logo

иқтисод

САНГВОР. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди ноҳияи Сангвор давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи Истиқлоли Тоҷикистон, пешрафт ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад, – иброз дошт раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”. 
 
Ноҳия дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, олами ҳайвоноту наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффофу шифобахш барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошанд. Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм бастагии зич дорад.
Дар доираи имконоти мавҷуда корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию  фарҳангӣ  ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо  бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Дар байни аҳолӣ  мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати дурусту комил дарк сохтани арзишҳои ваҳдати миллӣ,  Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, ифтихори миллӣ, ватандорӣ, ватандӯстӣ, ба роҳ монда шудаанд. 
 
МО ДАСТОВАРДҲОИ МОЛИЯВӢ ДОРЕМ!
– Мусаллам аст, ки тамоми комёбиҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, тиббиву маърифатӣ, варзишиву сайёҳӣ аз даромадҳои молиявӣ вобастаанд, - гуфт дар идомаи мусоҳиба раиси ноҳия. – Аз ин рӯ, мо мекӯшем, ки пайваста қисми даромади буҷет боло равад. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҷои 9 миллиону 41 ҳазору 996 сомонии нақшавӣ 14 миллиону 903 ҳазору 20 сомонӣ ба хазина ворид гардид, ки он ба 165 дарсади нақша баробар аст, яъне  нисбат ба нақша 5 миллиону 861 ҳазору 24 сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 162 дарсад иҷро шуд. Маблағҳои воридшуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта низ зиёд мебошанд. Қисми хароҷоти буҷет бо тағйиру иловаҳо ба ҷои 23 миллиону 627 ҳазору 701 сомонии нақшавӣ 28 миллиону 479 ҳазору 891 сомонӣ иҷро гардид. Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1 ноябри соли 2022-юм 534 ҳазору 422 сомониро ташкил медиҳанд, ки он нисбат ба аввали сол 88 ҳазору  424 сомонӣ кам шудааст. Ин дар натиҷаи иҷро гаштани пардохтҳои ҳамаи намудҳои андоз ба даст омад.  
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шохаҳои рушди устувори иқтисодиёт мебошанд
Дар асоси дастуру тавсияҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, барои рушди соҳибкорӣ усули “Равзанаи ягона” – ро ба роҳ мондем ва дар ёздаҳ  моҳи соли  равон дар ҳудуди ноҳия 114 субъекти соҳибкории инфиродӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҳисоби 39 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият дорад, ба буҷет 122 ҳазору 811 сомонӣ ворид гардид, ки он 108 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд, 67 нафар буда, дар ин муддат 98 ҳазору 236 сомонӣ ба буҷет ворид намуданд. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар ин давра 21,9 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ, 345,1 ҳазор сомонӣ андози содакардашуда ва 51,6 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ пардохт гардид. Ҷамъи андозҳое, ки соҳибкорон пардохтаанд, 481,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
– Пӯшида нест, ки яке аз роҳҳои асосии рушди соҳибкорӣ бо маблағ таъмин намудани соҳибкорон ба ҳисоб меравад, – тазаккур дод Маҳмадшоҳ Давлатзода. – Имсол филиали №21 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳия ба 105  корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои бонкӣ хизмат мерасонад, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ ба 5 ҳазору 894 нафар расидааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ба аҳолӣ 1 миллиону 696 ҳазору 227 сомонӣ қарзҳои дарозмуддат дода шудааст, ки он дар муқоиса ба соли 2021-ум, мутаассифона, 411 ҳазору 272 сомонӣ кам мебошад. Мо бояд дар ин самт нақшаҳоеро роҳандозӣ намоем, ки соҳибкорон ба гирифтани қарзҳои дарозмуддат ҳавасманд шаванд. 
 
ДАР КӮҲИСТОНИ САНГВОР СОХТМОН НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД
– Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии инфрасохтор мавқеи хоссаро ишғол менамояд, – гуфт раиси ноҳия. – Аз ин рӯ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 «Дар бораи Ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, дар ин бора қарори раиси ноҳия низ аз 7 июни соли 2022, таҳти № 223 ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур ба муносибати 35- солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 65 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тарҳрезӣ шудааст.  Аллакай, ба ин муносибат, 10 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохтмони 3 пули пиёдагузар дар деҳоти Ваҳдат, хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароит  ба ду шахси бепарастор дар деҳаи Саркорони деҳоти Заршӯён, сохтмони толори варзиш дар деҳаи Шакоби деҳоти Чилдара, соҳилмустаҳкамкунии маҷрои дарёи Хингоб дар деҳаҳои Тавилдара ва Ёзғанд, сангфарш намудани роҳи деҳаи Шаҳринави деҳоти Тавилдара, таъмиру азнавсозии пули мошингузари деҳаи Чилдараи деҳоти Чилдара, тоза кардани дараи Саёди деҳоти Вахиё ва сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Хипшони деҳоти Заршӯён. 
Соли 2022 барои сохтмони асосӣ дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ин маблағ мувофиқи нақша барои сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, азнавсозии боғи фарҳангии маркази ноҳия, таъмири бинои Ҷамоати деҳоти Тавилдара ва сохтмони пойгоҳи бодуҳавосанҷии деҳоти Тавилдара пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангӣ  идома доранд. Ҳамчунин, биноҳои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Хури деҳоти Вахиё ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сариҷангали деҳоти Тавилдара сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 98 адад иҷозатнома барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дода шуд, ки нисбат ба соли 2021-ум  8-то зиёд мебошад.
АЗ ОБИ НОБ РӮЁНЕМ МАҲСУЛОТ
Кишоварзӣ соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Деҳқонону боғдорон бо истифода аз ҳавои мусоид кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1540 га ғалладона (100%), 1136 га картошка (102%), 214 га сабзавот (100%), 4 га полизӣ (100%), 50 га зағир (100%) ва 52 га хӯроки чорво (100%) кишт шуд ва ҳосили дилхоҳ ба даст омад.  
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ёздаҳ моҳ ба  232,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли рафта,  6 миллиону 711 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад Ҳамчунин, 2065 тонна гӯшт,  10791 тонна шир    ва 2 миллиону 792 ҳазор дона тухми мурғ истеҳсол гардид. Ҳамаи ин пешравиҳо дар натиҷаи беҳсозии ҳолати заминҳо ба даст омаданд, – гуфт раиси ноҳияи Сангвор ва ба суханаш чунин идома бахшид. – Мо пайваста ва муттасил ба марзаҳо ва боғот аҳамият медиҳем. Дар тавозуни идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрӣ 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, дарозиаш ба 46,2 км мерасад ва ба аҳолӣ  хизмат мерасонад. Идораи мазкур барои бо оби полизӣ таъмин намудани 863 га замин шартнома ба имзо расондааст. Аз ҳисоби пешпардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли равон 65 ҳазору 200 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 3 ҳазору 259 сомонӣ зиёд мебошад. Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, № 285 “Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” идораи мазкур ба масоҳати 10533 метр, ба маблағи 1195 611 сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба анҷом расондаанд.
 
РОҲҲО ДАР КӮҲИСТОН ПАЙВАНДГАРИ МАСИРҲО
– Сангвор маъвои дӯстдорони сайёҳон ва дилбохтагони табиати нотакрор буда, бо иқлими мусоид дар фасли тобистон ва тобишҳои рангоранги зимистони сарду пурбарф диққати сайёҳони ҷаҳониро ба худ ҷалб месозад. Таваҷҷуҳ ба ин гӯшаи диёр ҳамасола меафзояд, бинобар ин, роҳи мошингард барои ба ин макони пурфайз омадан воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Нуробод – Сангвор – Дарвоз мебозад, ки талаботро дар интьиқол додани сайёҳон ва кашондани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд.
Муассисаи роҳсозии ноҳия нигоҳдории 101,4 км роҳро ба уҳда дошта, дар ёздаҳ моҳи  соли 2022 корҳои таъмириро ба маблағи 394 ҳазору 214 сомонӣ иҷро намудааст.
Дар тавозуни муассисаи роҳдории ноҳия 8 техникаи махсус мавҷуд буда, 6 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад. Муассиса тамоми имкониятро баҳри хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва меҳмонон истифода мебарад, то ки онҳо дар ин макони дилнишин ба орзуҳои худ бирасанд, – гуфт Маҳмадшоҳ Давлатзода. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2022    №: 248    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед