logo

иқтисод

М. ФАЙЗУЛЛОЗОДА: “ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ!”

 
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мукаммал гардондани низоми идораи давлатии  назорати байторӣ, санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия ва сертификатсия бо таҷдид шудани 4 сохтори Вазорати кишоварзии мамлакат: Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии   зотпарварӣ,  Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ва Бозрасии давлатии тухмӣ тибқи қарори Ҳукумати мамлакат аз 29 декабри соли 2017 таъсис дода шуд. Доир ба фаъолият,  дастовард, мушкилиҳои соҳа ва ҳадафҳои оянда хабарнигори рӯзнома бо Муҳаммадсаид  Файзуллозода, раиси Кумитаи мазкур, суҳбат орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мекунем.
 
БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ  КАЛИДИИ ПИЁДА НАМУДАНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ   
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ аз давраи аввали таъсисёбӣ ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ фаъолиятро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ба роҳ мондааст. Дар самти робитаҳои байналмилалӣ аз ҷониби кумита 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расонда шуда, ҳамкориҳо дар ин самт идома доранд.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти Кумита пиёда намудани сиёсати давлатӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ, иҷрои функсияҳои махсуси назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигар дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантини рустанӣ, муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотӣ дар кишвар,  таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот (парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, ба муомилот баровардан, фурӯш), санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ маҳсуб ёфта, онҳоро дар амал татбиқ менамояд. 
Дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва минтақаи Кӯлоб марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ фаъолият  мекунанд, ки таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дар байни ҳайвонот, назорати нуқтаҳои парвариш, коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқавориро назорат менамоянд. 
 
БЕЗАРАРГАРДОНИИ МАВОДИ ТАҲТИ  КАРАНТИНӢ ҚАРОРДОШТА
Организмҳои зараррасони карантинӣ ва дигар организмҳои махсусан хавфнок, ки ҳангоми воридоти маводи таҳти карантинӣ ба ҳудуди мамлакат метавонанд ворид гашта, ба майдони кишти зироатҳо, боғҳо ва ҷангалзорҳо паҳн шаванд ва ба бехатарии  амнияти  озуқавории  мамлакат  таъсири  манфӣ  расонанд, сари вақт аз ҷониби мутахассисони гузаргоҳҳои сарҳадӣ бозрасӣ мешаванд. Дар ҳолати дарёфти ҳашароти зараррасон дар асоси хулосаи озмоишӣ аз тарафи мутахассисони дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ чораҳои безараргардонӣ (фумигатсия) гузаронда шуда, баъдан ба ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат дода мешавад.  Бо мақсади пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии организмҳои зараррасон соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, дар 7 906 метри мукааб молу маводи таҳти назорати фитосанитарӣ, 66 152 тонна маводҳои таҳти карантинӣ ва 320 059 дона ниҳол ва кӯчатҳо безараргардонӣ (фумигатсия) гузаронда  шудааст.   Маблағи безараргардонии маводҳои таҳти карантинӣ дар соли равон 1 089 562  сомониро ташкил  медиҳад.  
 
МУШКИЛОТИ СОҲА 
Норасоии таҷҳизоти муосири ташхисӣ
Дар самти баланд бардоштани тавонмандии санҷишии Маркази миллӣ ва марказҳои ташхисии бехатарии озуқаворӣ, озмоишгоҳҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва таҷҳизонидан бо таҷҳизоти муосир, таъмини маводҳои ташхисӣ, диагностикумҳо ва рангҳои озмоишӣ бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд корҳои назаррас ба сомон расонда шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати таъмини ин марказҳо бо таҷҳизоти муосир, ки имкони санҷишии Маркази миллӣ ва марказҳои ташхиси бехатарии озуқавориро баланд мебардоранд,  роҳандозии тадбирҳои нав зарур мебошад. 
Айни замон дар ташхисгоҳҳо шароити муосири ташхисӣ барои муайян намудани ҷузъҳои зарарнок, пеститсидҳо, диоксинҳо ва меламинҳо дар таркиби шири хом фароҳам оварда нашудааст. Дар ҳақиқат, яке аз мушкилоти ҷойдошта, ки ба рушди устувори инкишофи бехатарии озуқаворӣ халал мерасонад, ин истифодаи беназорати  ҳар гуна нумуяҳо, иловаҳои хӯрокаи таркибашон ноомӯхта дар парвариш, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти озуқаворӣ мебошад, ки барои саломатии инсон пайомадҳои номатлуб пеш меоранд.  
Бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудан ва сарфаи вақти соҳибкорон (воридкунандагони маҳсулот)  ташкили озмоишгоҳҳои аввалияи бехатарии озуқаворӣ бевосита дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ зарур аст. Айни ҳол дар сарҳади давлатии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ барои назорати раванди воридот, содирот ва транзити маҳсулоти озуқаворӣ амал мекунад. Бинобар сабаби маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ва техникӣ, танҳо дар 8 гузаргоҳи сарҳадӣ озмоишгоҳҳои аввалияи наздисарҳадӣ таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанду халос. 
Инчунин, шароити санҷиш ва назорати қатъии воридоти маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Мутаассифона, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бинобар сабаби надоштани таҷҳизот барои муайян намудани маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда имкон надоранд.
 
ҲАДАФҲОИ ОЯНДА 
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тадбирҳоро оид ба ташкил кардани Марказҳои  логистикӣ-молрасонӣ ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, содироти меваҳои тару тоза, сабзавот, меваи хушк, полизиҳо, ситрусиҳо  роҳандозӣ намудааст. Дар ин раванд, баҳри бе монеаҳои  маъмурӣ ҳуҷҷатгузории молу маҳсулоти содиротшаванда корҳои заруриро ба сомон расонда, ба баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҷалб намудани маблағғузории иловагӣ аз буҷети давлатӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо барои хариди маводҳои байторӣ баҳри таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, давра ба давра аз нав таҷҳизондани ташхисгоҳҳо, харидории таҷҳизоти замонавӣ, маводи ташхисӣ, реагентҳои зарурӣ ва бозомӯзии кадрҳо, инчунин, таъсиси озмоишгоҳҳои аввалия дар нуқтаҳои давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз самтҳои фаъолияти кормандони кумита маҳсуб меёбанд.  
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед