logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023, 31 декабри соли 2022, шаҳри Душанбе

 
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.
Дар ин давра дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонда шуд. Инчунин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли неруи барқ беш аз 21 миллиард киловатт – соатро ташкил дод.
Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда, бахусус, обу замин самаранок истифода карда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш доданд ва ҳаҷми онро ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ расонданд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ корҳои таҷдиду сохтмони инфрасохтори нақлиётӣ бомаром идома ёфтанд.
Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2022 тамоми саъю талоши худро барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд.
Бунёд кардану ба истифода супурдани садҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш ба ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти аҳолии мамлакат мусоидат намуданд.
Мехоҳам бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоям, ки бо заҳмати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, 3100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд карда шуданд, ки боиси боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат, инчунин, бо ҷойи корӣ таъмин шудани 190 ҳазор ҳамватанонамон ва болоравии сатҳу сифати зиндагии онҳо гардиданд.
Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки соли 2022 дар ҷодаи тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли махсусан назаррас буд.
Дар ин давра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хос пайдо карданд.
Илова ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии мо оид ба Соли байналмилалии пиряхҳо эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт.
Дар асоси қатъномаи қабулгардида, инчунин, пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзуъ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузарондани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ, бешубҳа, гувоҳи эътирофи нақши арзишманд ва мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Соли сипаришудаистода мо – мардуми Тоҷикистон 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро, ки наҷотбахши Истиқлоли давлатӣ мебошад, ботантана таҷлил намудем.
Аҳамият ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар суханронии Роҳбари давлат муфассал баён гардид.
Ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Воқеан, тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Дар ин лаҳзаҳои идона, мехоҳам бо ифтихору самимият изҳор намоям, ки расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти мо дар Соли нави 2023 иқдомоти созандаву ободгаронаи худро барои пешрафти давлат, ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як хонадони мамлакат боз ҳам тақвияту густариш мебахшанд.
Ҷаҳони ноорому буҳронии имрӯза ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст, ҳимматбаланду саховатпеша ва кулли мардуми кишварро водор месозад, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созанд.
Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ дар ҷодаи таъмин намудани зиндагии босаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.
Бори дигар хурду бузурги мардуми сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2023 муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2023    №: 1-9    Мутолиа карданд: 987
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед