иқтисод
МАРҲИЛАИ НАВИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР НБО “СЕБЗОР”
Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар иншооти барои хоҷагии халқи вилоят муҳим – сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор”, ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта шуда истодааст, боз як марҳилаи муҳими корҳои банақшагирифташуда анҷом дода шуд.
Дар ин ҷо бо мақсади пешбурди корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи сохташудаистода маҷрои дарёи Шоҳдара баста гардид ва оби дарё ба канали навсохташудаи муваққатӣ сар дода шуд. Дар чорабинӣ вобаста ба ин рӯйдоди муҳим гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо сарварии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини аввали раиси вилоят Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси ноҳияи Роштқалъа Шомирзозода Аъзам, роҳбарияти Ширкати “Помир энерҷӣ”, намояндагони паймонкорони лоиҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Раиси вилоят ин рӯйдодро барои хоҷагии халқи вилоят аз ҳар ҷиҳат муҳим ҳисобида, ба сохтмончиён барои заҳмати шабонарӯзиашон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Тавре роҳбари Лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” Фохир Юсуфбеков иттилоъ дод, мақсад аз тағйир додани маҷрои дарё он аст, ки ҷиҳати пешбурди корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳ барои сохтмончиён шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Сарбанди асосии Неругоҳ бо дарзии 60 метр ва баландии 8 метр сохта мешавад ва ғунҷоиши оби он 5 миллион кубро ташкил хоҳад дод. Баъди анҷоми пурраи корҳо дар қитъаҳои асосӣ маҷрои дарё ба ҷойи пештара баргардонда мешавад ва ҳаҷми оби барои фаъолияти агрегатҳои Неругоҳ зарурӣ тавассути қубурҳо ҷониби бинои асосии Неругоҳ, ки дар он ҷо агрегатҳо ҷой мегиранд, интиқол дода хоҳад шуд. Айни ҳол дар ин минтақаи кор мутахассисони ширкатҳои ватании Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мадад” ва "Тоҷикгидроэлектромонтаж" (ТГЭМ) фаъолият доранд.
Амрихон Раҳимов, директори генералии Ширкати “Помир энерҷӣ” зикр кард, ки сохтмони НБО “Себзор” бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар бунёди он Пешвои миллат санги асос гузоштааст. Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 мВт бунёд шуда, тибқи нақша, то охири соли 2023 агрегати якуми Неругоҳ мавриди истифода қарор мегирад. Сохтмони НБО “Себзор” ба рушди минбаъдаи саноат дар вилоят, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Сохтмони НБО «Себзор» лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дастгирии молиявию техникии Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Олмон тавассути Бонки олмонии рушд – KfW, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Дар доираи барномаи мазкур 17 хонавода, ки манзили зисташон зери сохтмони Неругоҳ мемонад, бо манзили нави истиқоматӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, қитъаи роҳе, ки аз назди Неругоҳ мегузарад, пурра навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, барои 400 нафар хонандаи деҳоти гирду атроф бинои нави муассисаи замонавӣ бо таъмини ҳамаи шароитҳои таҳсил сохта, мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамзамон, тибқи лоиҳа, барои пайвастани Неругоҳ ба системаи ягонаи барқии вилоят ва минбаъд ҷумҳурӣ сохтмони 18 км ХИБ-и 110 кВ “Себзор – Хоруғ” бомаром идома дорад. Тавре мушоҳида мешавад, аллакай, 90 дарсади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расидааст. Дар пешбурди корҳои бунёдӣ алъон 20 нақлиёти боркаши калонҳаҷм ҷалб гардида, корҳои бунёдиро 40 сохтмончии маҳаллӣ пеш бурда истодаанд. Масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент ва арматура, аз шаҳри Душанбе дастрас гардида, баҳри фаъолияти муназзам дар ин ҷо корхонаи хурди сементбарорӣ низ ташкил шудааст.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳамаи инро ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ маънидод карда, иҷрои бемайлони дастуру супоришҳои Пешвои миллатро барои ҳар як сокини ноҳия амри воҷиб ва фарз арзёбӣ намуд. Раиси вилоят, ҳамзамон, таъкид намуд, ки сохтмони НБО “Себзор” ба рушди минбаъдаи саноат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Зикр гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ҷавонон сол то сол бештару беҳтар шароити мусоиди кор дар маҳали зист муҳайё гардида, таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин самт хеле зиёд аст. Бар замми ин, ҷавонони вилоят, бахусус мутахассисони техникӣ, метавонанд дар иншоотҳои калони кишвар аз рӯи ихтисос ва бо маоши нисбатан баланд ба кор ҷалб шаванд. Раиси вилоят ба гунаи мисол НБО “Роғун”-ро ном бурда, зикр кард, ки боз чандин иншоотҳои дигари кишвар ба мутахассисони самти сохтмон ниёз доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.12.2022 №: 252 Мутолиа карданд: 1101