logo

сиёсат

ДИДГОҲ. АЗ НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО РУШДИ МАОРИФУ СОҲИБКОРӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сатҳҳои гуногун нақши калидӣ дорад. Дар робита ба нақши меҳварии Паём дар рушди минбаъдаи кишвар хабарнигорони рӯзнома дар суҳбатҳои сарироҳие андешаву бардошти сокинони мамлакат аз ин чароғи ҳидоятро пурсиданд: 
 
Алиназар АШУРОВ, 
корманди Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: 
- Паёми навбатии Президенти кишвар чун паёмҳои қаблӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла иқтисоду соҳибкорӣ, иҷтимоиву тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, энергетика, роҳу нақлиёт, умуман масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишварро, фаро гирифт. Дар баробари масоили сиёсати дохилӣ, масъалаҳои вобаста ба сиёсати хориҷӣ ҳамчун бахши муҳим дар меҳвари Паём қарор доштанд. Бо назардошти он, ки вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккаб гардида, хатару таҳдидҳо дар ҳоли афзоишанд, мушаххас намудани самтҳо ва авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ барои ҳар як давлат хеле муҳим аст. Вобаста ба вазъи феълии ҷаҳон Пешвои миллат дар оғози Паём ба маврид ва огоҳона зикр намуданд: “Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.” Таҳлили рӯйдодҳои охири минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки рақобатҳои геосиёсӣ дар ҳоли авҷанд. Манфиатҷӯии давлатҳо дар ҳудудҳои дигар, шиддат гирифтани низоъҳо миёни абарқудратҳо ва афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ва дастгирӣ ёфтани созмонҳои террористӣ аз ҷониби кишварҳои муайян, раванди таъмини амнияти мамлакатҳоро осебпазир ва ҳимояи манфиатҳои миллиро мушкил намуда истодаанд. Бо назардошти чунин ҳолат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад. Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад”. Воқеан, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мутавозин, санҷидашуда, огоҳона ва қобили пешбинӣ аст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати “дарҳои кушода” ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки бо 181 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатиро барқарор намояд. Дар ин замина, кишвари мо узви фаъоли 57 созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гардид. Дар Паёми Президенти кишвар таъкид гашт, ки таҳким ва рушди робитаҳо ва ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод дар бахшҳои гуногун самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. 
 
Мадина НАБИЗОДА, 
сардори раёсати маорифи вилояти Суғд: 
- Чун ҳамешагӣ соҳаи маориф аз муҳимтарин мавзуъҳои Паём маҳсуб меёфт, ки бе ваҷҳ нест, зеро пешрафти кишвару ривоҷу равнақи воқеии ҳамаи соҳаҳои халқ аз дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбияи насли наврас вобастагӣ дорад. Таъкид шуд, ки ҳамасола қисми асосии буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳбуд бахшидани бахши маориф, равона мешавад. Имрӯз барҳақ метавон гуфт, ки шароити кории омӯзгорону сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ, дар қиёс ба солҳои қаблӣ хеле боло рафта, ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити кории омӯзгорон, бо китобҳои дарсӣ, компютерҳо таъмин намудани муҳассилин тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Танҳо соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12 ҳазору 308 ҷойи нишаст дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз вазифаи асосӣ ва муҳимтарин, ки назди кормандони соҳаи маориф қарор дорад, таваҷҷуҳи бештар ба сифати таълими ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ ва, ба ин васила, тарбияи насли навраси кишвар сирф дар руҳияи меҳру муҳаббат ба азхудкунии донишҳову тарбияи солим бо ҳисси ватандӯстиву эҳтиром ба Ватан мебошад.
 
Суҳроб ЛАҚАЕВ, 
мушовири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара: 
- Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Воқеан, ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, зеро таҷриба нишон дод, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз бесаводию ноогоҳии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, истифода намуда, онҳоро бо роҳи осон ба сафҳои худ ҷалб карда, даст ба амалҳои даҳшатафкан мезананд. Мо ин таҷрибаи талхро солҳои 90-уми қарни гузашта дида будем. Ҷаҳолату хурофоти як идда аз сокинони ноогоҳ боис гашт, ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ печад. Он ба сари мардуми одӣ ба ғайр аз бадбахтӣ (150 ҳазор кушта, як миллион гуреза, харобу валангор шудани ҳазорон манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти ҳаётан муҳим, бесаробон мондани ҳазорон модарону занон ва ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдакон) чизи дигар наовард. 
Аз ин рӯ, зарур аст, ки сокинон, хусусан наврасону ҷавононро, ба донишандӯзӣ бештар ҷалб намоем, зеро ҷомеаи босавод ҳар мушкилии пешомадаро бо таҳаммулпазирӣ ва иродаи матин ҳал намуда, ба қаламрави саодат мерасад. Ё ба қавли Сарвари давлат “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.
 
Савриддин РАҶАБОВ, 
соҳибкор аз деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара: 
- Дар Паём Президенти мамлакат оид ба рушди иқтисодӣ, ободию созандагии кишвари азизамон ҳарф зада, аз саҳми бузурги соҳибкорони ҷумҳурӣ самимона ёдовар ва арзи сипос доштанд, ки барои мо – соҳибкорон ниҳоят ифтихорафзо буд. Пешвои миллат дар паёмҳои қаблиашон низ мавқеи соҳибкоронро дар ободонии кишвар, пешравии иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои истеҳсоливу таъсиси ҷойҳои нави корӣ, басо назаррас арзёбӣ карда буданд. Солҳои охир бархӯрдор шудани соҳибкорон аз чандин имтиёзҳои андозу гумрукӣ, дар маҷмуъ, 120 имтиёз ба суръати корҳои ободиву созандагии соҳибкорон таъсири мусбат расонд. Ҳамин аст, ки ҳоло мо – соҳибкорон бо андӯхтани таҷрибаи бештар дар талош ҳастем, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ривоҷу равнақи истеҳсолот, хизматрасониву ободии диёр саҳми муносиб гузорем. Ман низ дар фаъолияти доимии худ талош дорам, ки дар баробари рушди соҳибкорӣ ба ободонии роҳҳои деҳа, сохтмони иншооти маорифу фарҳанг ҳисса гузорам. Дар се-чор соли ахир деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ маҳз ба шарофати  саҳми соҳибкорон хеле ободу хуррам ва чароғон гашта, бо дастгирии эшон қариб ҳамаи роҳҳои мошингардаш мумфаршу мардум бо оби ошомиданӣ таъмин гаштанд. Ҳоло соҳибкорон боз тасмим доранд, бо имкониятҳои хеш нуқтаҳои нави хизматрасонӣ, фароғатӣ бунёд намоянд. 
 
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, 
корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: 
- Нақши ҷавонон ҳамчун неруи созандаи Ватан дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд арзёбӣ мегардад. Самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурист, ки имрӯз мо,  ҷавонон, бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзем ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари азизамон фаъолона саъю талош менамоем. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти мамлакат дар Паём таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукуматро нисбат ба ҷавонон таъкид намуда, зикр карданд: “Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.”
Ин нукоти Пешвои миллат масъулияти мо – ҷавононро дар роҳи омӯхтани илм, созандагиву бунёдкории Ватани азизамон боз ҳам бештар мегардонад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2022    №: 249    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед