра қонеъ намесозад. Тибқи меъёрҳои муайяншудаи сабади истеъмолӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон тасдиқ шудааст, ҳар як сокини кишвар тули як сол ба 194,4 дона тухм талабот дорад. Барои расидан ба он дар кишвар бояд соле беш аз 1,8 миллиард дона тухм ба даст орем. Аз ин рӯ, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухми парандаи истеҳсоли ватанӣ нисбат ба меъёрҳои қабулгардида беҳбудиро тақозо менамояд.
ХУЛОСА
Масъалаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ на танҳо дар як ё чанд кишвар, балки дар ҷаҳон бармало мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҳалли масъаларо имконпазир медонанд. Аз ҷумла, барои рушди бештари соҳа хуб мебуд, агар арзиши неруи барқ барои корхонаҳои парандапарварӣ нисбатан кам шавад. Ин имтиёз боиси коҳиши арзиши аслии маҳсулоти паранда гардида, ҳамчунин, теъдоди корхонаҳо низ меафзояд. Илова бар ин, зарур аст, ки муҳлати Барномаи маҷмаавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тамдид гардад.
– Барои ҳалли масъалаи бо тухми паранда пурра таъмин кардани аҳолӣ, пеш аз ҳама, ҳамкориҳоро бо олимон зич ба роҳ монда, бояд шумораи корхонаҳои истеҳсоли парвариши мурғони сертухмро дар шароити хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ зиёд намоем, зеро мардуми мо аз ин кор дур шудаву аз деҳот ба шаҳрҳо омада, тухму гӯшти паранда мехаранд. Дар ҷумҳурии мо беш аз яку ним миллион оила асту қариб 70 дарсади онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Агар ҳар оилаи деҳотӣ на камтар аз даҳ сар паранда парварад, саршумори он то 10 миллион зиёд шуда, маҳсулот ду баробар меафзояд, – гуфт Давлатҷон Комилзода, узви Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Дар назди КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» таъсиси озмоишгоҳи махсус барои ташхиси саривақтии бемориҳо ва аз санҷиш гузарондани сифати маҳсулоти соҳаи паранда талаботи замон аст, зеро зуҳури бемориҳо яке аз омилҳои коҳиш ёфтани саршумори паранда ва аз тухмдиҳӣ мондани онҳо мегардад. Умед дорем, ки вобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта, Вазорати кишоварзӣ ва КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» бо роҳбарони корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ аз тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, нархи тухмро дар бозорҳо коҳиш медиҳанд ва сокинонро бо ин маҳсулоти парҳезӣ пурра таъмин менамоянд. Аз гуфтаи коршиносон ва мутахассисони соҳа бармеояд, ки боло рафтани нархи тухм дар бозорҳои кишвар муваққатӣ буда, дар ояндаи наздиктарин боз ба сатҳи пештараи худ бармегардад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.12.2022 №: 235 Мутолиа карданд: 1134