logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ХОЛИД АЛ-ФОЛЕҲ

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид. Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо    муҳим арзёбӣ карда шуд.
Таъмини рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид намуданд.
Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ, низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.
Дар рафти суҳбат вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Арабистони Саудӣ миннатдории хешро барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур иброз намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2022    №: 248    Мутолиа карданд: 683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед