иҷтимоиёт
БАРНОМАСОЗӢ. МУСОҲИБАИ ИХТИСОСӢ БО АБДУНАБӢ ҚОСИМОВ
Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Технологияи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан рушд мекунад. Чун дар асри пешрафти технологӣ зиндагӣ мекунем, табиист, ки ҷавонон ба фанновариҳои технологии муосир афзалият медиҳанд ва аксари онҳо кӯшиши барномасоз шуданро доранд. То куҷо онҳо дар ин самт муваффақ ҳастанд, раванди таълиму тадриси барномасозон чӣ гуна сурат мегирад ва он алҳол дар кадом сатҳ қарор дорад? Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо хабарнигори “Ҷумҳурият” бо устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Абдунабӣ Қосимов ҳамсуҳбат шуд.
– Устод, нахуст мегуфтед, талабот нисбат ба омӯзиши барномасозӣ дар кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар Паёми соли гузаштаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии зеҳни сунъиро эълон карда, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, то ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияи муосир ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии мамлакат онро татбиқ намояд. Аз ин бармеояд, ки рушди неруи зеҳнӣ ва зеҳни сунъӣ дар оянда гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад.
Дар ин асос талаботи мардум нисбат ба барномасоз шудан зиёд мебошад. Донишҷӯёни факултет ҳатто талаб мекунанд, то бо онҳо дарсҳои иловагӣ гузарам. Технология бо суръати кайҳонӣ рушд карда истодааст ва дар ин асос донишҳои барномасозӣ ҳам. Ҳоло забонҳои нав пайдо шудаанд. Мисол pyton, golent, ctt. Ба роҳ мондани стратегияи зеҳни сунъӣ бошад, ба рушди технологияи муосир, аз ҷумла роботатехника, автоматизатсияи корхонаву ташкилотҳо мусоидат мекунад.
Азизҷон Азимӣ, бунёдгузори Академияи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «TajRupt» мебошад. Ман ифтихор аз чунин ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар мекунам, ки ташаббусҳои хайрхоҳона доранду ба пешрафти мамлакат замина мегузоранд. Ташкилоти номбурда аз соли 2021 фаъолият дорад, ки дар он ҷо барномаҳои зеҳни сунъӣ омӯзонда мешаванд.
– Чуноне ки мо огоҳ ҳастем, соли 2018 беҳтарин барномасози сол эълон шуда будед. Мехостам аз таҷрибаҳои кории худ ва дастовардҳои шогирдонатон суҳбатро идома бидиҳем.
– Соли 2018 дар асоси кори илмии худ ба сохтани комплекси барномаҳои муайян кардани муаллифи матн пардохтам ва барномаеро сохтам, ки метавонад дилхоҳ муаллифи матнро муайян созад. Солҳои 2017- 2018 дар асоси кори докториам ба барномаҳои классификатсияи матн машғул шудам. Дар натиҷа барномаеро сохтам, ки метавонад матни додашударо ба синфҳо аз рӯи забон, муаллиф ҷудо карда, нусхаи аслии матни тарҷумакардаро ёбад. Инчунин, крассворди забони тоҷикӣ сохтаам, ки иқтидори автоматӣ сохтани крассвордро дорад. Транскриптори забони тоҷикӣ сохтаам, ки метавонад хониши дилхоҳ матни воридкардашударо нишон диҳад. Ба барномаи мазкур қариб 100 забон ворид карда шудааст, ки имконияти хуб барои талаффуз кардани вожаву калимаҳои матнро медиҳад.
Ин ҳама дастовардҳои илмии худро ман дар шакли мақола навишта, ба давлатҳои Англия, Дания, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон ва Россия барои муаррифии худ ва донишгоҳ дар хориҷи кишвар фиристодаам.
Ман шогирдони худро ҳам дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе дорам. Соли 2021 шогирдам Наҷмиддин Саидов дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ба ҳайси барномасоз сазовори ҷойи сеюм гашт. Шогирди дигарам Рамзёр Назаров дар озмуни "Ҷоми академия" ҷойи дуюмро сазовор гардид, ки озмуни мазкур аз тарафи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуда буд. Фикр мекунам, ғолибияти ин шогирдон дар он буд, ки донишҳои барномасозии ҳам амалӣ ва ҳам назариявӣ доштанд. Онҳо беш аз 10 забони барномасозиро аз худ кардаанд ва вобаста ба масъалаи гузошташуда метавонанд барномаи онро тайёр намоянд. Соли гузашта шогирдонам дар Озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи барномасозӣ иштирок карда буданд. Ният дорем, ки аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ низ ширкат варзем. Масалан, Шамсиддин Саидов як барнома сохта истодааст, ки он қобилияти овозро ба матн табдил додан дорад. Ин барномаро бо номи “Коркарди комплекси барномаҳо барои шинохти овоз" дар соли 2021 сохта буд, аммо он танҳо калимаҳои талаффузшударо ба шакли матнӣ мегардонд, ҳоло бошад, ӯ сари барномае кор карда истодааст, ки қобилияти тамоми ҷумлаҳои гуфташударо ба табдили матн дорад.
Соли гузашта, ҳар ду шогирдам дар озмуни байналмилалӣ байни барномасозони Осиёи Миёна, ки дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва бо номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе гузаронида шуда буд, ширкат варзида, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд. Ин ғолибиятро дараҷаи баланд шудани сатҳи касбияти шогирдонам медонам.
– Ба фикри шумо сабаби чист, ки ихтисоси барномасозиро донишҷӯён кам интихоб мекунанд?
– Яке аз мушкилиҳое, ки ба раванди омода кардани барномасозон душворӣ ба бор меорад, набудани донишҳои ибтидоист. Яъне, вақте донишҷӯ ба донишгоҳи мо меояд, ӯ бояд донишҳои ибтидоии худро баҳри омӯхтани донишҳои нав, ки нисбатан мураккабтаранд, истифода кунад. Ба чунин ҳолат бисёр рӯ ба рӯ мешавем, ки гувоҳӣ аз камтаҷрибагии муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Мавҷуд набудани таҳкурсӣ ба мутахассиси хуб шудани донишҷӯён халал мерасонад.
Мушкилии дигар кам будани маоши барномасоз дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар илми тиб муайян кардаанд, ки як соати қувваи зеҳнӣ ба 4 соат қувваи физикӣ баробар аст. Барномасоз мантиқан кор карда, яъне қувваи зеҳнӣ сарф мекунад, аз ин рӯ мебояд, ки маоши барномасозон зиёд бошад.
Тавре зикр шуд, талабот ба мутахассисони барномасоз зиёд мебошад ва тамоми барномасозон тариқи онлайн кори худро дар хориҷа ба роҳ мемонанд. Чунин реҷаи корӣ гарчанде кори барномасозонро осон гардонад, аммо сабабгори то охир дар донишгоҳ таҳсил накардани донишҷӯён ва кам шудани мутахассисони барномасози ватанӣ мегардад.
Инчунин, омӯзиши барномасозӣ низ самтҳои худро дорад, аммо мутаассифона, дар баъзе аз макотиби олии кишвар омӯзиши донишҷӯёнро ба самтҳо ҷудо намекунанд. Дар донишгоҳи мо донишҷӯён дар ҳама самтҳои барномасозӣ омода карда мешаванд. Омӯзондани барномасозон дар як самт сабаби кор наёфтани онҳо дар ҳар коргоҳу ташкилот мегардад.
– Барои рушди барномасозӣ дар кишвар чӣ нақшаҳо доред?
Дар вобастагӣ ба омӯзиши "зеҳни сунъӣ" мехоҳам барномаеро таълиф кунам, то тавонад муайянкунандаи муаллифи тамоми барномаҳои сохташуда гардад. Омода сохтани чунин барнома имконияти пешгирӣ намудани барномадуздӣ дар байни барномасозон ва муайян кардани хакерони компютершиканро фароҳам меорад.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2023 №: 12 Мутолиа карданд: 727