фарҳанг
ЁДГОРИ АҲЛИ ДИЛ
Устод Садриддин Айнӣ сабаби аз эҷоди назм ба наср гузаштанашонро дар он медонистанд, ки майдони назм ва қолаби шеър ба ҳолати воқеаҳои тасвирмекардаашон тангӣ кардааст.
Дар адабиёти муосири мо чанде аз шоирон дар пайравӣ ба устод бошад ва ё аз тангии майдони тасвири ҳодисаю воқеаҳо ба наср рӯ оварда, аксаран муваффақ ҳам шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ, устоди азизу зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ яке аз онҳост. Ӯ ба наср рӯ оварда, якбора на ягон жанри хурди адабӣ (масалан, ҳикоя ё қисса), балки пайи ҳам ду роман: «Васваса» ва «Талош»-ро эҷод намуда, ҳаводорону дӯстдорони каломи бадеъро шоду ҳайрон сохтанд. Ба ин романҳо Абдулҳамид Самад, Асадулло Саъдуллоев ва Нур Табаров сарсуханҳои пурмеҳр нигоштаанд.
Романҳо бо тасвири осонбаёнию шавқовар эҷод гаштанашон диққати хонандаро зуд ба худ кашида, ба завқу ҳаяҷон меоваранд. Ин аст, ки хонанда онро гоҳе ханда дар лаб, гоҳе ашк бар чашм мутолиа менамояд. Нур Табаров менависад, ки «қаҳрамонони устод Ш. Ёдгорӣ на ашхоси сохтаю бофта, балки имрӯз ҳам сокини он деҳу навоҳианд, зиндаю саломат».
Дар «Васваса» ҳар фасл аз муколамаи одаму шайтон оғоз шуда, ин муколама мақсаду мароми фаслро мекушояд. Романи «Талош» аз забони қаҳрамони асосии он Афзал нақл карда мешавад.
Эҷодкорон оинаи миллатанд. Табиист, ки ҳар нооромию хушунате, ки аз сари миллат мегузарад, пеш аз ҳама, дили нозуки онҳоро мехарошад ва аз ҳама аввал онҳо аксуламал нишон медиҳанд.
Устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз воқеаҳои чанд соли охири асри гузашта ва ибтидои асри нав, ки таҳмилӣ буданд ва онҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонданд, бетараф монда натавонист.
Мавзуи романи «Васваса» оғози ҳамон даргириҳост, ки қаҳрамонони асосии асар онҳоро маҳкум менамоянд, бо онҳо мубориза мебаранд.
Устод, ки воқеаҳои даҳшатовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро маҳкум мекарданд, дар як шеърашон навишта буданд:
Ҷанги онрӯзаи ту ҳиллаи шайтонӣ буд,
Ғафлати миллату ҳангомаи сарсонӣ буд.
Мулк дар панҷаи хунин дами вайронӣ буд,
Падаро, ҷанг макун, бори дигар ҷанг макун!
Романи «Талош» низ чун «Васваса» ба кору зиндагии мардуми деҳот бахшида шудааст, вале қаҳрамонони роман Афзалу Гулдаста, бобои Ато, Хуррам, Нурмат ва дигарон ба зиндагӣ диди дигар доранд, инсонҳои самимию покизатинатанд, ки ҳар яке баҳри пешрафти ҳаёт талош доранд. «Талош»-ро метавон қиссаи ишқи деромада, вале самимии Афзалу Гулдаста номид.
Ин романҳои устод пур аз ибораю ҷумлаҳоеанд, ки бӯи шеър доранд, яъне мисли шеър оҳангу зарби махсус доранд.
«Дар кунҷи девор гӯё об шуду рехт», «Пур - пури гули ишқи печон», «Хонаи обод ҳусну гармӣ дорад», «Бари рӯяш бӯи саҳарӣ дошт», «Худи харбузаи тарак ворӣ». Шоҳмузаффар Ёдгорӣ пеш аз ҳама журналисти воқеӣ буданд, устоду тарбиятгар ва роҳбари ғамхори чандин коллективҳои эҷодӣ, таҷрибаи журналистӣ ба кори эҷодиаш мададрасон буд. Шеъру достонҳо, публитсистика ва романҳои устод аз истеъдоди фитриашон гувоҳӣ медиҳанд.
Азим ҲАСАН, омӯзгори собиқадор, ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2022 №: 249 Мутолиа карданд: 687