қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ
МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, № 7, мод. 398; с. 2006, № 3, мод. 141; с. 2007, № 5, мод. 350, № 7, мод. 652; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, № 5, мод. 314; с. 2011, № 3, мод. 150, № 6, мод. 428; с. 2012, № 8, мод. 810; с. 2013, № 7, мод. 497, мод. 498, № 12, мод. 876; с. 2014, № 3, мод. 139, № 12, мод. 820; с. 2016, № 3, мод. 125; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 267; с. 2019, № 6, мод. 308; с. 2020, № 12, мод. 897; с. 2021, № 1-2, мод. 2) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 5:
- ба сархати якум пас аз калимаи «бонкҳо» калимаҳои «ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «сархати якуми» калимаҳои «қисми якуми» илова карда шаванд;
- ба сархати шашум пас аз калимаҳои «ҳалномаҳои судӣ» калимаҳои «ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро, ки қонун муқаррар намудааст,» илова карда шаванд.
2. Ба қисми якуми моддаи 7 пас аз калимаҳои «мақомоти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
3. Ба қисми сеюми моддаи 9 пас аз калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ,» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
4. Ба сархати якуми қисми якуми моддаи 23 пас аз калимаи «бонкҳо» калимаҳои «ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ» илова карда шаванд.
5. Ба сархати якуми қисми якуми моддаи 24 пас аз калимаҳои «ва дигар» калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявӣ,» илова карда шаванд.
6. Сархатҳои дуюм ва сеюми қисми якуми моддаи 39 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ба муовини якум ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори ҳамаи судҳо, ба истиснои қарорҳои Пленум ва раёсатҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо нисбати ҳукм, фармон, ҳалнома, таъинот ва қарори судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ба истиснои қарорҳои раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.».
7. Дар моддаи 61:
- дар қисми дуюм калима ва рақами «қисми 2» ба калимаҳои «қисми дуюми» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаҳои «ӯҳдадории умумии» ба калимаи «уҳдадории» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1917
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ВАТАНЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2022, № 861
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 318
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2022 №: 250-251 Мутолиа карданд: 790