Хабарҳо
ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва соҳибкори созанда аз шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов аз мавзеи сохтмони бинои кӯдакистони № 2-и шаҳри Хоруғ боздид ба амал оварданд. Сохтмони бинои мазкур дар доираи вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, бунёди иншоотро соҳибкор, намояндаи Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба зимма дорад.
Зимни боздид роҳбари вилоят ва соҳибкор М. Муродовро раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бинои кӯдакистони мазкур соли 1976 бунёд гардида, бо мурури замон ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо кардааст.
Роҳбари вилоят зимни шиносоӣ бо вазъи кӯдакистони маҳаллаи Тирчид таъкид кард, ки ҳамасола Ҳукумати кишвар барои бунёд ва навсозии муассисаҳои томактабӣ маблағҳои зиёдеро ихтисос медиҳад. Феълан, соҳаи иҷтимоӣ, бахусус маориф, дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба гуфтаи раис, Тирчид дар байни маҳаллаҳои шаҳр сернуфузтарин ба ҳисоб рафта, бо назардошти фарсуда шудани бинои кӯдакистони маҳалла, зарурати сохтмони бинои нави он ба миён омадааст. Айни ҳол, дар ин муассиса 70 кӯдак, вале дар оянда 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки бинои нави муассиса бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо ашёҳои муосири таълиму тарбия таъмин гардад. Ин кор бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз ҷониби соҳибкори созандаи шаҳри Душанбе, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов пиёда мешавад. Иншооти мазкур то Ҷашни 35‐солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.
Раиси вилоят ба вазъи омодагии муассиса ба мавсими зимистонгузаронии ҷорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии раиси шаҳри Хоруғ ҷиҳати омода намудани муассиса ба давраи тирамоҳу зимистон дар давоми сол қариб 70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, айни ҳол он бо сӯзишворӣ пурра таъмин аст. Дар кӯдакистони № 2-и шаҳри Хоруғ ҳоло 29 нафар корманд кору фаъолият дорад. Бо ба кор андохтани бинои нави кӯдакистон дар ин ҷо қариб 50 мураббияи боихтисос соҳиби ҷойи кор мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 13099