иқтисод
АЗИМ ИБРОҲИМ: "РОҲСОЗӢ ДАР ШАРОИТИ КӮҲИСТОН АГАРЧИ КОРИ ОСОН НЕСТ..."
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз рушди босуботи соҳаи роҳу нақлиёти кишвар ёдовар шуда, зикр намуданд, ки мувофиқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон аз лиҳози роҳҳои босифат мақоми 50-умро дар миёни 138 давлат соҳиб аст. Доир ба ин ва дигар паҳлуҳои роҳу роҳсозӣ дар кишвар суҳбате доштем бо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
– Тавре дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби геосиёсӣ соли 2022 дар Тоҷикистон бо комёбиҳои назарраси рушд, аз ҷумла дар соҳаи роҳсозӣ, сипарӣ шуд. Нишондоде, ки дар боло марбут ба сифати байналмилалии роҳҳои мамлакат зикр гашт, бар асоси кадом меъёрҳо гирифта шудаанд?
– Мо сарфароз аз онем, ки маҳз бо заҳмату талошҳои хастанопазир ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин дастоварди назарраси сатҳи ҷаҳон ноил гардидем.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) ҳар ду сол дар гузоришаш оид ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус дар бораи сифати роҳҳо дар кишварҳои ҷаҳон маълумот интишор мекунад. Радабандии кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо яке аз нишондиҳандаҳое мебошад, ки дар асоси тадқиқоти глобалӣ чен карда шудааст. Коршиносон сифати роҳҳоро дар саросари ҷаҳон, сарфи назар аз шиддатнокии ҳаракат ва мансубият ба мавзеъҳои алоҳидаи роҳ баҳогузорӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ба ин рӯйхат 138 кишвар шомил аст. Соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ҷоий 70-ум қарор дошт. Баҳогузории охири радабандии кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо соли 2019 нашр шуда буд, ки дар он Тоҷикистон аз ҷойи 70-ум ба 50-ум баромада буд. Мо ифтихор дорем, ки дар муддати ду сол дар байни ин қадар кишварҳои мутараққии дунё аз рӯи сифати роҳҳо 20 зина боло баромадем. Имсол низ мавқеи худро дар радабандии мазкур нигоҳ доштем.
Ҳамчунин, бо ифтихор гуфтан метавонем, ки дар радабандии дигари ҷаҳонӣ низ роҳҳои Тоҷикистон мавқеи баландро ишғол намудаанд. Шоҳроҳҳои автомобилгарди Хоруғ – Ош ва Бадахшон (Помир) дар соли 2022 ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон дохил шуданд.
– Ин ҷо танҳо шоҳроҳҳо ба инобат гирифта шудаанд?
– Дар ин бора маълумоти дақиқ дода нашудааст. Вале чун ин радабандии сатҳи ҷаҳонист, эҳтимол сифати роҳҳои байналмилалиро ба назар гирифтаанд. Ғайр аз ин, тибқи меъёру талаботи ҷаҳонӣ аз ҷониби машваратчиёни байналмилалию маҳаллӣ ҳангоми рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои автомобилгард назорат бурда мешавад. Зимни радабандӣ, асосан, нишондодҳои сифату сатҳи ҳамвории роҳ ва ҳолати унсурҳои он ба инобат гирифта мешаванд.
– Имрӯзҳо ба шарофати талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар тамоми гӯшаю канори мамлакат дар сатҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳсозӣ дар авҷ аст. Мухтасаран мегуфтед, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ чӣ миқдор иншооти соҳаи роҳу нақлиёт бунёд ёфт, аз ҷумла роҳҳо?
– Роҳсозони кишвар давоми ин солҳо таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии сиёсати стратегии давлату Ҳукумати кишвар барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат ва ба давлати транзитии муосир табдил додани Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Тули 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард доллари ИМА, 57 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид. Дар доираи татбиқи онҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири қариб 2 500 километр роҳ, 225 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби мошингузар, 3,8 километр долони зиддитармавӣ, 219 километр роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 751 техникаю таҷҳизоти нави роҳнигоҳдорӣ харида шудааст.
– Тавре маълум аст, барои солҳои минбаъда бунёди боз ҳам роҳҳо ва нақбу пулҳои зиёд дар назар аст. Шумо ҳамчун масъули иҷрои ин ҳадафҳои бунёдкорӣ нақшае доред, ки мақоми Тоҷикистон дар самти сифати роҳҳо боз чанд зинаи дигар баланд бардошта шавад?
– Дар ҷодаи сохтмони роҳҳо давлату Ҳукумат нақшаҳои зиёд таҳияву роҳандозӣ намудаанд. Аз ҷумла, соли 2023 татбиқи 5 лоиҳаи дигар, лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Данғара – Левакант – Бохтар (70 километр), пул (296 метр) аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор бо роҳи автомобилгарди (18,5 километр) ба он пайвасткунанда оғоз меёбад. Лоиҳаҳои “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ – БРАМОМ-4”, ки дар доираи он бунёди 3 долон ва 3,5 километр роҳ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пулҳо дар мавзеъҳои Шорвдара, дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва роҳи ба он пайвасткунанда (1,1 километр) дар нақша аст. Ҳамчунин, роҳҳо дар қитъаҳои Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Ғафуров, Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кучкак (52 километр), Данғара – Гулистон ва Гулистон – Фархор, лоиҳакашии роҳи автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб (32 километр) дар марҳилаи оғозшавӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихум (134 километр), Балҷувон – Сарихосор (60 километр), Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ (135 километр), Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳади Ӯзбекистан (170 километр), Рӯшон – Хоруғ – Кулма (530 километр), Хуҷанд – Конибодом (75 километр), Хуҷанд – Ашт (122 километр), эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамзамон, барои дарёфти манбаъҳои маблағгузории сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён (50 километр), роҳи автомобилгарди Ховалинг – Сангвор (70 километр), барқарорсозии пулҳо аз болои дарёи Кофарниҳон дар километри 9,8 аз болои дарёи Элок ва дар километри 11-уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Рӯдакӣ, инчунин, ҷиҳати ободгардонии роҳу пулҳои дар ҷумҳурӣ аз офатҳои табиӣ зарардида бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд корбарӣ идома дорад.
Мо ҷонибдори онем, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳам сифату ҳам суръати сохтмони роҳ дар мақоми намоён бошад. Кӯшиш мекунем, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҳамаи роҳҳои кишварро ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохтаву таҷдид намоем.
– Мусаллам аст, ки роҳсозӣ кори мушкилу серхарҷ аст. Мегуфтед, ки омилҳои асосии хароҷот чӣ ҳастанд ё кадом маҳсулотҳо бештар сарф мегарданд?
– Чи тавре, ки маълум аст, 93 дарсади масоҳати кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва бештари роҳҳои автомобилгард тавассути доманакӯҳҳову қад-қади соҳили дарёҳо мегузаранд, ки дар релефи кӯҳсор сохтмони иншооти мазкур хароҷоту заҳмати зиёдро талаб менамояд. Дар релефи кӯҳӣ, аслан, нақб, пул, деворҳои ҳимоявӣ ва дигар иншоот сохта мешаванд, ки аз ҳисоби ин арзиши кори он дучанд зиёд мегардад. Вобаста ба маҳсулоти роҳсозӣ ҳаминро қайд менамоем, ки дар таркиби асфалт 4 намуд масолеҳ (шағал, қум, хокаи минералӣ ва мум) истифода мешавад, ки арзиши хокаи минералӣ ва мум дар Тоҷикистон ҳамчун масолеҳи воридотӣ гарон мебошад ва сабаби боло рафтани нархи асфалт мегардад.
– Оё вақти он нарасидааст, ки мо барои равнақи роҳсозӣ истеҳсоли дохилии масолеҳу техникаҳои соҳаро бештар ба роҳ монем, ҳадди ақал мумро?
– Аз даврони соҳибистиқлол гардидани кишвар то ба имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ як қатор корхонаҳои истеҳсоли семент, коргоҳҳои арматурбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ сохта шуда, аз ашёи хоми ватанӣ маводу масолеҳи сохтмонӣ тавлид мешавад. Аз ҷумла, бо дастгирии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии давлати Ҷопон (JICA) муассисаҳои роҳнигоҳдории шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Дӯстӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Восеъ, дар умум, бо корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ таъмин шудаанд, ки иҷрои корҳои таъмири болопӯши роҳҳо бо асфалти коргоҳҳои мазкур ба роҳ монда мешавад. Ҳамасола бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда аз тарафи ҶДММ “Салоса” ба муассисаҳои давлатии роҳдорӣ муми моеъ дастрас мегардад. Саъй дорем, ки дар ояндаи наздик тавлиди муми часпакро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монем.
– Барои суҳбат ташаккур!
– Саломат бошед!
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2023 №: 12 Мутолиа карданд: 633