Хабарҳо
БАДАХШОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ
Дар доираи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев боздид намуд. Ректори Донишгоҳ Амид Комилбек дар бораи раванди таълиму тарбия ва пойгоҳи моддию техникии муассисаи олии касбӣ маълумот дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар рафти шиносоӣ Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҳолати таълиму тадрис, фаъолияти устодон, корҳои тарбиявӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Донишгоҳ, аз ҷумла толори шурои олимон, парки технологӣ, маркази бизнес - инкубатор, маркази сайёҳӣ, лабораторияҳои муосири биология, физика, химия, геология, сохтмони иншооти гидротехникӣ, сангтарошӣ, ҳуҷраҳои кории устодон, ки соли таҳсили ҷорӣ навсозӣ шудаанд ва раванди корҳои бунёдкорӣ дар самти ташкили маркази муосири тестӣ, студияи сабткунӣ, китобхонаи илмӣ, синфхонаи лексионӣ шинос гардид.
Раиси ВМКБ таъкид намуд, ки Донишгоҳ бо истифода аз иқтидори зеҳнии худ муҳаррики пешбарандаи сиёсати давлатӣ ва идеологияи миллӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим, корҳои идеологию тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон, тарбияи донишҷӯён дар руҳияи ҳувияти миллӣ, ватандӯстдорию арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову ҷинояткор таъкид рафт.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 18213