сиёсат
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: ТАЪМИНИ ЗАМИНАҲОИ РУШДИ БОСУБОТИ МАМЛАКАТ
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди кишвар пайваста руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати “дарҳои кушода”, инчунин, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумӯи минбаъдаи мамлакатамон имкониятҳои нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.
БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМИНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии дигар, аз ҷумла ба беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ нигаронда шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ алоқаманданд.
Нуктаи меҳварии паёмҳои Пешвои миллат банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат банақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, таъкид намуданд, ки «дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд».
Бо ин назардошт, таъкид намуданд, ки механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Қобили зикр аст, ки мавриди таваҷҷуҳи бевосита қарор додани самти мазкур, бо назардошти захираву имкониятҳои кишвар дар Паёми Пешвои миллат, пеш аз ҳама барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат мусоидати амиқ намуда, дурнамои рушд ва таҳкими низоми иқтисоди кишварро таъмин месозад.
Ҳамчунин, дар самти таҳкими соҳаи мазкур зикр шуд, ки дар ин раванд ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Аз ҷумла, дар се соли минбаъда бо мақсади таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки бевосита барои муайянсозии дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла:
1. Консепсияи мудофиаи миллӣ;
2. Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ;
3. Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо;
4. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат;
5. Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
7. Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон.
Барои истифодаи самараноку мақсаднок ва ҳадафмандонаи захираҳои табиии кишвар, пурзӯр намудани ҳиссаи иқтисоди миллӣ, истифодаи манфиатноки он ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки «Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо»-ро таҳия ва мавриди амал қарор диҳад.
Ҳамчунин, таъкид ба амал оварда шуд, ки бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст. Вобаста ба ин, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур дода шуд, ки «Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл»-ро омода ва амалӣ намояд.
Ҳамчунин, дар ин замина, оид ба соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ, бобати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ» дастур дода шуд.
Дар робита ба ин, оид ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа дар заминаи паёмҳои Пешвои миллат имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардиданд.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон қабул карда шаванд.
Қабули ҳуҷҷатҳои болозикр, дар рушди низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар заминаи мусоид эҷод менамоянд.
ТАВАҶҶУҲИ АФЗУНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОҲАҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр ҳанӯз дар оғози давлатдории навини мо дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Чи тавре ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 ба 87 миллиард сомонӣ расонда шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 дар соли 2022 то 22,5 фоиз коҳиш дода шуд.
Дар ин давра беш аз 900 000, аз ҷумла 190 000 ҷойҳои кории нав дар соли 2022 таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382000 хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 000 хонанда ба истифода дода шуда, дар зарфи 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони Шуравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
Инчунин, агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 000 нафар расидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз; аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз; андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на камтар аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.
Роҷеъ ба нақши маориф бори дигар таъкид шуд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонист.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ арзёбӣ шуд.
Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Таъкид шуд, ки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олиро мебояд бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Пешвои миллат вобаста ба тамоюли афзуншавии аҳолии мамлакат дар қиёс бо соли 1991, ки 5 миллион нафар ва ба ҳолати моҳи июли соли 2022-юм 10 миллион нафарро ташкил дод, таъкид доштанд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондани онҳо зарур аст. Дар ин замина, тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.
Аз рӯи натиҷагириҳои Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ, аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Инчунин, рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини соҳа арзёбӣ шуд.
Сиёсати давлатӣ дар самти тақвияти мавқеи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намудааст. Барои мисол, зикр шуд, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла қариб 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро бонувону занон ташкил медиҳанд. Бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.
Пешвои миллат аз нақши грантҳои президентӣ дар густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва беҳтар шудани шароити оилавии онҳо ёдовар шуда, зикр намуданд, ки занону бонувони соҳибкор дар рушди иқтисоди кишвар таъсири назаррас доранд.
Мутобиқи дурнамои сиёсати давлатӣ дар самти бонувон, ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшида мешавад, зеро онҳо қувваи бузурги ҷомеа буда, давлату Ҳукумат ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорад.
Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон аз оғози давлатдории миллии мо мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд рӯи кор оварда мешаванд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Чунончи, аз мушоҳидаи падидаҳову чолишҳои ҷаҳони муосир бармало маълум мегардад, дар асри мо идеяву назарияҳои нав омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, тарбияву парвариши насли солиму ватандӯст дар руҳияи арзишҳои миллӣ, ҷавонони хушзавқу ихтироъкор ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва ояндаи пойдори ҳар ҷомеаву давлат маҳсуб меёбад.
РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, махсусан бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои минбаъдаи он падидаи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ рӯи кор омад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор дар даврони Истиқлол 23 маротиба бо паёмҳои худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад намуданд.
Таҳлили паёмҳо собит месозад, ки онҳо вобаста ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ, бо таҳлилҳои воқеии вазъи кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди арзёбӣ сурат гирифта, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, бо назардошти вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамо, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳо самт-ҳои гуногуни сиёсати ҳуқуқии кишвар фарогир буда, заминаи онро таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, бо мақсади таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила, таҳкими фаъолият бо мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун рушд намуда, яке аз воситаҳои муҳим дар такмили он маҳз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ дар самти ислоҳоти низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила, мутобиқ гардондани онҳо ба стандартҳои милливу байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бояд зикр намуд, ки хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ иборатанд. Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии кишвар дар иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ин қобили тазаккур аст, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.
Метавон иброз намуд, ки бахшҳои меҳвариву бунёдӣ ва асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро дар самти рушди сиёсати ҳуқуқӣ чунин масъалаҳо фарогир мебошанд:
1. Бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуд, ки қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад. Ин ташаббус имкон фароҳам меорад, ки ба самти фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва амсоли ин имтиёзҳои содагардонидашудаи фаъолиятӣ ҷорӣ гардида, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур муттаҳид карда шаванд.
2. Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардондани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада, сохтору мақомоти марбута вазифадор карда шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
3. Бо мақсади рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар зарур шуморида шуд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Дар шароити кунунӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби парлумони кишвар қабулгардида танзимгари муносибатҳои гуногуни ҷомеа дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба шумор рафта, боиси рушди кишвар гардидаанд. Пешвои миллат баҳри тақвияти фаъолият дар ин самт иброз доштанд, ки “вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад. Ин масъала, дар навбати худ, ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд”. Яъне, вакилони парлумон танҳо дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ метавонанд оид ба талаботи рӯз мутобиқ намудани қонунҳо саҳм гузоранд ва лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро таҳия ва пешниҳод намоянд. Танҳо чунин раванд метавонад дар муқаррарнамоии меъёрҳо ба низоми рушди соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, механизми фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тақвият бахшад.
4. Бо назардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо, зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад. Бояд зикр намуд, ки таҳкими фаъолияти мақомотҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ ҳамчун василаи муҳим дар амалигардонии воқеии меъёр, стандарт ва нишондодҳои асосии пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият таъмингари қонуният ва адолати судӣ мебошад, ки пайваста дар паёмҳои Президенти мамлакат дар самти тақвияти таъмини кадрҳои баландихтисос ва кордон ба ин ниҳод ва бартарафсозии монеаҳо дар фаъолияти онҳо ҷойдошта, масъалагузорӣ мегардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.
5. Барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ зарур шуморида шуд. Бо ин назардошт, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки “имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Вобаста ба ин, аз мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҷиддан тақозо гардида, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва тарбияи онҳо дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ таъкид карда шуд.
ТАЪКИДҲО БОБАТИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ташаббусҳои ҷаҳонии татбиқшудаи ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили об, аз қабили «Соли оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар масоили об» (соли 2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки мавриди амал қарор дорад, далели возеҳи нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мубрамияти масоили баррасишаванда мебошанд.
Мубрамияти хос доштани масъалаи ҳифзи муҳити зисти солим дар ҷаҳони муосир, ҳамчун заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи башарият, бо назардошти тағйирёбии иқлим, таъсири инсон ба табиат – рушди рӯзафзуни технология ва намудҳои гуногуни саноат, воқеияти бебаҳс аст. Дар ин миён, яке аз масоили ҳалталаб пешгирии обшавии пиряхҳост, ки захираи бунёдии оби ошомидании тоза арзёбӣ мешаванд.
Маҳз дарки ҳамин воқеияти табиии сайёра аст, ки масоили тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар зарфи бист соли охир дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил буда, ба ҳайси узви фаъоли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, рисолати хешро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шарафмандона амалӣ менамояд.
Ин таъкид, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад, борҳо аз ҷониби Пешвои миллат аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ садо додааст. Ҳамчунин, бо истидлолу таҳлили амиқ манзур шуда, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Биноан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро барои таҳия ва татбиқи ҳарчи зудтари чораҳои зурурии муштарак оид ба ҳалли масоили экологӣ даъват намуданд.
Хушбахтона, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабр зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул кард. Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома ибтикороти Пешвои муаззами миллат бобати (1) эълон шудани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (2) Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; (3) таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ; (4) соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Мусаллам аст, ки муътақид сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва водор намудани созмонҳои байналмилалӣ барои пазироии пешниҳоду ғояҳои мавриди назари хеш кори саҳлу осон набуда, силсилаи тадбирҳои муназзаму мушаххас ва аз ҷиҳати ҳуқуқиву дипломатӣ асосноку нозукбинонаро тақозо менамояд. Истиқболи ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва қабул шудани қатъномаҳои дахлдор аз тарафи бонуфузтарин Созмони байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, иродаи матин, эътимоди қавӣ, завқи волои созандагиву беҳбудбахшӣ, пайгирии устуворонаи Пешвои муаззами миллат аз пешниҳодҳои манзуршуда то фарҷоми мусбати онҳост.
Чунончи шоҳид ҳастем, Пешвои миллат пешниҳодҳо ва мавқеи хешро бобати ҳифзи пиряхҳо зарфи ду соли охир дар суханрониҳояшон дар ҷаласаву мубоҳисаҳои созмону анҷуманҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2021, ш. Душанбе), мубоҳисаҳои мавзуии сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» (27.10.2021, ш. Душанбе), ҷаласаи панелии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (02.11.2021, ш. Душанбе), Нишасти 15-уми сарварони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (28.11.2021, Туркманистон), Паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар (21.12.2021, ш. Душанбе), маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (23.04.2022, ш. Душанбе), иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) (07.11.2022, шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср) пайгиронаву муътақидона ёдовар шуда, қабули қатъномаи дахлдорро ба амри ногузире мубаддал сохтанд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, бо камоли ифтихору сарафрозӣ аз қабули қатъномаи мазкур ёдовар шуда, ҳамзамон, ба тамоми кишварҳо, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ барои дастгирӣ аз ин ташаббуси Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати қабули ин қарори муҳиму таърихӣ самимона табрик гуфтанд.
Ҷиҳати татбиқи иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ якчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин росто, андешидани чораҳои зерини иловагиро ба манфияти кор медонем:
1. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузарондани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо соли 2025 дар шаҳри Душанбе вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзуъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи пиряхҳоро коркард намуда, ба хотири чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.
2. Бо мақсади омӯзиш, нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.05.2010, № 209) мавриди амал қарор дорад. Бо мақсади татбиқи Барномаи мазкур воқеияти ҳолати имрӯзаи пиряхҳо бозгӯи он мебошад, ки барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва амниятии нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳои ҳудуди мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» қабул карда шавад. Қабули Қонуни мазкур метавонад барои аз зинаи эътироф ба амалинамоии арзишҳои меъёрии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қонунгузории миллӣ такон бахшида бошад.
Қобили зикри хос аст, ки тамоми иқдому тадбирҳои зикршуда, консепсияву барномаҳои пешбинигардида, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшангари орзуву ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик аз сиёсати фарогиру хирадбунёди эшон, ки ҷавҳари онро шукуфоии мамлакату некуаҳволии мардум ташкил медиҳад, сарчашма мегирад.
Дар масири рушду пешрафти бемайлони кишвар, ки аз ҳар як сокини худогоҳу ватандӯсти кишвар меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, кору пайкори якдилонаву дастаҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона баҳри ояндаи дурахшони давлат ва сарбаландии наслҳои миллатро тақозо мекунад, моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахш ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро, ки раҳкушои мо ба фардои дурахшон мебошад, сармашқи фаъолият ва кору зиндагии худ қарор диҳем. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: «Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон софдилонаву содиқона хизмат кунем, боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2022 №: 249-250-251 Мутолиа карданд: 724