logo

сиёсат

ҲАМОВОЗӢ. БАРДОШТЕ ЧАНД АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Ҳамасола дар кишвар ин ҳуҷҷати муҳим ба таври мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад. 
 
Боиси хушнудист, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте баргузор гардид, ки ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об ва тағйирёбии иқлим дар сайёра аз ҷониби СММ ва 153 кишвари узви он эътироф гардид.   
Вобаста ба ҳамовозӣ ба  Паём  мо фикру андешаҳоро гирд овардем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
 
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вазифаҳои навбатии Ҳукумату давлат ва тамоми қишри ҷомеаи моро муайян намуд. Бахши аъзами Паёми навбатии Президенти мамлакат чун паёмҳои қаблӣ дар мавриди тарбияи маънавии инсон буд. Тарбияи насли наврас вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа маҳсуб меёбад, аз ин ҷост, ки мухотаби суханҳои пурмуҳтавои Роҳбари кишвар ин ниҳодҳо  мебошад, ки воқеан, тарбияи инсони комил аз онҳо сарчашма мегирад. Танҳо масъулияти баланди волидон дар таълим ва тарбияи кӯдак, тадриси таъсиргузори омӯзгор дар макотиб ва амалҳои ибратбахши аъзои ҷомеа барои тарбияи инсони комил замина гузошта метавонад. Онҳо метавонанд завқи илмомӯзӣ ва донишандӯзии насли ҷавонро зиёд намоянд, барои ихтироъкориву эҷодгарӣ талқин созанд ва руҳияи онҳоро солиму қавӣ нигоҳ доранд. Ихтироъкорӣ, эҷодгарӣ ба манфиатҳои иқтисодии шахсии фардҳо ва кулли аъзои ҷомеаи мо ба кор меояд, руҳияи шикастнопазир ва солим ба амнияти фардӣ ва ҷомеа таъсиргузор мешавад. Омӯзиши ҷиддӣ ва амиқу жарфи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ кӯдакро ба ихтироъкориву эҷодкорӣ раҳнамун месозад ва ин тадбири Президенти кишвар воқеан, дурбинона ва ояндасоз аст. 
Бидуни шак, ҳидояти навбатии Пешвои миллат барои хондани 5 китоби бадеӣ дар як сол нигоҳи ҳам волидон ва ҳам фарзандонро ба зиндагӣ куллан тағйир медиҳад. Ахлоқро пок ва мағзҳоро гиро менамояд. Миллате, ки хоҳ хурд, хоҳ бузургаш китобхон аст, фарри тамаддунро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст намедиҳад. Дар доираи ҷашнҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чопи теъдоди афзуни китоби “Тоҷикон” ва ҳамчун армуғон ирсол ёфтанаш ба ҳар хонадон аз ҷониби Садри муаззами кишвар беҳтарин намоди таблиғ ба китобхонист ва рӯ овардану арҷ гузоштан ба таърихи миллат буд. Аз оғози Истиқлолият пайваста Роҳбари давлат зикр менамоянд: “Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонро ҳатман ба қуллаҳои мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани мазмуни матнҳои он ба даст меояд”. 
Тибқи ин панди ноб, аллакай, кишвари мо ва сокинони шарафманди он дар ин ҷода таҷриба доранд, ки аз ба роҳ мондани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даст омадааст ва аз ин ҷост, ки Паём аз идомабахшии ин озмун шаҳодат дод, ки заминаи калидии наҷоти бештар  аз ҷоҳилӣ, мутаассибӣ ва тундгароӣ хоҳад шуд ва, бо ин васила, ба оламиён аз соҳибмаърифатӣ, тамаддунсозӣ, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва соҳибдевону соҳибдафтар будани миллати тоҷик гувоҳӣ хоҳад дод.
Боз ҳам дар зебову шево нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба насли оянда бо тозагӣ интиқол додани он, ки хеле самимона аз забони Сарвари давлат садо дод, вазифаи се ниҳод аст. Фарзандони мо дар радифи  гӯишҳову вожаҳову тадбирҳои мо ба воя мерасанд ва тарзи такаллуми моро нусхабардорӣ менамоянд. Маҳз китоб хондан ва ҳифз намудани матну ашъор ва қиссаҳо дар пайдоиши нутқи равон замина мегузоранд ва гӯишҳои дағалу жаргону ҳақорату таҳқирро аз байн мебаранд, забонро бой ва зебо месозанд ва дар бахши аъзами Паём садо додани ҷумалоти таконбахш: “Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллат расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”, моро водор менамояд, ки бо ифтихор аз он пайгирӣ намоем. Барои ба манзалати яке аз халқҳои пешрафта расидан мо бояд аз сабақҳои он халқҳои ба пешрафт ноилшуда истифода барем,  яъне ба умеди дигарон нашуда, худамон талош варзем, ҳиммат намоем.
Ҳар яки мо, ки намояндаи яке аз ин се  ниҳодем, бояд дар асоси ҳидояти Пешвои миллат дар тарбияву камолоти маънавии ҷавонон саҳмгузор бошем то зиндагии босаодат дар рифоҳу осоиш дар ҷомеаи пешрафта дошта бошем ва ба чолишҳои равонӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии фаровону физоянда осебнопазир тарбия ёбем ва дар ҳифзу ҳиросати хусусиятҳои миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва вижагиҳои ахлоқии халқамон устуворӣ зоҳир намоем ва барои ҳимояву пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ собитқадам бошем.
 
Фаридун ҲУСЕНЗОДА,
роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон:
– Дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯ оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолият менамоянд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр гардид, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуданд.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзуд. 
Дасти ёрӣ дароз намудан ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз амалҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ, равона шудааст.
Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва, ба ин мақсад, 285 миллион сомонӣ равона мегардад.
Ҷавонон пайрави асили Пешвои миллат, давомдиҳандаи кору пайкори неки насли калонсол ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони биҳиштосоянд. Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ва нақшаи корӣ барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлат ва саодати рӯзгори халқ, шукуфоиву пешрафти Тоҷикистон, созандагиву бунёдкорӣ, пайки саодати фардо ва дар маҷмуъ, роҳнамо барои ҳар яки мо сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз аст.
 
Бахтиёри ҚУТБИДДИН, 
декани факултети журналистикаи ДМТ:
– Бояд ёдовар шуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва, умуман, барои халқи тоҷик дар анҷоми соли 2022, қабл аз ҳама, нишондиҳандаи набзи ҳаёти мардуми кишвар дар як соли сипаришуда мебошад. Дар ҳақиқат он бозгӯи набзи ҳаёти кулли мардуми Тоҷикистон буда, ҳар яки моро водор менамояд, ки дар шароити пуртазодди муосир бо меҳру муҳаббати ватандорӣ дар пайи кору фаъолияти пурмаҳсул қарор дошта бошем.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади роҳнамову меҳварӣ бурду бохти тамоми ҷанбаҳои фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятиро фаро гирифта, дар заминаи он ҳадафҳои рушд дар тамоми соҳаҳо мушаххас мегарданд.
Дар Паём зикр гашт, ки соли сипаришуда ба андозаи 2,1 фоиз афзудани даромади аҳолӣ нишондиҳандаи умедворкунанда мебошад. Нишондиҳандаҳои дигар дар давоми панҷ соли охир низ қобили таваҷҷуҳанд, ки дар Паём таъкид гардид: “Дар панҷ соли охир рушди миёнаи иқтисод 7,3% таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ дар соли 2018 то 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд, ки 1,5 баробар зиёд шудааст”. 
Ҷои инкор нест, ки баъд аз панҷоҳ сол аввалин агрегати НБО “Роғун” ба кор даромад ва ба ин кам бовар доштанд. Ин неругоҳ асоси шукуфоиву пешрафти Тоҷикистони азизамон мебошад. Аз забони Пешвои миллат махсус садо дод, ки дар сурати пурра ба кор даромадани НБО “Роғун” умри НБО “Норак” як баробари дигар зиёд мешавад, ки ин ҳам як дастоварди бузург дар самти иқтисодиёту саноати миллӣ мегардад. 
Паёми имсола бо фарогирии масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маориф, тандурустӣ, ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонон ва амсоли ин самтҳои инкишофи минбаъдаи ҳаёти мардум ҳар яки моро водор менамояд, ки ба қадри ҳама неъмати давлатдориву истиқлолу ваҳдат расем, зеро ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Давлатсозӣ кори осон нест ва барои он баъзан даҳсолаҳову садсолаҳо кифоят намекунанд”. 
Саодати халқи тоҷик аст, ки бо роҳнамоии ин абармард дар давоми се даҳсола корҳои бузурге анҷом ёфтанд. Таъкиди Сардори давлат, сад дар сад дуруст аст, ки “Мо бояд аз чизе натарсем. Мо истиқлол дорему соҳибҳуқуқем”. 
 
Тағоймурод ҒУЛОМОВ, 
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:    
– Баробари шунидани Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли маорифи кишвар бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба тақдири соҳа бетафовут нест. Президенти кишвар  таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакат бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки туфайли ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад. Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, ин баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор мебошад. Ба шарофати иқдомҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло меравад ва ӯ чун раҳнамои аҳли ҷомеа эътироф гардидааст. 
Бояд гуфт, самти маориф, ки қисми таркибӣ ва муҳимтарин дар сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳанӯз аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифта, ин соҳа туфайли чунин дастгириҳо таҳаввулоти бузурги бесобиқаи рушди мунтазамро ноил гардид.
Дар ин радиф, бавижа ҳифзи иҷтимоии омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилоти кишвар, ки тавассути пайваста зиёд кардани музди меҳнат таҷассум меёбад, қариб дар ҳамаи паёмҳои Пешвои миллат ба ҳукми анъана даромадааст. Ин анъанаи фараҳбахш дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ, идома пайдо намуд. Пешвои миллат бори дигар дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок доштани соҳаи маориф ва “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”-ро таъкид карда, аз 1 июли соли 2023 бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла оид ба 20 фоиз зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ибрози назар намуданд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби тамоми кормандони соҳаи маориф бо шукргузорӣ аз фазои софу беғубори Ватан сурат гирифт, бо майлу рағбати зиёд шунида шуда, ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат тасмим гирифта шуд, ки барои баландбардории сифати таҳсилот, бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ба тадриси хонандагон кӯшиши бештар ба харҷ хоҳад шуд. Ғамхориҳои Пешвои миллат вазифаҳои мо – аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир мушаххас менамояд.
 
Манижа СОЛИҲОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, гирандаи стипендияи президентӣ:
– Дар Паёми ҳамасолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону духтарон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фаъолияти онҳоро дар ҳама соҳаҳо гуфта мегузаранд. Дар Паёми навбатӣ низ таъкид рафт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро, бонувону занон ташкил медиҳанд.
Бонувон қариб дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 дарсад мебошанд.
Маҳз фаъолияти соҳибкорӣ яке аз фаъолияти назаррасу пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ва инкишофи соҳаи иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, ки имрӯз дар баробари мардон соҳибкорзанон низ, қадами устувор дар фаъолияти хеш гузошта, дар баробари таъмини оила, инчунин, ба  ҷомеа низ кумак мерасонанд.
Таъкид гардид, ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ, таъсири назаррас расонда истодаанд.
Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Президенти мамлакат зикр карданд: "Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Ҷавобан ба ғамхориҳову дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Роҳбари давлат, ваъда медиҳем, ки пас аз хатми муассисаи олии касбӣ дар хизмати халқу Ватан қарор гирем ва дар ободии он заррае ҳам бошад, саҳми хешро гузорем.
 
Бибизайнаб САИДЗОДА, 
гирандаи стипендияи президентӣ:
–  Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон бояд боло бардошта шавад, зеро маориф ва фарҳанг дар ҷомеа дар ҷойи аввал меистад ва давомдиҳандаи насли ояндаи кишвари азизамон ин наврасону ҷавонон мебошанд. 
Ҳамчунин, таъкид намуданд: “Ягон соҳае нест, ки имрӯз ҷавонон дар он саҳм надошта бошанд. Ҷавонони  мо аз ҷавонони солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. Имрӯз онҳо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ доранд". 
Бояд гуфт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон чун неруи бузург дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанду доранд. Неруи бузурги онҳо бояд ба самти созандагию бунёдкорӣ ва ифтихорофаринӣ равона гардад. Бешак, ҳар миллатеро, ки ҷавононаш соҳибилм, соҳибҳунару соҳибэҳтиром ва дар маркази дастгириҳо қарор дошта бошанд, ояндаи неку пурсамар миллату давлатро интизор аст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид карданд: “Ҷавонон неруи созанда ва ҳимоятгари марзу буми кишварамон мебошанд. Мо бо ҷавонони худ ифтихор мекунем”. 
Барои мо, гирандагони стипендияи президентӣ ва хонандагон боиси хушҳолист, ки сол то сол сатҳу сифати таълим хуб гардида истодааст. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол шукрона аз он мекунем, ки дар чунин осмони софу беғубор умр ба сар мебарем. Мо бояд дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллии хеш устувор бошем. Чуноне Пешвои миллат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд. Мо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумӯи он ҳамеша омода бошем.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2023    №: 12    Мутолиа карданд: 716
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед