logo

иқтисод

РАШТ. АЗ ИҶРОИ БАРЗИЁДИ БУҶЕТ ТО ТАТБИҚИ БОСАМАРИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ

 
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ба мавқеъ иброз доштанд, ки новобаста аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тавонистем рушди иқтисодиёти кишварро таъмин созем. Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, соли бобарор буд.  Хушбахтона, барои заҳматкашони ноҳияи Рашт низ ин сол пур аз воқеаҳои таърихӣ буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бо комёбиҳои афзуни меҳнатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои тарҳрезишударо ҳадафмандона амалӣ кард. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар  ёздаҳ моҳи соли 2022 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кӯшиш харҷ кардаанд, – иброз дошт раиси ноҳия Муқим Раҳимҷон Набизода. 
 
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ БУҶЕТ ОМИЛИ  НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ
Мусаллам аст, ки афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва рушди иҷтимоиёт, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бастагӣ дорад, - тазаккур дод раиси ноҳия. – Аз ин рӯ, мо мекӯшем, ки ба хазина ҳарчи зиёдтар маблағ ворид гардад. Имсол нақшаи қисми даромади буҷет (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) ба андозаи 104,2 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 76 миллиону 761 ҳазор сомонӣ, 79 миллиону 234 ҳазор сомонӣ интиқол ёфтааст, ки нисбат ба нақша 3 миллиону 31 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 388 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давоми ёздаҳ моҳ аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 111,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 27 миллиону 339 ҳазор сомонӣ, 30  миллиону 370 ҳазор сомонӣ дохил гаштааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 31 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2021-ум 4 миллиону 18  ҳазор сомонӣ болост.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ) ба ҷойи 33 миллиону 988 ҳазор сомонии нақша, 36 миллиону 644 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Кӯшидем, ки ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ҳарчи зиёдтар кам карда шаванд. 
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли  ҷорӣ 79 миллиону 667 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 75 миллиону 602 ҳазор  сомонӣ ё  94,9  фоиз иҷро гардидааст. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарз нест.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 863 миллиону 911  ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 миллиону 61 ҳазор сомонӣ ё  7,6 фоиз зиёд мебошад.
 
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИНВЕСТИТСИОНӢ
– Дар ноҳия ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад, зеро ин як роҳи баланд бардоштани иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад, – идома бахшид ба сухани худ раиси ноҳия. – Масалан, Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” ва лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА бо 365 техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ таъмин шуда, сохтмони 11 хатти оби нӯшокӣ идома дорад. Аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон зерлоиҳаҳои кишоварзӣ, биоинженерӣ ва тавлиди даромад барои занон ва ҷавонон, аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ба воситаи лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист” 3 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Қалъаи Шайх, Ниширён, Ғарми Боло, паноҳгоҳ дар деҳаи Бедак ва хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Қалъаи Шайх мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷониби Ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Ҳоит ва № 39-и деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод  идома дорад.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки осиёии рушд  бунёди бинои Маркази модару кӯдак ва таъмири асосии биноҳои беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ оғоз гардиданд. 
 
КИШОВАРЗӢ, ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО
– Соҳаи асосӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи мо кишоварзӣ ва боғдорист, – ибрози андеша намуд Муқим Раҳимҷон Набизода. - Аз ин рӯ, ҳамасола ба рушди он таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Имсол низ пешравиҳо назаррасанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ 607 миллиону 155,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135 миллиону 992 ҳазор  сомонӣ зиёд аст.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 3328,2  тонна, шир 9992,3 тонна, тухм 9 миллиону 843  ҳазор дона ва гӯшти моҳӣ 7,9 тоннаро ташкил кард, ки нисбат ба соли пеш бамаротиб зиёд мебошад.
Ба ҳолати 1 декабр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 98151, сар моли майда 231588,  мурғ 120925  сар ва занбӯри асал 22443 оиларо ташкил дод, ки афзоиш нисбат ба нақша назаррас аст. Истеҳсоли ғалладона, зироатҳои техникӣ, сабзавот, картошка, мева, хӯроки чорво нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  хеле  зиёд аст. Сабаби аслии афзудани истеҳсоли меваю сабзавот ва картошка дар он аст, ки наҳрҳои “Мардумӣ”, “Камчароғ”, “Намуна”, “Қарашаҳр-1”, “Қарашаҳр-2”, “Ҳисорак-1”, “Ҳисорак-2”, пойгоҳҳои обкашии “40-солагии Тоҷикистон-1”, “40-солагии Тоҷикистон-2” ва “Фурудгоҳ” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ таъмир шуданд. Ҳамчунин, бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дашти Беоби деҳоти Ҳоит ба дарозии 1100 метр тавассути лӯлаҳои обгузар об оварда шуд. Ба корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф гашт. 
Аз  5150  гектар боғ, майдони боғҳои ҳосилдеҳ 4775 гектар мебошад. Имсол  17 гектар боғи нав бунёд шуд. Ҳосили боғоти Рашт фаровон аст, мо тамоми бозорҳои ҷумҳуриро чун анъана бо мева таъмин месозем.  
 
ДАСТРАСӢ БА МАНЗИЛ САМТИ МУҲИМИ  ҲАЁТИ ИҶТИМОИСТ 
- Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бахусус рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани руҳияи мардум ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 3 марти соли 2022, № 123 тасдиқ шуд,- гуфт дар идома мусоҳиби мо. – Мақсад дорем, ки бо ҷалби бештари мардум ва соҳибкорону сармоягузорон бештари иншооти ҷашнӣ, ки 203 адад мебошанд, сохта мавриди истифода қарор гиранд. 
Аз иншооти нақшавӣ бештарашон ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ,  фарҳанг, варзиш, савдо ва хизматрасонӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бинои маъмурӣ, таъмир ва мумфарш намудани роҳҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ва  чоҳҳои амудӣ, иншооти соҳаи сайёҳӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, фермаҳои мурғпарварию чорводорӣ, сардхона ва дигар иншооти таъиноти хизматрасонӣ дар назар аст. Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 54 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷумла 32 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон, 12 иншоот бо маблағи шарикони рушд сохта шуданд,  дар 64 иншоот корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. 
Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша аз шумораи умумии 203 иншоот, 145 иншооти таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта мешаванд, ки 72 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ба роҳ мондани риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоот дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулон ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти  Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” лоиҳаи иншооти ҷашнӣ таҳия ва амалӣ мегарданд.
  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед