logo

туризм

САЙЁҲӢ ДАР СОЛИ 2022: ДАСТОВАРДҲО ВА ИНТИЗОРИҲО

 
Соли 2022 соҳаи сайёҳӣ дар баробари рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ беҳтару мустаҳкамтар намуд. Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соли ҷорӣ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ андешида шуданд.
 
ТАКМИЛИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ  ТАНЗИМКУНАНДАИ СОҲА
Рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ давлат бо таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии қонунгузорӣ вобастагӣ дорад. Соли ҷорӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” маҷмуи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки бевосита ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар ин давра лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тартиби пешбурди феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасониҳои фаъолияти субъектони сайёҳӣ; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар хусуси Конвенсияи қолабӣ оид ба одоби сайёҳӣ; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тартиби истифодаи захираҳои сайёҳӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд. Дар баробари ин, лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳӣ,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (нақшаи амал барои солҳои 2023-2026), Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Низоми ёридиҳандаи омори сайёҳӣ TSA (Tourism Satellite Account) мавриди омӯзиши ҷонибҳои дахлдор қарор доранд.  
 
РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲӢ  ВА ИМКОНИЯТҲОИ ОН    
Бо мақсади мукаммал намудани инфрасохтори соҳа ва дар ин замина пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ як қатор иншооти сайёҳию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инҳо меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс” (The Rumi Hotel and Residences), Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”, тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe) дар шаҳри Душанбе, боғи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Данғара, боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” ва маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд, боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар шаҳри Гулистон, Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ ва Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи ҳамном, меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” дар шаҳри Панҷакент, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин» дар шаҳри Исфара, Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” дар шаҳри Истаравшан, боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” ва Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” дар шаҳри Конибодом, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Панҷ, Маҷмааи хизматрасонии “Малика” дар ноҳияи Деваштич мебошанд. 
Тибқи омори расмӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли равон 183 меҳмонхона, 6 меҳмонхонаи 5-ситорадор, 21 меҳмонхонаи 4-ситорадор, 16 меҳмонхонаи  3-ситорадор, 3 мехмонхонаи 2 - ситорадор, 2 меҳмонхонаи 1-ситорадор ва 135 меҳмонхонаи бедараҷа, инчунин, 29 хостел ва мотел, 51 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 кемпинг ва 5 базаи сайёҳиву истироҳатӣ фаъолият доранд.
 
ИШТИРОК ДАР НАМОИШГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Таҷрибаи байналмилалӣ барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои сайёҳони нав нишон медиҳад, ки муаррифии захираҳои бойи сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ аҳамияти калон дорад. Дар доираи ин тадбирҳо намояндагони соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Федератсияи Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуданд, иштирок намуданд.
Маводи тарғиботию иттило-отӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, бо назардошти майли дӯстдорони саёҳат, аз ҷумла иқтидори ғании табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни бою қадимӣ таҳия ва пешниҳод гаштанд.
 
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ 
Соли 2022 дар соҳаи сайёҳӣ санадҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Эрон ва Беларус ба имзо расиданд.   
Бояд гуфт, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ то имрӯз бо кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, ҳамкории дуҷониба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Дар маҷмуъ, 13 санади имзошуда байни кишварҳои хориҷӣ амал мекунанд.
Имрӯзҳо беш аз 20 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои Ҳиндустон, Малайзия, Словакия, Руминия, Британияи Кабир, Италия, Ҷумҳурии Корея, Миср, Туркия, Олмон, Канада, Лаҳистон, Сингапур, Чин, Ҷопон, Сербия, Филиппин, Тунис, Исроил, Умон, Арабистони Саудӣ, Бразилия, Қатар, ИМА, Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ мавриди корбарӣ қарор доранд.
Ҳамзамон, бо ҷалби мақомоти сайёҳӣ, коршносону суъбектҳои хизматрасони сайёҳии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи  Россия, Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳамоишҳои байналмилалӣ ташкил гардиданд, ки дар ҳошияи он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ беш аз 120 санади ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
 
МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ КИШВАР
Дар замони муосир воситаҳои ахбори омма муаррифгари асосии захираҳои сайёҳӣ мебошанд. Дар ин замина, пахш гардидани барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои шабакаҳои телевизионии кишвар ва дигар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ беш аз 50 ролики сайёҳӣ оид ба назокату зарфиятҳои сайёҳии кишвар таҳия гардида, тавассути воситаҳои ахбори омма пахш мешаванд.
Дар ин давра барои филмбардорони Олмон ва рӯзноманигорону блогерони Арабистони Саудӣ ва Эрон пресс-турҳо ташкил гардиданд.
Ҷиҳати иттилоотонии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба навгониҳо ва дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат сомонаи расмии Кумита www.ctd.tj ва портали миллии сайёҳӣ www.traveltajikistan.tj фаъол буда, пайваста маълумотҳои зарурӣ ҷой дода мешаванд. Дар баробари ин, дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар», дар  шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хабару гузоришҳо оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва тамоми имкониятҳои соҳа ба нашр мерасанд. Солҳои охир барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба  Тоҷикистон идҳои миллии анънавии Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ гардида истодаанд.  
 
АРЗЁБИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН  КИШВАРИ САЙЁҲӢ
Маҳз натиҷаи тарғибу ташвиқи васеи иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷ аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар радабандиҳои ҷаҳонӣ тибқи арзёбиҳои созмону шабакаҳои бонуфузи иттилоотии байналмилалӣ дар соли равон мавқеи намоёнро ишғол намуд.
Бино ба ҳисоботи маркази таҳлилии хадамоти сафар ва сайёҳии "Tutu.ru", Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои россиягиҳо шомил гардид. Аз рӯи натиҷаҳои пажӯҳиши хадамоти банақшагирии сафарҳои "OneTwoTrip", миёни кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистон барои сайёҳони рус маҳбубият пайдо кард. Ҳамчунин, тибқи пажӯҳиши хадамоти банақшагирии сафарҳои "OneTwoTrip", Тоҷикистон ба радабандии 20 самти арзон ва мувофиқ шомил гардид, ки аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳӣ мураттаб шудааст. Аз рӯи маълумотҳои дафтари матбуоти «Яндекс.Травел», Тоҷикистон барои сафарҳои хориҷӣ дар байни давлатҳои қатори аввал ҷиҳати саёҳат ва сафар барои москвагиҳо дар моҳи июни соли равон шомил гардид. Дар ин давра Фурудгоҳи бузурги Москва – Внуково  маъмултарин самтҳои сайёҳӣ дар мавсими тобистонро номбар кард, ки хатсайри Москва – Душанбе тобистони соли ҷорӣ ба қатори панҷгонаи маъмултарин самтҳои байналмилалӣ шомил шуд. Моҳи ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон дар ТОП 10 кишваре, ки русҳо мехоҳанд таҷлили соли навро гузаронанд, ҷои дуюмро гирифт. Коршиносон Тоҷикистонро аз ҷумлаи самтҳои машҳури Россия дар соли нави мелодӣ ном мебаранд. 
 
ОМОРИ ГАРДИШИ САЙЁҲОН АФЗУН МЕГАРДАД
Мувофиқи омори расмӣ, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 685,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф овард, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 баробар зиёд мебошад. Сайёҳон, асосан, аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Афғонистон, Чин, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, ИМА, Олмон, Покистон, Канада, Корея, Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик буданд. Афзоиши сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, қабл аз ҳама, ба амнияту субот, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоиди сайёҳӣ дар кишвар рабт дорад. Шумораи сайёҳони дохилӣ дар ин муддат 322658 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85475 нафар ё ин ки 136 фоиз зиёд мебошад. 
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда ном мебарад. Талошҳои мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба он равона гардидааст, ки бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда шумораи гардиши сайёҳон ба беш аз 1 миллион нафар расад. 
ТАҚВИЯТИ НЕРУИ КАДРӢ ВА ОМОДАСОЗИИ  МУТАХАССИСОНИ БАЛАНДИХТИСОС
Айни замон дар беш аз 15 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи ихтисоси сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳӣ аз Тоҷикистон 5 донишҷӯ тариқи грант ба зинаи магистратураи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Ӯзбекистон ба таҳсил фиристода шуд.
Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ шароити мусоид ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ва фарогирӣ бо курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Дар ин давра аз рӯи ихтисосҳои пешхизмати тарабхона, пешхизмати меҳмонхона, роҳбалад, барандаи экскурсия беш аз 500 донишҷӯ ба омӯзиш фаро гирифта шуд.
Баҳри рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ омода кардани мутахассисони донандаи забон, фарҳанг, таърих ва технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва тақвияти неруи инсонӣ, аз ҷумла идоракунии ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, тарабхонадорӣ, роҳбалад, тарҷумон ва маркетолог дар сатҳи байналмилалӣ зарур аст. Бо назардошти ин, тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, дар донишгоҳу донишкадаҳои бахши сайёҳии кишварҳои хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ баробар тақсим шуда, донишҳои ба таври назариявӣ азхудкарда дар амалия таҷриба карда мешаванд. Ҷорӣ намудани таҷрибаи мазкур дар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.
 
САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА МИНТАҚАҲО
Гурӯҳҳои кории Кумитаи рушди сайёҳӣ, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ таъсис ёфтаанд, ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар шуданд. 
Дар рафти сафар гурӯҳҳои корӣ ва масъулони мақомоти маҳаллӣ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати меҳмонхонаҳои сарироҳӣ, ҳомстей, гестҳаус, тарабхона, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар соҳа, ба талабот ҷавобгӯй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ, мабразу дастшӯйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ, фароҳамоварии шароити хизматрасонӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи беҳтару бештари имкониятҳои сайёҳии маҳаллӣ берун аз ҷумҳурӣ, фаъолсозии хатсайрҳои сайёҳӣ, роҳандозии фаъолияти самараноки ширкатҳои сайёҳии маҳаллиро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои корӣ барои гузарондани таҳлил аз рафту омад ва тарзи қабулу гусели мусофирон аз фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва терминалҳои мусофирбарии тамоми минтақаҳои сайёҳгузар дидан намуданд. Натиҷаи таҳлилҳои гурӯҳҳои корӣ бо назардошти пешниҳодҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
 
ИНТИЗОРИҲО АЗ СОЛИ МЕОМАДА 
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки иқтидору зарфиятҳои соҳаи сайёҳиро дар соли нави меомада дар шаклу сифати наву беҳтар ба ҷаҳониён пешниҳод дорад, то шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташриф меоварда афзун гардад. Дар ин робита, дар баробари иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ҳамзамон баргузор намудани форум, намоишгоҳ ва фестивали байналмилалӣ дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ низ дар назар дошта шудааст.  
Таҳия ва интишори бештари маводи иттилоотиву тарғиботӣ ҳам аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони мақоми ваколатдор дар соли оянда хоҳад буд. Дар ин давра кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Гузашта аз ин, дар нақша ҳаст, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ инфрасохтори соҳа дар минтақаҳои дурдасти сайёҳӣ рушд дода, сифати хизматрасонӣ беҳтар карда шавад.   
Имрӯзҳо татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳа ба баланд бардоштани ҷолибияти маҳсулоти сайёҳии миллӣ таъсири мусбат расонда,  ба таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии кишвар замина мегузорад. Мутмаинем, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар оянда низ фаъолияти пурсамари хешро оид ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ давом дода, дар пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузорад.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, 
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2022    №: 248    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед