logo

ҳуқуқ

СУҒУРТАИ ТИББӢ. ЧАРО АМАЛИ ҚОНУН ДАР ИН БОРА БОЗ МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД?


Муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (18 июни соли 2008, 4 боб, 22 модда) бори панҷум тамдид гардид. Бояд Қонун аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор мегирифт, аммо бо сабаби дар сатҳи нисбатан паст қарор доштани шуғли аҳолӣ, маблағи суғуртаи тиббӣ, ки ба нишондиҳандаи андоз аз даромади аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад, норасоии маблағҳои буҷетӣ барои пардохти ҳаҷми хизматрасонии тиббӣ ба гурӯҳҳои имтиёзнок ва бекорон аз буҷети давлатӣ Қонуни мазкур чор маротиба (солҳои 2010, 2014, 2017 ва 2022) мавқуф гузошта шуд. 
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар заминаи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ сол ба сол буҷети соҳа зиёд гардида, соли 2022 ба 2 миллиарду 882 миллион сомонӣ расид. Он 2,8 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 8,6 дарсад аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 бамаротиб зиёд гардидааст. Зиёд шудани маблағгузорӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳ ва сифати ташхису табобати беморон дар қиёс ба солҳои қабл беҳтар гардад. 
Мутобиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти маблағгузории соҳа идома дорад. Бо ин мақсад, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузашта, дар 31 шаҳру ноҳия «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ» амалӣ шудааст. Инчунин, дар муассисаҳои КАТС-и 16 шаҳру ноҳия маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият ва дар муассисаҳои хадамоти бистарикунонии се ноҳия ба таври таҷрибавӣ маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат оғоз гашт. Мақсади асосии татбиқи тартиби мазкур кам намудани сарбории буҷет, аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ, ҳавасмандгардонии кормандон, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳо мебошад.
 
ХУЛОСАҲОИ МАҚОМОТҲО ДАР ИН БОРА
Ба гуфтаи муовини якуми вазири тандурустӣ, аз аввали соли 2022 барои баррасии суғуртаи тиббӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Маркази миллии қонунгузорӣ таъсис ёфт. Дар давоми фаъолияти гурӯҳи корӣ вазорату идораҳо хулосаҳояшонро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод намудааст, ки маблағи ҳаққи суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби корфармо (буҷет), Вазорати мудофиа пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пардохт шавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо татбиқи Қонунро мувофиқи мақсад медонад. Вале Кумитаи андоз аз ҳисоби зиёд намудани меъёри андозҳо ташаккул додани фонди суғуртаи тиббиро қобили дастгирӣ надонистааст. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод намудааст, ки айни замон дар кишвар барои гузариши пурра ба низоми суғуртаи тиббӣ шароити мусоид мавҷуд набуда, барои ҷорӣ кардани низоми ин навъи суғурта аввал бояд шароит фароҳам оварда шуда, талаботи дахлдори иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ ба назар гирифта шавад.
Тибқи хулосаи Вазорати молия, дар ҳолати аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ пардохт намудани ҳаққи суғуртаи тиббӣ эҳтимолияти кам шудани даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дошта, норасоии мазкур боиси иҷро нагардидани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ мегардад.
Маркази миллии қонунгузорӣ пешниҳод намудааст, ки бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016), қабули Кодекси тандурустӣ ва Кодекси меҳнат, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҷдиди назар намудани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи мақсад мебошад.
 
ТАҶРИБАИ ДИГАР КИШВАРҲО
Тавре дар боло гуфтем, ҳоло буҷети соҳаи тандурустии кишвар 2,8 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ буда, гузашта аз ин дар маҳалҳо 80-90 дарсади онро музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад. Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон доданд, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на кам аз 4 то 6 дарсади ММД-ро ташкил диҳад. Ин нишондиҳанда дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон 4,4, Қирғизистон (4,2), Туркия (4,5), Молдова (5,6), Лаҳистон (5,7), Эстония (5,9) ва Ӯзбекистон 3,5 дарсаданд. 
- Ҷиҳати суғурта кардани гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ, ки теъдодашон тақрибан 30-35 фоизи сокинонро (бе назардошти бекорон) дар бар мегирад, бояд аъзоҳаққии суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт шавад. Инчунин, ҳангоми гузаштан ба суғуртаи тиббӣ бояд дар тамоми мамлакат механизми низоми ягонаи феҳристи электронии маълумотии шаҳрвандон бо хусусияти хоси талаботи суғуртакунонӣ таъмин гардида, низоми ягонаи хариди давлатӣ фаъол бошад. Бинобар ин, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2022 муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тамдид шуд, - иброз дошт Ғафур Муҳсинзода. 
Дар суҳбат Сайдалӣ Ҳафизов, муовини сардори раёсати иқтисоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, ки муҳлати амали қонун то 1 январи соли 2025 тамдид карда шуд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2023    №: 12    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед