маориф
МАОРИФ. СОҲАЕ, КИ ТАМАДДУН МЕОФАРАД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба масъалаҳои маориф, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, тақвияти ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Зикр гардид, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм, 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб яку ним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин пешравиҳо, дар самти маорифи кишвар, Пешвои миллат иброз намуданд, ки корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро дар мадди аввал қарор додааст.
Яке аз тадбирҳои судманде, ки Сарвари давлат тавассути паёмҳои хеш ироа менамоянд, ин сол то сол тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, мебошад.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Пешвои миллат дар ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабро ҳамчун боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин донистанд, зеро масъалаи саводу маърифат, илму дониш, мактабу маориф аз рӯзҳои нахустини фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат дар таваҷҷуҳи доимияшон қарор дорад.
Бо таъкиди Пешвои миллат, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Вобаста ба ин, изҳор доштанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад, зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеаву касодии давлат мешавад.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд.
Зулҳия НОЗАКЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.2022 №: 248 Мутолиа карданд: 747