logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО»

 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 129) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Муқаддима дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад.».
2. Дар номи БОБИ 1 калимаи «ҚОИДАҲОИ» ба калимаи «МУҚАРРАРОТИ» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 1: 
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- гендер – ҷанбаи  иҷтимоии муносибатҳои байни мардону занон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг, маориф ва илм зоҳир мегардад;»;
- аз сархати панҷум калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- табъизи ҷинсӣ – ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ.».
4. Аз матни моддаи  2  калимаи  «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 3:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «поймолкунии ҳуқуқ» ба калимаҳои «табъизи ҷинсӣ» иваз карда шаванд;
-  қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Табъизи мардону занон аз рӯи ҷинс манъ аст.».
6. Моддаи 31 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 31. Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии  баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- қонуният;
- баробарҳуқуқии мардону занон;
- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият.».
7. Дар сархати  сеюми моддаи 4 калимаҳои «поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯи ҷинс» ба калимаҳои «табъиз аз рӯи ҷинсро» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми якуми моддаи 6:
- дар сархати сеюм калимаҳои «поймолкунии ҳуқуқро» ба калимаи «табъизро» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «духтарони ноҳияҳои кӯҳистон, деҳот» ба калимаҳои «духтарон ва писарони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ» иваз карда шаванд. 
9. Дар моддаи 13 калимаи «зайлро» ба калимаи «зеринро» иваз карда шавад.  
10. Моддаи 14 хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои «поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи ҷинс» ба калимаҳои «табъизи ҷинсӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1941
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон 
ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 ноябри соли 2022, № 895
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 336
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2023    №: 10-11    Мутолиа карданд: 752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед