сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСҲОЕ, КИ НУФУЗИ ТОҶИКИСТОНРО МЕАФЗОЯНД
– Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Ин нукоти ифтихорафзоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд. Бешак, якдилона қабул гаштани ташаббуси навбатии Тоҷикистон бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид муҳимияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр шудааст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам гардида, миқдору маҷрои мавсимӣ ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Доир ба ин ташаббус ҳанӯз 3 марти соли 2021 Пешвои миллат дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим (видеоконфронс) бо овардани далелҳои илман асоснокшуда таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия, ҳамзамон, тағйироти ҷиддии пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Инчунин, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тули чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.
Итминони комил дорем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат нуфузу эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи байналмилалӣ рушди устувору иқтисоди сабз ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.
Хуршедулло КАМОЛОВ,
устоди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2023 №: 13 Мутолиа карданд: 785