logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ҲАДАФҲОИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ, ИҚЛИМ ВА ЭКОЛОГИЯ

 
Мусаллам аст, ки рӯз ба рӯз бештар ва мураккаб гардидани буҳронҳои глобалии экологӣ ҳаёт ва фаъолияти инсонро зери хатар гузоштааст. Бархе аз мушкилоти экологӣ хусусияти даврӣ дошта бошанд ҳам, вале раванди афзоиш ва буҳронии онҳо зери таъсири фаъолияти инсон тамоюли бесобиқа касб кардааст. Бинобар ин, пажӯҳиши сабабҳои пайдоиш ва пайомадҳои манфии буҳронҳои глобалии экологӣ, инчунин, адешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани шиддати онҳо ва мутобиқнамоии соҳаҳои фаъолияти инсон ба ин мушкилот аз масоили меҳварии илми муосир маҳсуб мешавад. Зеро мушкилоти глобалии экологӣ, ки дар интиҳои асри XX ва ибтидои садаи XXI падид омадаанд, тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсонро фаро гирифта, ҳатто ба муносибатҳои сиёсию геополитикӣ таъсири амиқ мерасонанд.
 
Яке аз мушкилоти глобалии экологӣ тағйирёбии иқлим мебошад, ки айни замон аз бузургтарин таҳдидҳо ба организмҳои зинда маҳсуб ёфта, дастрасии инсонро ба захираҳои табиӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Далелу мушоҳидаҳои илмӣ ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба раванди гардиши об дар табиат таъсири амиқ расонда, таъмини оби нӯшокиро коҳиш медиҳанд, талабот ба обро бештар мегардонад, ба паст шудани сифати об мусоидат мекунад, коҳишёбиву норасоии обро дар гӯшаю канори кураи Замин суръат мебахшад ва рушди устуворро халалдор менамояд. Инчунин, ба таври номутаносиб ба ҷамоатҳои камбизоату осебпазир душвории бештар меорад, ки он дар навбати худ ба вусъат ёфтани мушкилоти дигаре, аз қабили афзоиши демографӣ, муҳоҷирати экологӣ, тағйирёбии истифодаи замин, вайроншавии қабати болоии хок, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, таназзули экосистемаҳо ва нобудшавии гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо раванди афзоиши ҳарорати ҳаво ё гармшавии глобалии иқлим дар тамоми манотиқи кураи  Замин ба назар мерасад, вале тамоюли мазкур вобаста ба мавқеи географии сайёра тағйирёбанда ва нобаробар сурат мегирад: баъзе ноҳияҳо хушксолии шадидро аз сар мегузаронанд, дар баъзе минтақаҳо зуд-зуд ба вуҷуд омадани обхезию тӯфонҳо мушоҳида мешавад ва дар баъзе манотиқ якбора якчанд ҳодисаҳои шадиди гидрометеорологӣ ба амал меоянд. Зеро давоми солҳои охир миқдори обхезӣ, тӯфонҳо, гармиҳои аз меъёр зиёд, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои марбут ба тағйирёбии шадиди бузургиҳои метеорологӣ беш аз 90 дарсади офатҳои бузурги табииро ташкил медиҳанд ва интизор меравад, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим басомад ва шиддатнокии чунин ҳодисаҳо боз афзоиш меёбад. Мисол, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, аз соли 1980 инҷониб, хатари умумии беморӣ ё фавт бар асари гармшавии иқлим пайваста афзуда, ҳоло тақрибан 30 дарсад аҳолии ҷаҳон дар шароитҳои иқлимие зиндагӣ мекунанд, ки соле то 20 рӯз ҳарорати марговарро аз сар мегузаронанд. 
Дар баробари ин, талаботи афзоянда ба об дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ дар шароити тағйирёбии иқлим тадриҷан дар-ёфти усулҳои мутобиқшавиро ба ин раванд ва пайдо намудани имконоти дастрасӣ ба манбаъҳои обро, бахусус дар он минтақаҳое, ки, аллакай, ба норасоии шадиди об дучор шудаанд, боз ҳам мушкил месозад. Дар ин маврид, яке аз таъсироти манфии тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он муҳоҷирати аҳолӣ (экологӣ, иҷборӣ) мебошад, ки аксарияти ин ҳаракатҳо табиати дохилӣ дошта, ба рушди ногаҳонии ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво алоқаманданд. Масалан, соли 2016-ум 23,5 миллион нафар аҳолӣ бар асари офатҳои табиии хусусияти иқлимидошта муҳоҷир гардид.
Аз ин ҷо равшан аст ва далелҳо низ нишон медиҳанд, ки қисми зиёди офатҳои табиӣ марбут ба обу иқлим мебошанд ва бо мақсади коҳиш додани хатари ин офатҳо зимни Конференсияи сеюми ҷаҳонӣ дар шаҳри Сендай (Ҷопон, 18.03.2015) “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур натиҷаи музокираҳои сесола буда, 7 ҳадаф ва 4 афзалияти амал оид ба коҳиш додани басомад ва таъсири хатари офатҳои марбут ба обу иқлимро фаро мегирад. Тавъам ба ин ҳадафу афзалиятҳо, барномаи мазкур даъват ба амал меорад, ки баҳри баланд бардоштани огоҳӣ механизмҳои глобалии ҳалли мушкилоти гидрометеорологӣ таҳким ёбанд ва барои беҳтар кардани фаҳмиши хатари офатҳои марбут ба об ва таъсири онҳо ба татбиқи стратегияҳои коҳиши ин хатарҳо мусоидат намоянд.
Дар ин замина, қисми аъзами кишварҳои ҷаҳон барои аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои камбизоатӣ, гуруснагӣ, мубориза бо нобаробарӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ соли 2015 барномаеро таҳти унвони «Тағйири ҷаҳони мо: Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» қабул карданд. Мувофиқи барномаи фавқ Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) 17 ҳадафи глобалии ба ҳам алоқамандро дар бар гирифта, мувозинати се ҷузъи асосии рушди устувор – иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро таъмин менамоянд. Аз ҷумла, ҳадафҳое чун таъмини мавҷудият ва истифодаи устувори захираҳои об ва санитария барои ҳамагон (ҳадафи 6), таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои энергияи арзон, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама (7), қабули тадбирҳои саривақтӣ баҳри мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он (13), ҳифз ва истифодаи оқилонаи уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираҳои баҳр бо мақсади рушди устувор (14) ва ҳифз, барқарорнамоии экосистемаҳои хушкӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо, истифодаи самараноки ҷангал, мубориза бо биёбоншавӣ, нигоҳдорӣ ва барҳам додани таназзули замин ва боздории нобудшавии гуногунии биологӣ (17) бевосита ба масоили об ва иқлим марбут буда, махсусан, ҳадафҳои 6 ва 13 намунаҳои бармалои алоқамандии мушкилоти обу иқлим маҳсуб меёбанд. Бо назардошти он, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об (коҳишёбии пиряхҳо, обхезӣ, камобӣ, тӯфон, хушксолӣ ва ғайра) ба таври равшан мушоҳида мешавад, бисёре аз  тадбирҳои коҳишдиҳӣ ва мутобиқсозӣ фаъо-лияти мақсадноки барномаҳои болозикрро дар сатҳҳои гуногун таъмин менамоянд.
Мушоҳидаҳои бисёрсола шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути тағйирот ва оқибатҳои гидрологӣ таъсири бештари буҳронҳои иқлимиро эҳсос менамояд. Ба андешаи мутахассисони гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ), хатари тағйирёбии иқлим вобаста ба оби нӯшокӣ бо зиёдшавии консентратсияи газҳои гулхонаӣ ба таври назаррас меафзояд. Мувофиқи гузориши махсуси ГКБТИ оид ба  Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи милии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. Яке аз вазифаҳои меҳварие, ки Сарвари давлат зимни таъсиси Маркази мазкур гузоштанд, ин дар асоси тадқиқоти бунёдӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ дақиқ муайян кардани миқдор, масоҳат, ҳаҷм ва раванди коҳишёбии пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.
 Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи таназзулёбии пиряхҳо, се ташаббуси муҳимеро, ки ба масоили пиряхҳо марбутанд, яъне соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуданд. Хушбахтона, ин ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар соҳаи об 14 декабри соли равон  аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона бо қабули қатънома тасдиқ карда шуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо элон гардид ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома СММ таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Албатта, иқдомҳои навбатӣ идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Пешвои миллат буда, онҳоро дар самти расидан ба ҲРУ тақвият мебахшанд.  
Ҳамин тавр, ҳар як ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси арзишшиносии воқеӣ ва заминаҳои амалӣ падид омада, баҳри бартараф намудани як ё якчанд мушкилоти мавҷудаи глобалӣ роҳи ҳалли дақиқеро нишон медиҳад ва дар худ ҳадафҳои меҳвариеро таҷассум менамояд.  
 
 
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 618
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед